logo

иҷтимоиёт

ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲАВВУЛОТИ БУНЁДӢ

 
Имсол низ мардуми шарафманди тоҷик чун солҳои қаблӣ солгарди навбатии Истиқлоли давлатиро дар фазои сулҳу суботи комил ва руҳияи созандагӣ таҷлил хоҳанд кард. Ҳоло ба ин муносибат, корҳои ободониву созандагӣ вусъати бештар касб намуда, ҳар рӯз дар гӯшаву канори мамлакат даҳҳо коргоҳу иншооти нав мавриди истифода қарор мегиранд.
 
Таърих борҳо собит намудааст, ки таҳаввулоти бунёдӣ дар умури сиёсиву иҷтимоӣ ва давлатдории миллӣ бо номи шахсиятҳое пайванд мегирад, ки бо корномаҳои бузургашон ормонҳои мардумиро дар худ таҷассум намуда, дар моварои тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи миллати хешро таҳкиму тавсеа мебахшанд. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон чунин абармарди давлатсоз дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ ба зуҳур омад, ки рукнҳои давлатдориро аз сифр оғозу таҳким бахшида, Тоҷикистонро то ба сатҳи як кишвари таъсиргузор дар сиёсати байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Ин аст, ки, агар мо дар бораи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои беназири он ҳарфе ба забон оварем, беихтиёр номи шарафманди Пешвои муаззами миллат дар миён аст. 
Дар замони Истиқлоли давлатӣ чун дигар самту соҳаҳо таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ низ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ба манзури таъмини адолати судӣ корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Чунончи, қабул ва татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ, ки аз соли 2007 шуруъ шуда, дар чанд марҳила амалӣ шуд, маҳз бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат сурат гирифта, дар шаклгирии низоми боадолатона ва таҳкими сохтори судӣ нақши муассир гузошт. Боиси қаноатмандист, ки дар доираи татбиқи ин барномаҳо барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мақомоти судӣ, фаъолияти судяҳо ва таъмини мустақилияти онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Ин амр ба он мусоидат кард, ки дар умум кормандони мақомоти судӣ зимни иҷрои рисолати худ масъулияти баланд нишон дода, фаъолияташонро дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷомеаи адолатпеша ба роҳ монанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид намуда, қабули барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро барои даҳсолаҳои минбаъда зарур шумурданд: «Тавре ки маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад. Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009 - 2019, зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад».
Албатта чунин дастур, дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳониро зуҳуроти номатлубе ба монанди терроризму ифротгароӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ фаро гирифта, боиси нигаронии аҳли башар гардидааст, басо муҳиму зарурист. Таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар болоравии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат карда, ба паст гардидани таҳдиду хатарҳо, пешгирии шомилшавӣ ба созмону гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад. Гузашта аз ин, маърифати ҳуқуқиву зиракии сиёсӣ имкон медиҳад, ки мо дар ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ муваффақ бошем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои тахрибкор фазои орому осудаи кишварро халалдор созанд.
 
Даврон НАЗИРМАДЗОДА, 
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2022    №: 174    Мутолиа карданд: 515
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед