logo

Хабарҳо

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ФАЗОИ СҲШ

 
Дар нишасти байналмилалие, ки 6 сентябр дар шаҳри Тошкент дар ҳамкорӣ бо Созмони минтақавии зиддитеррористии СҲШ бо ширкати бештар аз 30 нафар коршинос ба намояндагӣ аз вазоратҳо ва идораҳои дахлдор, доираҳои илмӣ, академикӣ ва таҳлилии мамолики узви СҲШ дар шакли онлайн ва офлайн баргузор гашт, масъалаи амнияти иттилоотии фазои кишварҳои узви Созмон баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар шароити босуръати рақамикунонии тамоми соҳаҳои ҷомеа, таъмини амнияти иттилоотӣ аҳамияти вижаеро касб менамояд. Аз ин рӯ, ба мақомоти дахлдори кишварҳои узви СҲШ зарур аст, ки механизмҳои ҳамоҳангшудаи мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба иттилоотро таълифу таҳия намоянд. Зеро, дар замони муосир, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рушди бесобиқа доранд ва ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, ҷомеа ва давлат ворид мешаванд. Аммо бархе аз тарғибгарони ғояҳои ифротӣ ва террористӣ аз фазои иттилоотӣ ба ҳайси минбари фаъ-ол истифода мебаранд, то ки сафи худро аз ҳисоби ҷавонон такмил диҳанд. Мутаассифона, ин гурӯҳҳо то андозае ба ҳадафҳои нопоку ғаразноки худ мерасанд ва як идда ҷавонони гумроҳро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Маҳз бар ҳамин асос, зарурат пеш омадааст, ки муносибатҳои ҳамаҷониба оид ба ҳифзи киберфазо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ таҳияву корбаст шаванд.
 Намояндаи вижаи президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ Андрей Крутских зимни суханронӣ изҳор дошт, ки ҳанӯз шонздаҳ сол пеш СҲШ ба сифати аввалин сохтори минтақавӣ аз ин мавзуъ ёд оварда буд. 
- Созмони мазкур ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ ворид мешавад. Дар ин росто, лозим аст, ки ҳамкориҳои амалӣ ва муҳим тамоми маҷмуи масъалаҳои амнияти иттилоотиро дар фазои СҲШ фаро гиранд,-иброз дошт Андрей Крутских.
 Ноиби мудири Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Санат Қушқумбоев тазаккур дод, ки  мавзуи амнияти байналмилалии иттилоотӣ хеле муҳим асту дар чаҳорчӯби фаъолияти Созмон ба рушди бахши ITV мебояд бештар мусоидат кард. Дар ин маврид ҳамкории зичтари марказҳои иттилоотӣ - таҳлилии кишварҳои узви СҲШ ва баргузории мунтазами ҷаласаҳои кушоди ҷамъиятӣ барои табодули афкору таҷриба ба мақсад мувофиқ мебошад.
Юлия Коростелева, сардори Раёсати ҳамкориҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаи амнияти байналмилалии иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, гуфт, ки дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ як қатор ташаббусҳои амалӣ ба миён гузошта шуданд, ки дар ҳақиқат барномаи амалиётро пурра дар худ ифода месозанд ва ин иқдомҳо ба хотири фаъол ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар доираи СҲШ дар самти таъмини амнияти байналмилалии иттилоотӣ, таҳкими иқтидори технологӣ ва инсонии кишварҳои узви Созмон пешбинӣ шудаанд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, 
“Ҷумҳурият”, Тошкент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3039
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед