logo

сиёсат

ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ИНШООТИ МУҲИМ БО ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

МАҶМААИ ВАРЗИШИЮ ФАРОҒАТӢ
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ, ки аз толори муҳташами варзишии “ЮФС ҶИМ” (UFC Gym) ва академияи футболи «Ювентус» иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маҷмааи варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – раиси шурои гурӯҳи ширкатҳои “55 Групп” Даврон Ҷӯраев ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бо харҷи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад. Дар маҷмаа беш аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, тамоми иншоот дар асоси талабот ва дархости фармоишгар – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дороб 1” бо усули махсус аз ҷониби мутахассисони ширкати маҳаллии “Оро Дизайн” бо назардошти санъати меъмории мардуми ориёӣ, ки дар он гил ва хишт масолеҳи асосии бинокорӣ ба ҳисоб мерафт, таҳия ва бунёд шуд.
Маҷмааи варзишию фароғатӣ, ки аз се ошёна иборат аст, дорои варзишгоҳи болопӯшида бо ҳуҷраҳои либосивазкунии мардона ва занона, толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази фароғатӣ бо меҳмонхона ва қаҳвахона, маркази барқароршавӣ  бо толорҳои маҳси бадан, саунаҳои хушку тар ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Дар маҷмаа толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд буда, дар як вақт барои машқу тамрини зиёда аз 300 нафар шароити зарурӣ фароҳам овардаанд.
Дар маҷмаа барои таъмини бехатарии мизоҷон технологияи муосир, аз қабили камераҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои воридшавӣ бо шинохти чеҳра (Face ID) васлу насб гардида, системаи муътадил нигоҳ доштани ҳарорати бино низ амал менамояд.
Зимни боздид аз толори муҳташами варзишии “ЮФС ҶИМ” (UFC Gym) ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо завқмандони варзиш, сарфи назар аз синну сол, метавонанд ба обутоби бадан, вазнбардорӣ, намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштини дзюдо, ҷиу-ҷитсуи бразилӣ, бокс, кикбоксинг, йога ва дучархаронӣ (сайклинг) машғул шаванд. Машғулияти варзишии гурӯҳӣ барои занон ва кӯдакон низ мутобиқ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегиранд. Бо мақсади фаъолияти мунтазам ва ҷорӣ намудани усулҳои нави машқу тамрин, ба толори мазкур бо тавсияи федератсияҳои варзишии масъул аз хориҷи кишвар мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мураббиён ва мутахассисони ватанӣ омода мешаванд.
Толор бо охирин насли таҷҳизоти баландсифати Тechnogym Prеmium муҷаҳҳаз буда, беҳтарин фазои машқу тамрин фароҳам аст. Иншооти мазкур, инчунин, аз толори тамрини обутоби бадан ва вазнбардорӣ (фитнес), минтақаи тамрин барои тобоварии ҷисмонии бадан (кросфит), ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, толори занона ва минтақаи кӯдакона иборат мебошад.
Толори занона дорои ҳуҷраҳои машқи бадан, дучархаронӣ (сайклинг) ва саунаи хушку тар буда, дар он тамрини инфиродӣ ва гурӯҳӣ бо таҷҳизоти махсус гузаронда мешавад.
Минтақаи кӯдакона, бо назардошти бехатарии саломатӣ, бо гилеми варзишии мулоим рӯйпӯш шуда, дар он кӯдакон ба намудҳои гуногуни варзиши худмуҳофизатӣ машғул мегарданд. Ҳафтод дарсади барномаҳои толори варзишӣ ба машқи бадан ва вазнпартоӣ равона гардидааст.
 Маврид ба таъкид аст, ки Шабакаи толорҳои варзишии амрикоии “ЮФС ҶИМ” (UFC Gym) соли 2009 таъсис ёфта, босуръат рушд мекунад ва айни замон дар 32 кишвари дунё зиёда аз 150 толор дорад. Толори варзиш лоиҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ буда, ширкати “Дороб 1” соли 2019 ҳуқуқи истифодабарӣ ва фурӯши бренди мазкурро дар Осиёи Марказӣ ба даст овард. Ҳамин тавр, ширкат азм дорад, ки ташкил ва фурӯши ҳамин франшизаро дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба роҳ монад. Ҳамзамон, то соли 2030 ифтитоҳи боз 30 толори варзиш дар давлатҳои ҳамсоя дар назар аст. Тибқи  талаботи  ширкат,  ҳар як мураббие, ки дар маҷмааҳои варзиши ин ширкат кору фаъолият мекунанд, дар асоси шартнома бояд курсҳои омӯзиширо хатм намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар Академияи футболи «Ювентус» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нахустин мактаби футболи касбии аврупоӣ барои кӯдакон ба ҳисоб меравад, шинос гардида, ба иқдоми муассис баҳои баланд доданд. Баландии майдони болопӯшидаи футболи академия 17, дарозиаш 80 ва паҳноияш  40 метрро ташкил дода, айни замон дар миёни майдонҳои болопӯшидаи академияи «Ювентус» дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, дар дохили майдон монитори калон бо баландии 14 метр ва дарозии 7 метр насб гардида, дар он рафти тамринҳо ба таври мустақим пахш мегарданд.
Системаи равшанидиҳӣ ва муътадил нигоҳ доштани  ҳарорати майдон ба стандартҳои сохтмонии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ҷавобгӯ мебошад. Ин нахустин тарҳе мебошад, ки васеъгияш 40 метр буда, бидуни сутун сохта шудааст. Майдони футбол аз сабзаи сунъии насли сеюм омода гардида, он аз ширкати байналмилалии “CC Grass”, ки дорои сертификати сифати Федератсияи байналмилалии футбол мебошад, харида шуд.
Ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани сабзаи майдони футбол, техникаи зарурӣ дастрас гашта, ҳар рӯз пас аз тамринҳо майдон барқарор мешавад.
Дар ин ҷо имконияти ба ду, се ва чор қисм ҷудо кардани майдон фароҳам буда, дар як вақт чор гурӯҳ таълимгирандагон зери назорати мураббиёни пуртаҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд машқу тамрин кунанд. Дар майдони футболи академия имконияти баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни бозигарони то 16-сола низ вуҷуд дорад.
Вақти таълим ва тамрини кӯдакону наврасони аз синни 5 то 16-сола оид ба футбол, тибқи методологияи академияи “Ювентус” таваҷҷуҳ ба қобилияти тактикиву техникӣ, усули бозӣ, паҳлуҳои варзишӣ, равонӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи бозигарон равона мешавад. Тибқи қарори роҳбарияти лоиҳа, дар ҳар гурӯҳ ду ҷой барои кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ҷудо шудааст, ки бо тавсияи мураббиён ва гузаштан аз санҷиш ба тамринҳо ҷалб мешаванд.
Усули академияи “Ювентус” ҳам таълим ва ҳам рушди малакаҳои футбол ва омӯзишиву тарбиявиро дар бар мегирад. Аз ҷанбаи фароғатӣ ва эҷодии бозии футбол сар карда, бозигарон ба фаъолиятҳое ҷалб мешаванд, ки ба рушди онҳо дар муҳити бехатар нигаронда шудаанд. Инчунин, ғайр аз тамрин дар майдон барои таълимгирандагони академия дар синфхонаҳои махсус дарсҳои назариявӣ оид ба тактика ва дигар паҳлуҳои футбол ба роҳ монда мешаванд. Бо тавсияи мураббиён ҷиҳати таҳлили машғулият дар дарсҳои назариявӣ тамринҳои кӯдакону наврасон бо камераҳои мушоҳидавӣ сабт мегарданд.
Дар академия ба рушди ҷисмонии кӯдакону наврасон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, онҳо дар толори махсус ба обутоби бадан ҳам ҷалб мешаванд. Тибқи маълумот, ҳамасола дар шаҳри Турини Италия ҷоми ҷаҳон байни намояндагиҳои академия ташкил мегардад, ки беҳтарин таълимгирандагони академияи “Ювентус” дар шаҳри Душанбе интихоб гардида, метавонанд дар ин мусобиқа иштирок намуда, маҳорати худро нишон диҳанд. Зимни баргузории ҷоми ҷаҳон миёни дигар академияҳо намояндагони бошгоҳи футболи “Ювентус” кӯдакону наврасонро назорат карда, дар ҳолати маъқул донистан, баъдан, онҳоро ба санҷиш ҷиҳати идома додани фаъолияти бозигарӣ дар Аврупо метавонанд даъват кунанд.
Таъкид гардид, ки академияи “Ювентус” дар шаҳри Душанбе, ба ҷуз майдони футбол, боз аз синфхона, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, саунаи хушк, толори обутоби бадан, маҷлисгоҳ ва ҷойи назорати волидайн иборат мебошад. Ҳамзамон, вобаста ба шарту шароите, ки академия дорад, корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ дар қисмати бегоҳии рӯз метавонанд тибқи шартнома майдони футболро ба иҷора гиранд.
Ҳадафи академия он аст, ки аз ҳисоби насли наврас футболбозони моҳирро тарбия намуда, дар оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам рушд бахшидани футбол дар мамлакат саҳм гузорад.
Мавриди таъкид аст, ки бошгоҳи футболи касбии “Ювентус” яке аз қадимтарин ва маъруфтарин бошгоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар Аврупо 15 миллион мухлис дорад. Дастаи “Ювентус” серҷоизатарин бошгоҳи Италия буда, дар мусобиқаҳои аврупоӣ ҳам ҷоизаҳои зиёдро ба даст овардааст. Бошгоҳи “Ювентус” академияи кӯдаконаи футболи худро дошта, бо барномаҳои махсуси тамринии худ аз дигар академияҳои футбол фарқ мекунад. Маҳз бо тарҳрезии барномаҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони итолиёвӣ, академияи “Ювентус” дар зиёда аз 50 кишвари дунё 65 намояндагии худро дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбати озоду самимӣ бо футболбозони навраси пойтахт, иброз доштанд, ки аз чунин шароити мусоид истифода бурда, бештар машқу тамрин кунанд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номбардори давлату миллати хеш бошанд. Дар ошёнаи сеюми бинои Маҷмааи варзишию фароғатӣ 30 ҳуҷраи корӣ барои кормандон ва роҳбарияти ширкати ҳолдингии “Дороб 1” ҷой гирифта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст. Ширкат аз соли 2014 дар самти бунёд ва пешбурди толорҳои варзиш фаъолият дошта, оянда ташкили боз 150 ҷойи кориро дар назар дорад. Ширкати ҳолдингии “Дороб 1” дорои аввалин ва ягона шабакаи толорҳои варзиш буда, ҳадафи он пешбурди тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад. Ҳамзамон, ширкати “Дороб 1” дорандаи франшизаи толорҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон буда, қароргоҳаш дар шаҳри Душанбест.
Дар ширкат ба касбият ва рушди ҳамаҷонибаи мураббиён аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Маҳз ҳамин аст, ки ҳар як мураббӣ қабл аз ба кор қабул шудан, якчанд марҳилаи омӯзиш ва курсҳои махсусро гузашта, баъд ба фаъолият мепардозад.
 Ширкат на танҳо дорои толорҳои варзиш, балки дар самти хӯрокҳои варзишӣ ва барқароршавии варзишгарон низ фаъолияти назаррас дорад.
Ширкати ҳолдингии “Дороб 1” дар оянда ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода, бо бунёди маҷмааҳои варзиши ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтарро фароҳам хоҳад овард.
Дар  саҳни бинои маҷмааи варзишию фароғатӣ таваққуфгоҳ барои 65 воситаи нақлиёт бунёд гардида, атрофи он чароғон ва бо гулу буттаҳои ороишӣ оро дода шудааст.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ГӮШТӢ 
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар доираи эълон шудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат, инчунин, ба хотири таъсиси ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот сохта шудааст. Иқтидори корхона дар як баст то 5 тонна истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб мебошад. Дар як сол корхона имкон дорад, ба маблағи наздики 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд. Дар корхона 80 нафар бо ҷойи кор, шароити хуб ва маоши баланд таъмин гардид. Имкон аст, оянда бо баланд бардоштани иқтидори корхона, шумораи коргарон то ба 150 нафар расонда шуда, маҳсулоти  он баъди таъмини бозори истеъмолии пойтахт ва ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот шавад. Барои  бунёди  корхона  дар  масоҳати наздики 1 гектар замин ҷудо гашта, дар масоҳати 3970 метри мураббаъ бинои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот, технологияи навтарин ва таъмини инфрасохтори муҳандисӣ сохта шуд. Иншоот аз бинои маъмурӣ, сехҳо, ҷойи қабули гӯшти чорвову паранда, сардхонаи нигоҳдории гӯшти коркардшаванда, анбори маҳсулоти тайёр, ошхона, таваққуфгоҳ барои нигоҳдории нақлиёти хизматӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Гӯшти тозаву босифат ва ғизоноки чорвову паранда барои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо аз комплекси агросаноатии ҶДММ “Мармарӣ” дастрас мешавад.
Фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ “Акома” идомаи занҷираи арзиши иловашудаи комплекси агросаноатии ҶДММ “Мармарӣ” дар шаҳри Душанбе буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат, ба роҳ монда шудааст. Ин тадбир, ҳамчунин, ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯштӣ амалӣ гардид. Пеш аз ба фаъолият оғоз бахшидани корхона, 25 нафар коргарони ширкат ба муҳлати шаш моҳ дар корхонаҳои дигари ватанӣ ба омӯзиши нозукиҳои касб машғул шуданд. Дар вақти насб кардани таҷҳизот дар корхона бо ҷалби мутахассисони олмонӣ коргарон давоми як моҳ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Айни замон барои омӯзондани мутахассисони маҳаллӣ коршиноси хориҷӣ ба кор ҷалб гашт.
Мавриди зикр аст, ки корхонаи нав дорои техникаву таҷҳизоти муосир буда, зиёда аз 80 намуди ҳасиби гуногун, аз ҷумла 20 намуд ҳасиби пухташуда, 25 навъи дудкардашуда, 2 намуд ҳасиби бо буғ пухташуда (ветчина), 15 номгӯйи деликатес, ҳасибчаҳои борик, 5 намуд сарделка ва 20 навъ ҳасибҳои хурд аз қимаи гӯшт тайёршуда, истеҳсол мекунад.
Хусусияти фарқкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ “Акома” аз дигар ширкатҳои ватании истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар он аст, ки роҳбарияти корхона барои таҳияи маҳсулоти махсус аз ширкатҳои маъруфи олмонӣ ва австриягӣ технологҳоро даъват карданд. Ҳамин тавр, коршиносон бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла рустаниҳои шифобахш, 50 навъи нави маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳоро ихтироъ карданд. Таъм ва лаззати маҳсулоти аз ҷониби коршиносон омодашуда, на танҳо сифати ғизоро беҳтар кард, балки ба он хусусиятҳои шифобахшӣ илова намуд.
Корхона бо тарҳи олмонӣ бунёд шуда, онро Бюрои конструкторӣ ва лоиҳакашии Магдебурги Олмон вобаста ба талаботу стандартҳои аврупоӣ тарҳрезӣ кардааст. Бинои истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои кории маъмурият бо якдигар пайваст буда, дар ду минтақаи воридшавӣ таҷҳизоти безараргардонӣ насб гардидаанд. Аксари таҷҳизот истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Олмон, аз қабили “Зайделман”, “Сименс”, “Фемаг”, “Рекс”, “Лима”, “Магурит” ва “Вариовак”, буда, дар бозори таҷҳизоти истеҳсоли ҳасибҳо ва маҳсулоти гӯштӣ пешсафанд. Амали таҷҳизоти муосир ба буридани гӯшти яхкардашуда, қима кардани гӯшт, ҷудо кардани гӯшт аз устухон, илова ва омехта кардани ҷузъҳои барои маҳсулот лозима, пуркунандаи маҳсулоти нимтайёр ба рӯйпӯши махсус, бо дуд ва буғ пухтани ҳасибҳо ва бастабандии маҳсулоти тайёр нигаронда шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати расидан ба нишондодҳои баланди истеҳсолӣ, техникаи замонавӣ ва таҷҳизоти зарурии коргоҳҳоро, аз  ширкатҳои бонуфузи Россия, Беларус ва Туркия дастрас кардаанд. Барои нигоҳдории сифати маҳсулот сардхонаи нигоҳдории ҳасибҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ҳарорати дохилӣ дар сатҳи аз -40 дараҷа хунукӣ то +12 дараҷа гармӣ нигоҳ дошта мешавад.
Сендвичпанелҳо маҳсулоти куллан замонавӣ ба шумор рафта, реҷаи махсуси ҳароратро дар дохили коргоҳҳои истеҳсолӣ ба танзим медароранд. Сендвичпанелҳои сехҳои корхона бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ зуд-зуд шуста мешаванд ва он бо варақаҳои пӯлодии зангназананда рӯйпӯш шудааст. Ҳавокашҳо, ҷӯйбор ва обравҳо, мизҳои гӯштпоракунӣ, пойафзолхушккунак, ҳуҷраҳои обпошӣ барои сардсозии маҳсулот баъди тафдон ва дастгоҳи буғистеҳсолкунанда дар коргоҳҳо низ  аз металлҳои зангназананда омода гардидаанд.
Баъди ифтитоҳи  корхона, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мағозаи назди корхона бо намунаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ “Акома” шинос шуданд. Қобили зикр аст, ки номи корхонаи “Акома” аз луғати қадимаи тоҷикӣ гирифта шудааст ва таърихи беш аз 2500-сола дорад. Дар қадим “акома” хӯришеро мегуфтанд, ки иборат аз гӯшти қимашуда дар рӯдаи гӯсфанд буда, ба ҳасиби замони ҳозира нисбат дода мешавад. Бояд гуфт, ки роҳбарияти корхона бо назардошти ҳифзи арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва бо ҳисси ватандӯстӣ ба баъзе аз маҳсулоти корхона номи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз гузошта шудааст: “Бохтарӣ”, “Суғдӣ”, “Бадахшон”, “Ҳулбук”, “Роғун”, “Саразм”, “Кӯшониён”, “Ориёӣ”, “Акома” ва “Маликона”. Бо номҳои тоҷикӣ, аз қабили “Ватанӣ”, “Сарват”, “Шоҳона”, “Мужда”, “Зайтун”, “Накҳат” ва “Ҷонон”, гузоштани баъзе маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо низ як навъ тарғиби эҳсос ва ифтихори миллӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар корхона бо усули қадимаи аҷдодӣ маҳсулоти гӯштӣ истеҳол мешавад. Аз ҷумла, дар ин ҷо як навъи деликатес истеҳсол мегардад, ки таъм ва лаззати он нотакрор аст. Маоши кормандони корхонаи мазкур аз 1700 то 4000 сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо бо технологияи муосир, ки дар ҷумҳурӣ аввалин буда, дар Осиёи Марказӣ назир надоранд, тайёр мешавад. Истифодаи технологияи мазкур ба беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 16 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ машғул аст. Дар ҳашт моҳи соли равон 2 ҳазору 692 тонна маҳсулоти ҳасибӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 9,5 тонна зиёд мебошад. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 1761 тонна маҳсулоти ҳасибӣ ворид гардид. Ҳадафи бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб коҳиш додани воридшавии маҳсулоти беруна, таъсиси ҷойҳои кор, беҳтар кардани сифати маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави кор изҳори сипос карданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРГОҲҲОИ АСФАЛТБАРОРӢ, САНГМАЙДАКУНӢ ВА БЕТОН 
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмаа аз коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, бетон, тахтасангу канорасангҳо бо озмоишгоҳи муосир, бинои маъмурият ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо технологияи муосир дар пойтахти мамлакат ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Гулбутта дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфтаанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, нахуст, аз озмоишгоҳи муосир боздид намуда, бо имконот ва самти фаъолияти он шинос шуданд.
Озмоишгоҳи муосири Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» мувофиқи талаботи ҷаҳонӣ дар масоҳати зиёда аз 250 метри мураббаъ бунёд гардид. Озмоишгоҳ дорои дастгоҳу таҷҳизоти озмоишии «Matest»-и истеҳсоли Италия ва ИМА буда, ҳадаф аз таъсиси он таъмини сифат, бехатарӣ ва пойдории маҳсулоти коргоҳҳои КВД «Роҳсоз» мебошад. Дар озмоишгоҳ, бо мақсади санҷиши сифати молу маҳсулоти роҳсозӣ ва сохтмонӣ, 110 асбоб ва лавозимоти озмоишӣ мавҷуд аст. Тамоми маҳсулоти хом, нимтайёр ва тайёри корхона, қабл аз коркард ва баъди он, аз ҷониби мутахассисон мавриди санҷиш қарор гирифта, сифатнокии он муайян ва барои коркарду истифода равона мешаванд. Мутахассисону муҳандисони ватанӣ бо истифода аз шароити мавҷуда имкон доранд, ки таркиби омехтаҳои асфалтубетон, миқдори қир дар омехта, хурдшавии сангреза, ёзиши қир то ҳадди зарурӣ, ҳадди мустаҳкамии намунаҳои асфалтубетонӣ ва сементубетонӣ, зичии хокҳои зичкардашуда ва ғайраро дар доираи талаботи байналмилалӣ муайян намоянд. Ҳамчунин, имкон аст, ки бо истифода аз технологияи муосири озмоишгоҳ дар иншооти бунёдшаванда, аз ҷумла роҳҳо, тибқи талаботи ҷаҳонӣ санҷишҳои сайёр анҷом дода шавад.
Технология ва хатҳои истеҳсолии коргоҳҳои нави саноатӣ дар маҷмааи набунёд аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Италия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Туркия ворид шуда, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардидаанд. Пас аз шиносоӣ бо имконоти озмоишгоҳи муосир, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ оғоз бахшиданд. Бо ифтитоҳи маҷмаа 400 нафар шаҳрвандони мамлакат дар ду баст ва 600 кас дар се баст бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин мешаванд.
Аснои шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди фаъолияти маҷмаа иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи истеҳсоли асфалтубетон 160 тонна маҳсулот дар як соат мебошад. Дар маҷмаа бо истифода аз коргоҳи тамғаи «Ammann» сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда, асфалту бетони калонда, асфалту бетони майдадонаи навъҳои «А, Б, В» ва асфалтубетони сангрезаю мастикӣ – «ШМА» бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад. Ашёи хоми корхона маҳаллӣ буда, маҳсулоти сохтмонию роҳсозии аълосифат бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мешавад.
Дар коргоҳи истеҳсоли асфалтубетон, ҳамчунин, захирагоҳи мум бо ғунҷоиши 160 тонна ва захирагоҳи хокаи минералӣ бо ғунҷоиши 480 тонна мавҷуд мебошад. Коргоҳи сангмайдакунии маҷмаа имкон дорад, ки дар як соат аз 120 то 140 тонна маҳсулот, аз ҷумла қум, сангреза бо андозаи аз 5 то 15 миллиметр ва сангрезаи калондода бо андозаи аз 15 то 30 миллиметрро истеҳсол намояд. Истеҳсоли тахтасангу канорасангҳо низ дар ин маҷмаа бо истифода аз технологияи муосир амалӣ шуда, бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ се навъи онҳо омода мешавад. Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ аз 40 то 60 метри мураббаъ тахтасанг ва аз 60 то 360 метри тулонӣ канорасанг буда, бо истифода аз шароити мавҷуда оянда иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам баланд бардошта хоҳад шуд. Барои кашондан маҳсулоти хому тайёри коргоҳҳо зиёда аз 60 техникаю механизми гуногунтамға дастрас гаштаанд. Коргоҳҳои нави саноатӣ бо озмоишгоҳи муосир дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар боло бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат саҳми шоиста мегузоранд. Дар маҷмаа, ҳамчунин, бинои маъмурии дуошёна бо таҳхона мавҷуд мебошад. Бино дар масоҳати беш аз 900 метри мураббаъ сохта шуда, дорои ҳуҷраҳои кории роҳбарият, мутахассисон, маҷлисгоҳ ва ошхона аст. Маҷмааи нави истеҳсолӣ дар пойтахти мамлакат имкон медиҳад, ки талаботи ширкату корхонаҳо ва сокинон бо маҳсулоти сохтмонию роҳсозии аълосифати ватанӣ таъмин шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз нигоҳи инфрасохтор дар ҷумҳурӣ ягона буда, вобастагии коргоҳҳо аз ҳамдигар имкон медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ пешниҳоди истифодабарандагон гардад.
Баробари таъсису ба фаъолият оғоз кардани коргоҳҳои нав, ҳамчунин, дар доираи татбиқи лоиҳа, коргоҳи истеҳсоли бетон бо иқтидори 35 – 40 метри мукааб дар як соат бо истеҳсоли 8 тамғаи бетон ва коргоҳи истеҳсоли шағал бо андозаи аз 70 то 100 миллиметр барои таҳкурсии роҳ бо иқтидори 30 – 45 тонна дар як соат дубора барқарор шуд.
Ба андешаи мутахассисон, ифтитоҳи коргоҳҳои нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки дар раванди сохтмону навсозии роҳу кӯпрукҳо дар шаҳри Душанбе ва, дар маҷмуъ, мамлакат навгониҳои тоза дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ шаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти коргоҳҳои нави саноатӣ, аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёр дидан намуданд. Дар намоишгоҳ наздики 40 навъ маҳсулоти коргоҳҳои нави ватанӣ муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар асоси иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе коргоҳҳои истеҳсоли лӯлаву симчӯбҳои бетонӣ, новаҳои оҳанубетонӣ, маҳсулоти оҳанубетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳанубетонӣ барои хатҳои лӯлаҳои гармидиҳанда ва дигар маҳсулоти сохтмонию роҳсозӣ фаъол мешавад ва ҷойҳои кори нав таъсис меёбанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти фароҳамсозии имконоти мусоид ҷиҳати коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то ба ҳадди ниҳоӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ намуна арзёбӣ карда, бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатиро дар пойтахт барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар муҳим маънидод карданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар пойтахти мамлакат бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва   дар доираи Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) бо истифода аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда соли 2021-ум 26 ва дар ҳашт моҳи соли равон 16 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Саҳн ва ҳудуди коргоҳҳои истеҳсолии КВД «Роҳсоз» дар доираи тадбирҳои созанда сабзу хуррам карда шуда, масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардидааст. Ҳамчунин, роҳравҳои маҷмаа бетонпӯшу мумфарш ва 953 метри мураббаъ сафолакпӯш гаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2022    №: 176    Мутолиа карданд: 740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед