logo

Хабарҳо

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ба чемпиони ҷаҳон

 
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавон, дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштӣ”-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралиро ба ҳузур пазируфта, ҳамчун нишони қадрдонӣ ба мавсуф калиди хонаи дуҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуд. 
Хотиррасон менамоем, ки Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон   оид ба гӯштии дзюдо байни ҷавонон (7 – 12-уми август, шаҳри Гуайкили Эквадор) миёни 373 варзишгар аз 63 давлат дар вазни 66 кг ҳарифони худро шикаст дода, унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардид. 
Раиси шаҳр иброз намуд, ки ҷавонони банангу номус муаррифгар ва номбардори Ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат қарор доранд.
 
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ
Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Бо даъвати вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба Москва сафар кард.
 Дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои Вазорат, вазирони корҳои хориҷӣ масъалаи омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Россия Владимир Путин ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Инчунин, масъалаи омодагиҳо ба Форуми сармоягузории «Тоҷикистон – Россия», ки қарор аст 15 сентябр дар Душанбе баргузор шавад, матраҳ гашт.
Мувофиқа шуд, ки минбаъд низ ба сохторҳои дахлдори ду мамлакат дар ҳалли фаврии ҳамаи масъалаҳои мубрами муҳоҷират мусоидат кунанд.
Ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи амният, бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунии Афғонистон, диққати махсус дода шуд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Россия барои солҳои 2022 – 2023 ба имзо расид.
 
 
Таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Боку
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар шаҳри Боку чорабинӣ бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатии кишвари иқомат, сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар сухан ронд.
 
 
Вохӯрӣ бо роҳбар ва аъзои Фонди “Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ”
Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари Фонди “Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ”-и Бонки исломии рушд Валид Аддас, аъзову мутасаддиёни Фонд ва директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ вохӯрд.
Завқӣ Завқизода зикр кард, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 4,6 маротиба афзуд. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шуд.
Фонди “Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ” соли 2016 таъсис ёфтааст ва айни замон ба 33 кишвари аъзои Бонки исломии рушд хизмат расонда, дар Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо маблағи 27 миллион доллари ИМА татбиқ менамояд.
 
 
Варзишгарон бо унвону мукофотпулӣ  қадр гардиданд
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зимни маросими тантанавӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ, ҷоизадорони Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ ва мураббиёнро қадр намуд. 
Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, аз ҷумла чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ бо 10 000 сомонӣ ва мураббияш Фаррух Собиров 5000 сомонӣ сарфароз гаштанд. Инчунин, ба Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон дода шуд.
Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Абдулло Раҳмонзода гуфт, ки заҳмати варзишгарон ҳеҷ вақт аз мадди назар дур намемонад ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста онҳоро қадр хоҳад кард. Хусусан, аз соли 2015 инҷониб варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, бо Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон сарфароз мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3099
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед