logo

фарҳанг

ҒОЛИБИ ДУКАРАТАИ ОЗМУНҲОИ «ҶУМҲУРИЯТ» УЗВИ ИЖТ ШУД

Чанде пеш ғолиби дукаратаи озмунҳои байналмилалии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», як тан аз фаъолони илму фарҳанги шаҳри Самарқанд Амина Шарофиддинова ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуд.
 
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи узвиятро ба ӯ раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода супурд. Ба ин муносибат дар студияи «Фонус – минбари андеша» – и  рӯзнома вохӯрии Амина Шарофиддинова бо як гурӯҳ рӯзноманигорони ҷавон баргузор гардид.
– Мо шод аз онем, ки дар чор соли охир муносибатҳои дӯстона, бахусус робитаҳои адабиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба сатҳи сифатан нав расид. Аз ҷумла, журналистони ҷавону солор, борҳо аз кишварҳои ҳамдигар дидан ба амал оварда, барои ошноии бештари ҷомеа аз муҳити эҷодиву фарҳангии миллатҳо хидмат карданд. ИЖТ танҳо ҳамин сол се журналисти самарқандиро ба узвият пазируфт, ки Амина Шарофиддинова дар ин шуморанд. Мо бо осори чопӣ, мақолаҳо ва китобҳои бону ошно шудем ва бовар дорем, ки оянда бо қалами созанда дар таҳкими дӯстиву рафоқати халқҳо боз ҳам мусоидат мекунанд, – гуфт Зинатулло Исмоилзода.
Ба гуфтаи раиси ИЖТ, моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ сафари мутақобилан судманди рӯзноманигорони ҳар ду кишвар дар назар аст.
Шодиву фараҳи Аминабонуро ҳадду канор набуд. Дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад. Дар рафти суҳбат бо хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» ин ҳарфҳои самимиро изҳор дошт: «Дӯстон, бовар кунед, чанд сол пеш дар хобу хаёламон намегунҷид, ки чунин рӯзҳои пурнишот фаро мерасанд. Нахуст, барои ин ҳама равуо, меҳру муҳаббат, сулҳу сафо ба роҳбарони ду кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ташаккур мегӯям. Баъдан, ба сардабири рӯзномаи овозадори «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ва тими соҳибқаламашон сипосгузории махсус арз мекунам. Маҳз озмунҳои муфид ва муҳити созандаи рӯзнома имконият фароҳам оварданд, ки маводу матлабҳои хурду бузурги мо дар саҳифаҳои ҷарида нашр ва қадр шаванд. Ин ҳама замина гузошт, то ба узвияти ИЖТ пешниҳод шавем».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2018 ба аҳли қалам арҷ гузошта, муносибати адабиву эҷодии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро маншаи дӯстии ду халқ арзёбӣ карда буданд.
Бино ба гуфтаи Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, сардори шуъбаи фарҳанги рӯзнома, дӯстиро сарварони ду мамлакат асос гузоштанд ва инкишофу таҳкими он бар дӯши аҳли зиёст. Махсусан, журналистоне мисли Амина Шарофиддинова, ки як умр қалам дар даст доштаанд, метавонанд дилу дидаи халқҳои тоҷику ӯзбекро ба ҳамдигар боз ҳам гармтар намоянд, тафаккури ҷомеаро бо ғояҳои сулҳу салоҳ ва созандагӣ пур кунанд.
Ёдовар бояд шавем, ки Амина Шарофиддинова бо армуғони тоза аз Самарқанд омаданд. Дар даст аввалин нусхаҳои китоби навашон – «Дар ҳасрати фаҳми дуруст» чашмҳоро нур бахшиданд. Китоби мазкур мақолаҳои дар 20 соли охир навиштаи муаллифро фаро гирифта, бисёр муассир ва саривақтӣ иншо шудаанд.
Дар шиносномаи китоби «Дар ҳасрати фаҳми дуруст» омадааст: «Ин китоб як силсила мақолаҳои Амина Шарофиддинова, Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон, муаллифи китоби “Забони тоҷикӣ” (синфи 7) барои тоҷикони Ӯзбекистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, омӯзгор ва қаламкаши хушноми Самарқандро фаро мегирад. Матлабҳои маҷмуа пештар дар матбуоти даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон нашр шудаанд ва бори аввал дар як китоб гулчин мешаванд. Муаллиф, пеш аз ҳама, дар дифои ҳақиқат, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик хома меронад.
Муҳимтарин ҳадафи китоб пос доштани забону фарҳанги тоҷикони Ӯзбекистон ва ваҳдату якмаромии ин қишри бузург аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2022    №: 173    Мутолиа карданд: 1094
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед