logo

Хабарҳо

Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо Сахиба Гафарова

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Милли меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сахиба Гафарова, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард. Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон матраҳ гаштанд.
Тавре аз Маҷлиси миллӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, дар доираи вохӯрӣ, музокироти васеи ҳайатҳо доир гардида, изҳори бовар шуд, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва нақши муассиру назарраси парламентҳо ба раванди тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат мусоидат менамоянд.
Дар идома масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи ҷониби Озарбойҷон ба масъалаҳо оид ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои дутарафа ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардондани сохтори он, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, мелиоратсия, логистика, сармоягузорӣ, татбиқи самарабахши қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб шуд.
Мусоҳибон, инчунин, масъалаи бунёди муҷассамаҳои Низомии Ганҷавӣ дар шаҳри Душанбе ва Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Боку муҳокима карданд.
 
 
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин  бо Холид ал-Фолеҳ
Дар шаҳри Риёз мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ Холид ал-Фолеҳ баргузор гашт.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, атрофи масоили роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорони саудӣ ба бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ба аҳамияти баргузории даври навбатии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.
 
 
Вохӯрии Ҷонибек Ҳикмат  бо муовини Дабири кулли СММ
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs), кишварҳои камтараққикарда (LDCs) ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ (SIDs) Фотима Рабаб вохӯрд. Дар ин бора Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар дод.
Ҷонибҳо оид ба авлавиятҳои Тоҷикистон дар Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, инчунин, оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023, татбиқи Барномаи амали Вена ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкӣ (Давҳа, соли 2024) табодули назар карданд.
Намояндаи доимӣ дар бораи ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо маълумот дода, даъват кард, ки дар пешбарии иқдоми мазкур  дафтари Намояндаи олӣ ва Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкиро дастгирӣ намоянд.
 
 
Сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Туркия
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 11 сентябр сафари ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул оғоз гардид.
Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Анкара хабар медиҳад, зимни сафар, ки то 18 сентябр идома меёбад, ҳайати вилояти Хатлон аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуда, таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод. Инчунин, дар назар аст, ки вохӯриҳо бо роҳбарияти минтақаҳои болозикр ва дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса бизнес – форуми байниминтақавӣ бо назардошти мулоқотҳои тиҷоратӣ дар шакли В2В байни ширкатҳои тоҷикию туркӣ баргузор гардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3353
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед