logo

Хабарҳо

ВАРЗИШ

 
«ҶОМИ ПОЯГУЗОРОНИ САМБО»
Акмалиддин мақоми аввалро касб кард
Самбочии номвари кишвар, қаҳрамони ҷаҳон Акмалиддин Каримов (-58кг) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми поягузорони самбо» (10-11 сентябр, Москва, Россия) медали тилло гирифт. 
Акмалиддин Каримов дар самбои варзишӣ дар финал Харун Тлишеви русро мағлуб кард. 
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар ҳисоби даставӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон мунтахаби Тоҷикистон баъд аз дастаи мизбон, ки дар шаш вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро касб кард.
Ёдовар мешавем, ки «Ҷоми поягузорони самбо» қаблан ба хотираи Анатолий Харлампиев доир мегашт. 
 
 
 
БОКС 
Ғалабаи навбатии Муҳаммад Яъқубов
Дар мусобиқаи «RCC Boxing Promotion» (Челябинск, Россия) боксёри маъруфи тоҷик Муҳаммад Яъқубов бо қарори доварон бар Кароос Даниел Кордоба (Аргентина) ғолиб омад. 
Муҳаммад дар ҳисобаш 19 ғалаба ва 1 бохт дорад. Рақибаш бошад, 15 набард анҷом дода, 7 маротиба бохтааст. 
 
Натиҷаи қувваозмоиҳои даври 15-уми Лигаи олӣ
 
Дар бозии даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ «Истиқлол» ба дарвозаи «Эсхата» ду голи беҷавоб зада, бо 30 хол мавқеашро дар зинаи аввал мустаҳкам кард. 
Бар  пояи  иттилои  ЛФТ, вохӯриҳои   дигари   давр   бо    чунин натиҷа  хотима  ёфтанд: КМВА – «Хуҷанд» – 1:0,  «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» –  1:2,  «Равшан-З» – «Равшан-К» – 2:2 ва  «Хатлон» – «Файзканд» – 0:0. 
 
Ду медали гӯштигирони собиқадор
 
Паҳлавонони тоҷик Оятулло Қамарӣ ва Неъматулло Арсонқулов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (8 – 11 сентябр, Краков, Лаҳистон) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон миёни 60 давлати иштирокчӣ бо 2 медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум мақоми 41-умро гирифт. 
 
Волейболбозони итолиёвӣ – қаҳрамони ҷаҳон
Мунтахаби Италия дар финали Чемпионати ҷаҳон оид ба волейбол (Лаҳистон ва Словения) Лаҳистонро бо ҳисоби 3:1 (25:22, 21:25, 18:25, 20:25) мағлуб намуда, унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Барои ишғоли зинаи сеюм Бразилия бар Словения ғалаба кард.
 
Алкараси 19-сола таърихи нави теннисро менависад
 
Теннисбози 19-солаи испанӣ Карлос Алкарас пас аз ғалаба дар Чемпионати кушоди ИМА дар радабандии ATP ба мақоми аввал мебарояд ва ҷавонтарин ракеткаи рақами як дар таърих мешавад. 
Ӯ дар мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург»-и ИМА 23 соату 40 дақиқа дар корт бозӣ кардааст, ки рекорд ба ҳисоб меравад. 
Алкарас дар финал Каспер Рудди норвегиро бо натиҷаи 6:4, 2:6, 7:6(1), 6:3 шикаст дода, аввалин қаҳрамониашро дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” сабт намуд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2993
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед