logo

иҷтимоиёт

МУҶАССАМАИ ПИРӮЗИҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Миллате, ки Парчами давлатияш таърихи чандинҳазорсола дорад;  миллате, ки аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро эҷод кардааст; миллате, ки абармардони илму адаб, нобиғагони суханвараш  ҷаҳонро тасхир кардаанд, табиист, ки пас аз садсолаҳои сарсониҳо ва дидани ҷабрҳои гарони таърих,  хунрезиву тороҷҳои бар сараш таҳмилгардида, имрӯз, ки ба озодиву истиқлолияти  таърихии худ расидааст, беш аз ҳар миллате ба қадри он мерасад ва эҳёи дубораи дурахшонеро ба сар мебарад.
Табиист, ки халқи хирадманди мо таҳти сарварии фарзандони ҷоннисору ватандӯсти худ аз аввалин рӯзҳои дарёфти Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, аз паси эҳёи муқаддасоти миллии худ гардиданд, зеро ҳамин муқаддасот аст, ки моро раҳнамоӣ мекунад ва ба ҳадафҳои волои миллӣ раҳнамо мебошад. Эҳё ва устуворгардонии ҳар яке аз муқаддасоти миллии Тоҷикистони навин дар оғози Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Конститутсияи кишвар, Забони давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ҳар яке чун ҳадафҳои баланди миллӣ дар партави дурахшони ифтихороти миллӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳсоси масъулиятҳои баланди ватандорӣ сурат гирифтааст. 
Ҳамин муҳаббат буд, ки Парчами Тоҷикистон яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон эътироф гардид, ҳамин муҳаббат буд, ки аксари кулли суннатҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯзи аҷам, эҳё ва эътирофи байналмилалӣ ёфтанд, ҳамин муҳаббат ва ҳадафҳои баланд буд, ки тамоми бузургдоштҳои миллии мо, ҷашну маросимҳои халқӣ ва шахсиятҳои бузурги миллиамон, нобиғагони илму адабамон дар сатҳи байналмилалӣ, бо дурахши тоза ва ифтихору обрӯи баланд, мавриди тантанаҳо қарор ёфтанд. Ҳамин муқаддасот аст, ки дар асоси онҳо давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо фурӯғи тоза дилпурона қомат меафрозад.
Хуллас, теъдоди дастоварду пирӯзиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, дар кӯчактарин замони таърихӣ, сиву як соли даврони Истиқлолияти давлатӣ бешуморанду пайваста идома доранд. Ҳар сол, ҳар моҳ, ҳар ҳафта, ҳар рӯзи замони Истиқлоли тоҷикон тиҳӣ аз дастоварду комёбӣ нест. Имрӯз симои кишвари нозанину шукуфони мо ба куллӣ дигар гардидаву ҳар бинандаро тасхир мекунаду ба ҳайрат мегузорад, ки халқи хирадпеша ва ватандӯсти мо чӣ гуна тавонист, дар ин марҳилаи кӯтоҳ  ин ҳама бунёдкориву ободиву созандагиҳо, ин ҳама эҳёи маънавӣ, ин ҳама муҳаббату пазироии ҷаҳониёнро ба даст оварад. Оре, ин халқест, ки вориси ростини устод Рӯдакӣ, аллома Сино, шайх Саъдӣ, Сайидову  Аҳмади Дониш аст ва даҳҳо бузургони эътирофшудаи олам аст.
Падида ва зуҳуроти барҷастаи наве, ки дар симои худ чеҳраи ҳама муқаддасоти миллии моро як намои ҷамъбастӣ медиҳад, ифтитоҳи майдони "Истиқлол" ва маҷмааи меъмории рамзи "Истиқол" дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе хоҳад буд. Ин муҷассамае,  ки ҳосили завқи баланд ва муҳаббати бегазанди Пешвои миллат ва халқи тамаддунпарвари мост, рамзи Тоҷи заррини миллати тоҷик ва Истиқлоли давлатии мост, ки ҳар бинандаро бо шаҳомат ва дурахши тиллоии худ мафтуну тасхир месозад.  Ҳузури ин муҷассама дар маркази кишвар ҳар фарзанди ин сарзаминро во медорад, ки бо муҳаббат ва садоқати бештар ба ҷониби ӯ , чун ба сӯи меҳроби муқаддаси муҳаббати Ватан рӯ оварем. Ин муҷассама моро пайваста аз масъулияти ватандорӣ, аз ифтихори миллӣ ва ҳадафҳои волои таърихии халқамон саршор нигоҳ хоҳад дошт.
 
Камол НАСРУЛЛО, 
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2022    №: 175    Мутолиа карданд: 509
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед