logo

Хабарҳо

ҲАЙКАЛИ ФИРДАВСӢ АКНУН САМАРҚАНДРО ЗИНАТ МЕБАХШАД

10 сентябр дар шаҳри Самарқанд пайкараи шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ қад афрохт. Ҳайкали ин шоири номвар дар майдони нави ба номи шоир, дар маҳаллаи Панҷоби Самарқанд ҷой гирифт.
 
Дар маросими ифтитоҳ вакилони ҳокимияти вилоят, намояндагони халқ, масъулони илму фарҳанг ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. Мушовири раиси вилояти Самарқанд Н. Алиев аз ин падидаи фарҳангӣ хушнудӣ изҳор карда, гуфт: «Фирдавсӣ шоири бузурги ҷаҳонист ва осори безаволи ӯ – «Шоҳнома» робитаи моро бо форсизабонони дунё таҳким мебахшад. Шодем, ки муҷассамаҳои устодони сухан Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ аз ин ба баъд зеби шаҳри Самарқанданд».
Сармуҳаррири муштараки ҷаридаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Ф. Тошев низ изҳор намуд, ки Фирдавсӣ бо шукӯҳи осори хеш Ӯзбекистонро бо Эрону Тоҷикистон мепайвандад. Ибтикороти мадании Президентамон Шавкат Мирзиёев дар мисоли чорабинии имрӯза исбот месозад, ки фарҳанг барои давлати мо аҳамияти бисёр муҳим дорад.
Устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд М. Муҳиддинов дар бораи фаъолияту эҷодиёти Абулқосими Фирдасӣ ва мавқеи он дар адабиёти ҷаҳон ҳарф зад. Бино ба гуфтаи ӯ, имрӯз «Шоҳнома»-и Фирдавсиро олимону шоирон, нависандагону мутарҷимон ва таърихнигорони дунё меомӯзанд ва ҳама ба як овоз арза медоранд, ки «Шоҳнома» беҳтарин ва бузургтарин асари ҳамосӣ аст, ки саропо аз ватандӯстӣ ва ҷавонмардиву паҳлавонӣ қисса мекунад.
Саидазиз Исҳоқов, мудири Анҷумани дӯстии Ӯзбекистону Эрон, чунин иттилоъ дод: «Ду моҳ қабл дар назди мадрасаи қадимаи Панҷоб ба сохтмони майдони Фирдавсӣ оғоз кардем. Пайкара омода буд, то зеби ин мадраса гардад. Мадрасаи Панҷоб аз 24 ҳуҷра иборат буда, дар он, асосан, забонҳои форсӣ, арабӣ, англисиро меомӯзанд. Ҳамин тавр, дар шафати мадраса муҷассамаи Пири Тӯс қомат афрохт ва, ба ин васила, ин даргоҳи маърифат низ, таъмиру таҷдид шуд».
Ёдовар бояд шавем, ки дар чанд ҳафтаи охир, аллакай, ин дувумин ибтикори наҷиби фарҳангист. Нахуст, 31 август пайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтитоҳ ёфта буд ва пас аз се рӯз сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз он дидан кард.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2913
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед