logo

иҷтимоиёт

ИТТИФОҚИ КАСАБА ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ ТАШАККУЛ МЕЁБАД

Бояд иқрор ва эътироф кард, ки  дар даҳсолаи аввали Истиқлоли давлатӣ, иттифоқҳои касаба вобаста ба вазъи печида ва мураккаби сиёсӣ натавонист ҳадафҳои худро дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», ки 12 марти соли 1992 қабул гардида буд, роҳандозӣ намояд.
 
Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ парвардаи мактаби иттифоқҳои касаба буд, рисолати бузургеро на танҳо дар таҳкими иттифоқҳои касаба, балки барои ҳамраъйӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳадафҳои аслӣ ва асосии иттифоқҳои касаба мебошанд, хизматҳои шоиста ва мондагореро анҷом доданд.
2 августи соли 2011, дар арафаи таҷлили 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур, таъсиси иттифоқҳои касаба, ҳуқуқу кафолатҳои онҳоро муайян намуда, муносибатҳои иттифоқи касабаро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танзим менамоянд. 
Марҳилаи рушди иттифоқҳои касаба дар таърихи сиву як соли Истиқлоли давлатӣ маҳз аз соли 2011 сифатан оғоз ёфт. Ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияташро пурсамар намуд. Корашро ба талаботи замони истиқлол мувофиқ кард, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешид.
Бузургтарин рӯйдоди муҳими таърихӣ барои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ин мулоқоти Пешвои миллат  бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 24 октябри соли 2019  мебошад.
Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ - Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон ва ба ҷашни якасраи Ташкилоти байналмилалии меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи он мебошад, баргузор гардид.
Зимни мулоқот Пешвои миллат, таъкид доштанд, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.
Бо дастури Пешвои миллат «Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва дигар чорабиниҳои беҳдоштию пешгирикунанда дар корхонаҳо” такмил ва таҳия гардид. Ҳамчунин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» тағйироту иловаҳо ворид гаштанд.
Имсол дар саҳифаҳои дурахшони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки он ҳам ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, бори аввал, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23 декабри соли 2021, №1819, Рӯзи иттифоқҳои касаба 24 октябр таҷлил карда мешавад.
Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба, ҷашнгирии он ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.Зеро  дар ҳамин рӯз, яъне 24 октябри соли 2019, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда таъкид карданд: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ - Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.».
 
Зулҳия НОЗАКЗОДА,
раиси Иттифоқи касабаи кормандони 
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2022    №: 174    Мутолиа карданд: 526
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед