logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ РОҲБАР МАОРИФПАРВАР АСТ...

Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Масъалаи таҳкими истиқлол ва рушди мактабу маориф дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад.  Аз ҷумла, дар суханронии имсолаи  худ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар кишвар Сарвари давлат вазъи кунунии маорифи кишвар, низоми таҳсилот, омода кардани мутахассисони ба  талаботи замон ҷавобгӯ, беҳтар кардани сатҳу сифати омоданамоии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, муҳимияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ барои рушди ояндаи кишвар ва ғайраро муфассал баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи аҳли маорифи кишварро ба як қатор масъалаҳои муҳиму ҳалталаби соҳаҳои мазкур ҷалб намуданд. 
 
Дар суханронии имсолаи Пешвои миллат дар баробари таҳлили рушди соҳаи маориф дар давраи истиқлол  таъкид шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ айни замон, барои рушди соҳаи маориф аз ҳамаи имконияту зарфиятҳои мавҷуда истифода карда истодааст, чунки ояндаи кишвар ва фардои давлат ба наслҳои худогоҳу ватандӯст, бо илму дониш ва соҳибмаърифату тавоно ниёз дорад. Сардори давлат бори дигар таъкид намуданд, ки давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои ихтисосҳои замонавӣ обод менамоянд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳамасола дар саросари кишвар даҳҳо таълимгоҳҳои муосир ва муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода мешаванд. Танҳо дар давраи истиқлол дар ҷумҳурӣ 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоии миёнаву касбӣ, 3246 мактаб, аз ҷумла 136 муассисаи таълимии типи нав (гимназия, литсей) бунёд карда, ба истифода дода шуд, ки он, воқеан, далели дар сатҳи баланд амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Дар баробари ин, давлат ҳамасола маблағгузории соҳаи маорифро афзоиш медиҳад, ки он омили муҳими рушди соҳа маҳсуб меёбад.
Дар суханронии Сарвари давлат таваҷҷуҳи аҳли маорифи кишвар ба як қатор проблемаҳои мавҷудаи соҳа, аз ҷумла ба масъалаи омода кардани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, ҷалб карда шуд. Воқеан, шароити иқтисоди бозорӣ дар ин самт талаботи ҷиддитареро дар омода кардани мутахассис ба миён мегузорад. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бояд онро ба назар гиранд ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва бозори меҳнатро омода намоянд. Ғайр аз ин, дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаи омӯзиши илмҳои риёзӣ ва дақиқу табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, ки он бесабаб нест. Чунки маҳз илмҳои мазкур барои ташаккули тафаккури технократӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд. Дар ҷаҳони муосир маҳз тафаккури технократӣ метавонад рушди иқтисоду иҷтимоиёти кишварҳоро таъин созад.
Ғайр аз ин, дар замони мо ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба барномасозиҳои мушаххасу асоси илмидошта ниёз дорад. Ин ҳадаф танҳо тавассути истифодаи босамари донишҳои бунёдӣ метавонад амалӣ гардад ва рушди ҳар гуна кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони азизи моро, таъмин созад. Вобаста ба ин, масъалаи дигаре, ки махсус таъкид гардид, ин боло бурдани сатҳу сифати забономӯзии муҳассилин мебошад. Воқеан, ҷомеаи мо ба мутахассисони забондон беш аз ҳарвақта ниёз дорад. Сарвари давлат таваҷҷуҳи дастандаркорони соҳаро ба ин масъала ҷалб намуда, таъкид карданд, ки таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаю забондон аз ҷумлаи  вазифаҳои ҳалталаб мебошад. Дар шароити кунунӣ, махсусан донистани забони русӣ, барои мардуми мо ва хосса, онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия мераванд, муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала, ки мушкилии асосии муҳоҷирони  меҳнатист, ба андешаи мо, дар назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва муассисаҳои дигари самти омӯзгорӣ ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русӣ  зарур аст. Илова бар ин, ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд сатҳу сифати таълими забони русиро беҳтар намуд, зеро одам дар синни ҷавонӣ ва бачагӣ қобилияти хуби омӯзиш, аз ҷумла омӯзиши забонро, дорад, ки аз ин зарфиятҳо бояд босамар истифода намуд.
Як нуқтаро ҳам бояд таъкид кард, ки, умуман, дар ҷумҳурӣ низоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Масъалаи таъмини фанни мазкур дар ҳамаи  сатҳҳои таҳсилот бо китобҳо ва маводу дастурҳои таълимии ба талаботи рӯз ҷавобгӯро ба зудӣ ҳал  намудан лозим аст. Ҳамин гуна мушкилӣ дар самти таълими фанҳои риёзӣ ва дақиқу табиӣ низ ба назар мерасад, ки ба он ҳам расидагӣ мебояд, чунки таълими фанҳои мазкур ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ аз тарафи Пешвои миллат тайи солҳои охир ба муносибатҳои гуногун пайваста ба миён гузошта мешавад. Ин далели он аст, ки, воқеан, кишвари мо ба ҳалли ин масъалаҳо имрӯз беш аз ҳарвақта ниёз дорад.
Ба таври куллӣ, дар суханронии имсолаи Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи дониш ҳалли муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маорифи кишвар ба миён гузошта шуд, ки онро дар маҷмуъ, метавон ба ҳайси як барномаи мушаххаси амал дар самти маориф ва таҳсилот қабул намуд ва аз пайи иҷрояш гардид.
 
Шамсиддин СОЛЕҲОВ,
мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи 
С. Айнӣ, доктори илмҳоии филология
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2022    №: 174    Мутолиа карданд: 508
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед