мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СОҲИБА ҒАФОРОВА
12 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафороваро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, баррасӣ гаштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ба рушди пайдарпайи ҳамкории байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳем.
Аз анъанаҳои неки дӯстию ҳамкории ҳалқҳо, муколамаи сиёсии эътимодбахши байни кишварҳо, аз ҷумла дар сатҳи баланд ва олӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик ва расондани кумаки моддӣ ба Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҷонибҳо фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва қабули нақшаи чорабиниҳои ҳамкории иқтисодӣ то соли 2025-ро матраҳ карданд.
Дар вохӯрӣ атрофи масоили густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои истихроҷ ва коркард, ҳамкории ширкатҳои “Талко”-и Тоҷикистон ва “Азералюминӣ”-и Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, барқарорсозии парвозҳои мустақим байни Душанбею Боку ва рушди туризм зарур шумурда шуд.
Зимни баррасии ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, ба масъалаи дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об дар Маҷмаи умумии СММ, пуштибонии Тоҷикистон аз авлавиятҳои раёсати Озарбойҷон дар “Ҳаракати адами тааҳҳуд”, дар бораи таъсиси гурӯҳи тамос оид ба мубориза бо коронавирус ва дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳоди ташаббус оид ба баррасии дархости Озарбойҷон ҷиҳати дарёфти мақоми нозир дар ин созмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҳангоми мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.09.2022 №: 176 Мутолиа карданд: 2006