logo

Хабарҳо

КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ҚАДР ШУД

Ба ифтихори Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ҷумъазода Фирӯз Раҳмониён бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуд. Мукофоти давлатиро Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.
 
Эмомалӣ Насриддинзода ҳайати кормандони рӯзномаро бо фарорасии Ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» миёни матбуоти кишвар мақому мартабаи хосса дорад. Ин рӯзномаи воқеан ҳам миллӣ аз замони таъсисёбӣ то имрӯз дар пиёда сохтани сиёсати давлату Ҳукумат нақши арзанда дорад. 
- Мо мебинем, ки доираи мавзуъҳои инъикоскунандаи рӯзнома фарох буда, сар карда аз фарҳангу иҷтимоиёт то иқтисоду сиёсатро дар бар мегирад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки дар боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ дар ҷомеа саҳмгузор аст. Басо рамзист, ки дар арафаи ин ҷашни муқаддас корманди рӯзнома бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид, ки боиси ифтихори тамоми кормандони «Ҷумҳурият» мебошад, - гуфт Эмомалӣ Насриддинзода. 
Инчунин, бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатӣ Лашкар Шарифзода, сардори шуъбаи иттилоот, Ташрифулло Саъдуллоев, сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёт ва Маҳмуд Мирзоён, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи рӯзнома барои нашри силсиламақолаҳои таҳлилӣ доир ба мавзуъҳои мухталиф бо ифтихорномаҳои Суди Олии иқтисодӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. 
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2488
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед