logo

иқтисод

ШАҲРИТУС. МАСИРИ НАВИ РУШД

Ноҳияи Шаҳритус дар партави сиёсати дурандешонаи иқтисодию иҷтимоие, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳандозӣ кардаанд ва, ҳамзамон, аз заҳмати софдилонаи роҳбарон, мутахассисони соҳаҳои гуногун ва мардуми шарифаш сол ба сол ободтару зеботар мешавад, аз бисёр ҷиҳат ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст, – иброз дошт зимни суҳбат Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия. 
 
БЕШ АЗ 150 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ОБОДОНӢ
 
Яке аз санадҳои муҳиме, ки боиси даст ёфтан ба ободкориҳои бештар гардид, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025 мебошад. 
Барнома аз 94 лоиҳа иборат буда, харҷи 151 миллиону 589 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст. Барои иҷрои он аз тамоми сарчашмаҳои дохилӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид истифода мешавад. То ин муддат дар соҳаҳои кишоварзӣ 10 лоиҳа, саноат – 6,  сохтмон – 10,  маориф – 14, соҳаи тандурустӣ – 12, фарҳанг – 6, сайёҳӣ ва варзиш – 12, хоҷагии манзилию коммуналӣ – 4, барқтаъминкунӣ – 10, нақлиёт ва хоҷагии роҳ – 5 ва ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 3 лоиҳа амалӣ гардидааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2022 аз 94 лоиҳаи пешбинишуда 38 лоиҳа ба маблағи 54 миллиону 419 ҳазору 92 сомонӣ иҷро шуд.
 
САРМОЯГУЗОРИИ ОҚИЛОНА – ОМИЛИ ПЕШРАВӢ
 
Мувофиқи маълумоти бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия, дар Шаҳритус ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаёт татбиқ мегардад, ки  маблағи умумии азхудшуда 2,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал”, “Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш”, “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳлили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ”,  “Рушди  иқтисодиёти деҳот”, “Мустаҳкам  намудани  инфрасохтори  муҳим ҷиҳати   таъмини  устуворӣ зидди хатарҳои тиббӣ ”ва лоиҳаи “Фавқулода бар зидди  бемории  COVID – 19”. Натиҷаи азхудкунии лоиҳаҳо ва дигар маблағгузориҳо буд, ки   дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90 миллиону 884 ҳазору 700 сомонӣ расид. Ин нишондод бо нархҳои муқоисавӣ 122,1 дарсадро нисбат ба соли гузашта ташкил медиҳад. Баҳри таъмини бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти хушсифат дар ин давра 564 тонна биринҷ, 7  ҳазору 899,5 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ (112,9 дарсад), 2 миллиону 626 ҳазору 140 дона хишти сементӣ (105,6 дарсад)  ва 1 ҳазору 588,3 тонна гӯшт (100,1 фоиз бо вазни зинда) истеҳсол шудааст.
 
БУНЁДКОРИҲО ЗИЁДАНД
 
Анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва меъморӣ баҳри бо туҳфаҳои арзанда пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар ноҳияи Шаҳритус, балки дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият ба ҳисоб рафта, дар доираи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол дар Ватани азизамон биною иншооти назаррабо ва аз ҷиҳати сифат ҷавобгӯ ба талаботи муосир қомат меафрозанд.
Бахшида ба ин Ҷашни азими миллӣ, яъне 35-умин солгарди  Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритус бунёди 327 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 34 ададаш коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ мебошад. Ин, албатта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ: Саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои 2022-2026: Солҳои рушди саноат мусоидат мекунад. Аз шумораи умумии иншооти зикршуда 21-тои он, аллакай, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.  
 Айни ҳол эъмори биноҳои истиқоматӣ, маъмурию маишӣ, таълимӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ дар авҷ аст. Ба ин сохтмони Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоӣ, сехи дӯзандагӣ, сартарошхона ва дорухона дар деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, ҳаммом, муассисаи томактабӣ барои 50 кат дар деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, маҷмаи хизматрасонии варзишӣ – фароғатии сеошёна дар деҳоти Обшорон, таъмири роҳҳои ҳудуди ноҳия, бинои таълимии рақами 11 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Лолазори деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, бинои муассисаҳои таълимии рақами 14 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Султонобод ва рақами 18 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Устокорони деҳоти Пахтаобод, маҷмааи хизматрасонӣ, майдончаи варзиш, мағозаи сеошёна дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Шаҳритус ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.
Бо мақсади истиқбол аз 31-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд. Чунончи, анбор барои нигоҳдории маводи хоҷагии халқ дар деҳаи Ҷ. Деҳқони деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, мағоза дар шаҳраки Шаҳритус, дарвозаи тақсимоти об дар наҳри Сайёд, коргоҳҳои сементбарорӣ дар деҳаҳои Лолазор ва Сайёд, насби ду трансформатор ва бунёди ду синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Гулистон, дорухона дар шаҳраки Шаҳритус, майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи Янгиобод, коргоҳи қаннодӣ, коркарди гандум ва шолӣ дар деҳоти ба номи Ҷ. Назаров ва ҳоказо. Мушаххасан, то имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 21-тои онҳо ба истифода дода шуда, 61 ҷойи нави кор муҳайё гардид.  
ЧАШМАНДОЗЕ БА НАТИҶАИ ЗАҲМАТИ КИШОВАРЗОН ВА МИРОБҲО
 
Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 443 миллиону 657 ҳазору 400 сомониро ташкил дод (106,4%), ки дар қиёс ба шаш моҳи соли гузашта 27  миллиону 795 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, 1588,3 тонна гӯшт, 1 миллиону 552 ҳазору 500 дона тухми мурғ ва 6185,1 тонна шир ба фурӯш рафт. 
Ҳолати мелиоративии 270 гектар замини корами обии хоҷагиҳои деҳқонӣ бинобар сабаби баландшавии оби зеризаминӣ ва шӯршавии таркиби хок беҳбудиро талаб мекард ва дар ҳамин росто аз ҷониби идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 38 километр шабакаҳои обёрӣ, 95 ҳазор метри мураббаъ ба дарозии 25 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд, 21 иншооти гидротехникӣ, 26 таҷҳизоти обченкунӣ ва 8 дастгоҳи обкашӣ аз таъмир баромаданд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2022    №: 173    Мутолиа карданд: 992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед