logo

Хабарҳо

«ДОДАРАКИ ФАРИШТАҲО». ДАСТРАНҶИ КИНОСОЗОНИ ТОҶИК СОҲИБИ ҶОИЗА ШУД!

 
Дар Ҷашнвораи XVIII байналмилалии кинои кишварҳои мусалмон, ки дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федаратсияи Россия доир шуд, филми бадеии коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов – «Додараки фариштаҳо» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филми кӯтоҳметраж» гардид.
Ҷашнвора аз 7 то 11 сентябр доир гардид. Тавре сомонаи kazan-mfmk.com иттилоъ медиҳад, ба Ҷашнвора аз 44 кишвари дунё беш аз 600 дархост барои иштирок ворид шуд. Ба барномаи он 50 филм шомил гардид, ки ҳайати ҳакамон аз ин миён беҳтаринҳоро интихоб ва бо ҷоизаҳо қадр намуданд.
«Додараки фариштаҳо» соли гузашта аз рӯйи ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо заҳмати коргардон Умед Мирзоширинов ва наворбардор Шуҳрат Қурбонов  рӯйи пардаи синамо омад. Нахустнамоиши филм аввали соли ҷорӣ дар Кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» сурат гирифта, аз ҷониби ихлосмандони олами синамо гарм пазироӣ шуд.
Филм ба тамошогарон ҳаёти бачаи 7 – 8-солаеро манзур медорад, ки волидонаш пойбанди  расму оин ва хуруфот мебошанд. Волидон ва ҳамсояҳо ӯро сабаби асосии фавти хоҳараконаш мешуморанд, ки ин ба руҳу равони кӯдак бетаъсир намемонад. Писарак тасмим мегирад, ки тибқи анъана пояшро сӯзонад ва, ба ин васила, хоҳараконашро аз марг бираҳонад. Ӯ ба ин минвол на танҳо хоҳараконашро наҷот додан мехоҳад, балки собит месозад, ки дар марги онҳо ҳеҷ гуноҳе надорад. Ин амалаш суде ба бор намеорад, аммо ӯ боз ҳам навмед нест. Барои шод кардани модару аз хона дур андохтани дарду ранҷ ва бим додани марг рӯзи марги хоҳараки навбатиаш кошонаашонро ба шодӣ мубаддал месозад.
Мавриди зикр аст, ки «Додараки фариштаҳо» имсол дар нахустин Синамоҷоизаи миллӣ – «Тоҷи Сомон» ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳметражро  соҳиб гардид.
Зимнан, коргардон Умед Мирзоширинов то ин замон чандин филмҳои дигаре низ офаридааст, аммо миёни ҳаводорони олами синамо филми «Муҷассамаи ишқ» маълуму машҳураш намуд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед