logo

иқтисод

КОНИБОДОМ. ЧОРАИ РАФЪИ КАМОБӢ САРФАКОРИСТ!!!

Имсол бинобар гарм омадани фасли тобистон кишоварзони баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии  шаҳри Конибодом, ба камобии шадид рӯ ба рӯ шуданд. Хусусан, дар  моҳҳои июн – июл, аҳолии ин деҳа, ки дар поёноб қарор дорад,  ба  мушкили камчинии об дучор гардиданд.  Зироату боғот ва сабзавоти худро мувофиқи меъёрҳои агротехникӣ бо об таъмин карда натавонистанд.  Яке аз сабабҳои асосии ҳолати ҳузнангезро бошандагони деҳа  аз зуд-зуд ба садама дучор шудани пойгоҳҳои обкашӣ медонанд. 
Бар асари нокифоя будани об  ниҳолони боғзор пажмурда шудаву  ба ҳосилбандии зироати асосӣ – пахтазор зарари ҷиддӣ расидааст.  Як гурӯҳ сокинони деҳаи Ҷаҳонзеб аз ин  вазъияти баамаломада, бо  изҳори нигаронӣ номаи имдодталабонаи худро ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ирсол дошта, мусоидат ба ҳалли масъалаи муҳимро хостанд. 
“Соли дувум аст, ки мо аз об чунин сахт танқисӣ мекашем. Ба канали калони Фарғона, ки, асосан, аз ҳисоби он зироаткорӣ мекунем, дар кулли мавсими киштукори баҳори имсола ҳамагӣ 4-5 маротиба ба миқдори 7-8  соат об омаду  халос. Бар асари норасоии об садҳо гектар боғҳову дигар намуди зироатҳо хушк мешаванд. Ҳатто солҳои  гаронии 90-ум аҳолӣ аз норасоии об ин қадар мушкил надошт”, – навиштаанд бо оҳи сарду аз дили пурдард. 
Деҳқонони Ҷаҳонзеб мушкили сари вақт таъмин нашудан бо оби полизиро  аз фориғболии мутахассисони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр  медонанд. 
Нуфузи аҳолии деҳаи Ҷаҳонзеб аз 10 ҳазор гузашт,  сарчашмаи асосии пешбурди рӯзгорашон аз роҳи парвариши сабзавоту меваҷот, ғалладонагиҳову пахта мебошад.
Рустам Иброҳимов, сокини деҳаи Ҷаҳонзеб,  иброз дошт, ки солҳои охир бинобар норасоии об  аҳли русто аз кори зироаткорӣ самари хуб ба даст наоварда, ба таври оилавӣ аз ин ҷо кӯч мебанданд. 
Асрориддин Шокирӣ Асо, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, иброз медорад, ки, албатта, то андозае  норасоии об ба мушоҳида мерасад, аммо ин ба фаъолияти мутахассисони идораи онҳо рабт надорад.  Баъзан,  бе огоҳӣ хомӯш кардани барқ аз ҷониби кормандони идораи барқи ноҳия низ боиси садамаи техникӣ ва сари вақт нарасидани оби полизӣ мешавад.
– Агар ба раванди обтақсимкунӣ нигарем,  Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки деҳаи мазкур  тобеи он аст, имсол аз аввали мавсим  зиёда аз 4 миллион метри мукааб оби полизӣ гирифтааст. Ин миқдор об барои нашъунамои зироатҳои деҳоти номбурда басанда мебошад. Дар сурати  хуб ба роҳ мондани  тақсими об аз ҷониби Ассотсиатсияи  истифодабарандагонии оби  “Мирзомалик”  ба чунин ҳолат нахоҳад омад. Ин ҷо фақат тақсимоти дурусту истифодаи сарфакоронаи об аз ҷониби ҳамаи кишоварзони ҷамоати деҳот зарур асту тамом, – иброз медорад Асрориддин Шокирӣ, сардори идораи оби шаҳри Конибодом. 
Мавриди зикр аст, ки  пойгоҳҳои обкашии номбурда охири солҳои шастуми  қарни гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, фарсуда гардидаанд. Онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Омили дигаре, ки вазъи норасоии обро мураккабтар намуд, васеъ шудани майдони обёришаванда мебошад. Агар то даврони соҳибистиқлолӣ бо ин пойгоҳҳо 12 ҳазор гектар обёрӣ мешуд, имрӯз майдони обёришаванда тавассути онҳо зиёда аз 20 ҳазор гектар аст. 
Кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ҳамеша талош доранд, ки кишоварзонро сари вақт  бо об таъмин кунанду онҳо  ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Дар ин маврид пардохти саривақтии  ҳаққи истифодаи об аз ҷониби муштариён низ нақши муҳим мебозад. Ба иттилои идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, пардохти маблағи истифодаи об аз тарафи 1697 хоҷагии деҳқонии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ то 1 августи соли равон ҳамагӣ 20 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳол он  ки қариб ҳар рӯз дар пойгоҳҳои обкашӣ садамаи техникӣ ба вуқуъ пайваста, ҷиҳати таъмири фаврии онҳо ва дастраскунии таҷҳизот маблағи нақдӣ зарур аст.
Ба гуфтаи Асрориддин Шокирӣ, танҳо таҳия ва татбиқи  Лоиҳаи бунёди пойгоҳи замонавии обкашӣ метавонад, проблемаи камбуди обро дар деҳоти номбурда бартараф созад, ки аллакай,  аз тарафи мутахассисон  омода шудааст. Аммо дарёфти сарчашмаи маблағгузории он ба андозаи 24-25 миллион сомонӣ  зарур мебошад.  Татбиқи Лоиҳаи мазкур шароит фароҳам меоварад, ки баробари  100 дарсад таъмин шудани мавзеъҳои поёнии Ҷамоати мазкур бо оби полизӣ, боз  то 1000 гектар заминҳои нав обёрӣ шаванд.  Вале то бунёди пойгоҳҳои нав роҳи халосӣ аз мушкили мазкур дар Ҷаҳонзеб танҳо тақсимоти дуруст ва бо реҷаи муайян сарфакорона истифода кардани оби мавҷуда аст. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2022    №: 175    Мутолиа карданд: 1040
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед