logo

Хабарҳо

Мирзиёев дар бораи саммити дарпешистодаи СҲШ сухан гуфт

Известия. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бовар дорад, ки нишасти сарварони кишварҳои СҲШ дар Самарқанд намунаи нави  ҳамкориҳои минтақавӣ барои ин Созмон  хоҳад шуд.   
Сиёсатмадор таъкид кард, ки СҲШ бузургтарин Созмони минтақавӣ дар ҷаҳон аст, ки “фазои бузурги ҷуғрофӣ ва тақрибан нисфи аҳолии сайёраи моро муттаҳид кардааст”. Ҳаҷми умумии маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои СҲШ ба чоряки нишондиҳандаи ҷаҳонӣ расидааст. Мақоми ғайриблокӣ ва ҳамкории доимии гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Созмон, даст кашидан аз муқовимат ва ихтилофоти сиёсӣ гарави муваффақияти СҲШ гардид.
 
 
 
Дар Туркия мавзуъҳои гуфтугӯи Путин ва Эрдоганро номбар карданд
РБК. Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган зимни мулоқот бо Президенти Россия Владимир Путин дар нишасти сарварони Созмони ҳамкории Шанхай ният дорад, масъалаи иҷрои “созишномаи ғалла”, амалиёт дар Украина ва авзоъ дар Сурияро матраҳ намояд. Дар ин бора, рӯзномаи «Hurriyet» хабар додааст.
Ҷаласаи сарварони СҲШ 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Эрдоган бо даъвати Путин (Туркия узви ин Созмон нест) дар ин чорабинӣ ширкат хоҳад кард. Ба навиштаи рӯзномаи туркӣ, мавзуи аслии музокироти ду Президент дар Самарқанд кори "созишномаи ғалла" хоҳад буд, ки тибқи он ғаллаи ҷамъшуда аз се бандари Украина содир мешавад.
Ҳафтаи гузашта Путин гуфт, ки аксари киштиҳои ғалладона, ки аз долони мувофиқашуда мегузаштанд, ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фиристода шуда, танҳо 3 дарсади маводи ғизоии содиршуда тавассути барномаи СММ ба кишварҳои фақиртарин мерасад. 
“Бо ин равиш, миқёси мушкилоти ғизо дар ҷаҳон танҳо афзоиш хоҳад ёфт. Шояд дар бораи он фикр кунем, ки содироти ғалла ва дигар озуқавориро дар ин масир  маҳдуд намоем. Ман ҳатман дар ин бора бо Президенти Туркия машварат хоҳам кард», – гуфт Путин.
 
 
 
Раиси нави Маҷмаи умумии СММ ният дорад ба ислоҳоти Шурои амният иқдом кунад
Росбалт. Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ Чаба Кёрёши ҷонибдори ислоҳот дар Шурои амнияти Созмони ҷаҳонӣ аст. Ӯ ба нақша гирифтааст, ки кураторҳои нав таъин кунад ва дархост намояд, ки музокирот дар бораи пешниҳодҳои мушаххас оид ба ислоҳоти Шурои амнияти СММ оғоз шавад.
«Мо ба Шурои амнияти васеътар, намояндагӣ ва таваҷҷуҳи беҳтардошта ниёз дорем. Ман барои пеш рафтани ин раванд тамоми корро анҷом медиҳам», – ваъда дод раис. Рӯзи душанбе намояндаи Маҷористон Чаба Кёрёши раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ гардид. Вай савганд ёд карда, ба вазифаи худ шуруъ намуд. Дар суханронии аввал Кёрёши хостори оташбаси фаврӣ дар Украина ва аз сар гирифтани музокирот шуд.
Имрӯз дар Ню-Йорк иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ ифтитоҳ мешавад.
 
 
 
 
СБМ: «50 миллион нафар дар ҷаҳон дар ғуломӣ қарор дорад»   
CentralAsia (CA). Созмони байналмилалии меҳнати СММ гузоришеро дар бораи ғуломдории муосир нашр кардааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 28 миллион нафар ба кори ғуломӣ машғул буда, 22 миллион нафари дигар дар издивоҷи маҷбурист. Ин ҳар 150-умин сокини Замин мебошад. 
Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) таъкид кардааст, ки ин нисбат ба гузориши қаблии дар соли 2017 нашршуда 10 миллион нафар бештар мебошад. Афзоиши ҳолатҳои ғуломӣ дар 5 соли охирро дар СБМ ба бад шудани вазъи иқтисодии ҷаҳон бар асари пандемияи COVID – 19, тағйирёбии иқлим ва буҳрони энергетикӣ марбут медонанд, ки боиси афзоиши камбизоатӣ гардид. Камбағал шудани аҳолӣ мардумро водор месозад, ки пешниҳодҳои кори шубҳанокро қабул кунанд, муҳоҷири ғайриқонунӣ гарданд ва барои сер кардани оила ё пардохти қарз аъзои ҷавони оиларо бар хилофи хоҳишашон ба издивоҷ «фурӯшанд».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2183
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед