Хабарҳо
"КӮЛОБ - 2022". ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДӢ
Муаррифии зарфиятҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва кишоварзии вилояти Хатлон, инчунин, ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин самт барои фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни баргузори Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб – 2022" таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Дар Форум беш аз 300 нафар, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои Чин, Эрон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Корея, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Туркия ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ширкат карданд.
Баъд аз баргузории намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии вилоят, форумро Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳусни оғоз бахшид. Раиси вилоят доир ба имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақаи Кӯлоб, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорону соҳибкорон ва самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ба ҳозирон маълумот дод.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода, вазири нақлиёт Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, чанде аз сармоягузорону соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва коршиносони иқтисодӣ дар бораи имтиёзҳои давлатӣ барои дастгирии соҳибкорон, рушди тиҷорат, содагардонии барасмиятдарорӣ, самтҳои афзали ҳамкориҳои тиҷоратӣ, тақвиятбахшии лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкориҳои муштараки тиҷоратӣ сухан ронданд.
Роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Мунео Такасака зикр намуд, ки Агентӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷайҳун чанд лоиҳаро бо маблағҳои бузург роҳандозӣ намудааст.
Аз ҷумла, Агентӣ лоиҳаи таъмиру навсозии қариб 10 километр роҳро, ки ҷануби кишварро бо қисмати боқимондаи он пайваст мекунад, амалӣ месозад. Роҳ аз духата ба чорхата табдил ёфта, дар канорҳои роҳ аз ду тараф роҳи пиёдагард сохта мешавад. Ба лоиҳа 22 шаҳрванди хориҷӣ ва зиёда аз 200 сокини маҳаллӣ ҷалб шудааст. Ин масири навбунёд моҳи декабри соли 2024 ба истифода дода мешавад.
Сипас, зимни ҳамоиш дар се панел: "Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 Солҳои рушди саноат", "Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон" ва "Дастгирии соҳаи кишоварзӣ - заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа" идома ёфт.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2833