қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2022, № 449, ш. Душанбе Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба истифодабарандагон тақсим мешаванд (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик»), тасдиқ карда шаванд (замимаи 1).
2. Тарифҳои неруи барқ барои истеҳсол ва интиқол, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаи 2).
3. Тарифҳои неруи гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаи 3).
4. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани тарифи миёнаи неруи барқ бо қабули фармоиши дахлдори худ ба тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» аз рӯйи онҳо ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» хизматрасонӣ анҷом дода мешавад, коэффитсиенти тасҳеҳ (корректировка)-ро муайян намояд.
5. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №329 «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» ва аз 27 апрели соли 2022, №210 «Дар бораи тарифҳо барои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ» аз эътибор соқит дониста шаванд.
7. Қарори мазкур аз 1 октябри соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2022, № 449
Тарифҳои неруи барқ барои истифодабарандагон
Эзоҳ:
1. Тарифҳо ба истиснои аҳолӣ ва насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва канализатсия бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда шудаанд.
2. Муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, хонаҳои бачагона, хона-парваришгоҳ, хонаҳои пиронсолон, муассисаҳои соҳаи фарҳангӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар муассисаҳое, ки фаъолияти тиҷоратӣ надоранд, вале аз ҳисоби фондҳои башардӯстона ва ё буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тарифи барои муассисаҳои соҳаи буҷетӣ муқарраргардида ҳисоб карда шаванд.
3. Дар сурати аз 10000 кВт соат зиёд будани ҳисоби неруи барқи масрафшудаи моҳонаи аҳолӣ, фарқияти аз меъёри мазкур зиёдатӣ истифодашуда бо тарифи барои гурӯҳи 1 муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2022, № 449
Тарифҳои неруи барқ
барои истеҳсол ва интиқол
Эзоҳ:
- тарифҳои мазкур бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муайян карда шудаанд;
- андозбандии тарифҳои мазкур тибқи қонунгузории андоз ба роҳ монда шавад;
- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» фаъолияти худро мутобиқи замимаи 1 қарори мазкур ба роҳ монад.
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2022, № 449
Тарифҳои неруи гармӣ
барои истифодабарандагон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.09.2022 №: 175 Мутолиа карданд: 2620