logo

Хабарҳо

СИНАМО. ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ XIV ДАР ТОШКЕНТ

 
Дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи байналмилалии XIV синамои Тошкент таҳти унвони “Дурдонаи Роҳи абрешим”   13 сентябр маросими  ифтитоҳи “Рӯзҳои синамои СҲШ” баргузор мешавад. Дар он намунаҳои беҳтарини филмҳои ҳунарии синамогарони кишварҳои узви СҲШ ба намоиш гузошта мешаванд. 
Дар ин бора раиси Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ коргардонҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Россия беҳтарин филмҳои худро ба ин Ҷашнвора пешниҳод хоҳанд кард. 
– Дар баробари ин, кишварҳои нозир – Беларус, Эрон ва Муғулистон, инчунин кишварҳои шарики муколамаи СҲШ – Озарбойҷон, Арманистон ва Туркия низ намунаҳо аз филмҳои ҳунарии худро дар Ҷашнвора ба намоиш хоҳанд гузошт, – изҳор дошт Ф. Абдухолиқов.
Тавре раиси Агентии кинематографияи Ӯзбекистон тазаккур дод, ҳайати синамогарони кишварҳои СҲШ намунаи асарҳои нави худро ба ин Ҷашнвора пешниҳод кардаанд.
Гуфта мешавад, ки санъати синамо дар фазои минтақаи Шанхай шонси беназиреро барои инъикоси фарҳанг, таърих, анъана ва мероси фалсафии кишварҳои узви СҲШ фароҳам хоҳад овард. Фирдавс Абдухолиқов ба ин нукта низ таъкид намуд, ки ба хазинаи Агентӣ, аллакай, беш аз 15 филми истеҳсоли муштарак бо кишварҳои СҲШ ворид шудаанд, ки дар Ҷашнвора намоиш дода хоҳанд шуд.
15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти навбатии сарварони кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад. Дар он президентони ҳашт кишвари узви СҲШ, инчунин, се кишвари нозир ва се кишвари шарики муколамаи он ширкат мекунанд. 
Маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии XIV синамои Тошкент маҳз дар арафаи ин нишаст ба вуқуъ хоҳад пайваст ва 18 сентябр дар Самарқанд ба анҷом мерасад.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2092
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед