logo

Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР БМТ

Дар Бонки миллии Тоҷикистон 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси БМТ Ҳоким Холиқзода бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил шуд.
 
Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нақши муҳим ва калидӣ доранд, мазмуну моҳияти ин падидаи нодири таърихиро барои мардуми Тоҷикистон чунин арзёбӣ кардаанд: “Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи миллати бостонӣ ва асоси хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад”.
Ҳамчунин, тазаккур дод, ки ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ ба шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар шуд. Дар ин давра дар Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба амал омада, кормандони Бонк бо меҳнати бунёдкорона ва садоқатмандонаи хеш дар таҳкими дастовардҳо саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти ин соҳаи муҳими ҳаёти мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад.
 Дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан тайи чанд соли охир, ҳаҷми қарздиҳӣ, миқдори амалиётҳо ва андозаи захираҳои байналмилалӣ садҳо маротиба афзуда, масалан, ҳаҷми қарзҳои хурд дар моҳҳои январ – августи соли 2022 ба 6,3 миллиард сомонӣ баробар гардид. 
Як нукта боиси таъкид аст, ки то 31 августи соли 2022 ҳаҷми амонату пасандозҳо тақрибан 12 миллиард сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 21,5 фоиз бештар буда, аз болоравии эътимоди мардум ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати мақоми танзимкунандаи бахши бонкию молиявии мамлакат, татбиқи сиёсати пулию қарзиро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ равона менамояд.
Дар натиҷа, таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи июли соли 2022 ба 8,3 фоиз баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 0,8 банди фоизӣ кам мебошад.
– Дар маҷмуъ, саъю талоши роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои то андозае устувор боқӣ мондани қурби пули миллӣ, аз байн бурдани бозори сиёҳи фурӯши асъори хориҷӣ, афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва ғайра мусоидат кард ва натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Акнун вақти он расидааст, ки рушди босуботи низоми бонкии кишварро ҳадафи олии фаъолияти минбаъдаи худ қарор диҳем, – гуфт Ҳоким Холиқзода.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед