logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО БАРНОМАРЕЗИҲОИ СТРАТЕГӢ

Таърихи муборизаи миллатҳо барои ноил гардидан ба истиқлолу озодӣ ва раванди таҳким ва устуворгардонии пояҳои истиқлол нишон медиҳад, ки ҳифзу мустаҳкамии Истиқлоли давлатӣ аз ба даст овардани он душвортар аст. Зеро, агар дар раванди истиқлолхоҳӣ як муборизаи умумӣ кифоя бошад, пас раванди ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ маҷмуи барномарезиҳо, дидгоҳҳои стратегӣ, иродаи сиёсӣ ва ҳувияти қавии миллиро тақозо менамояд. Албатта, дар раванди пойдориву таҳкими истиқлоли давлат омилҳои гуногун нақши муҳим доранд, вале илмҳои сиёсӣ ва таҷрибаи давлатҳо собит намудаанд, ки дар ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва мавҷудияту бақои давлат сарвари сиёсӣ ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Маҳз фаъолияти ҷудонопазир аз хиради сарвари сиёсӣ имкон фароҳам меорад, ки манфиатҳои миллӣ дар сатҳи зарурӣ ҳимоя шаванд.
Таҳлили раванди бунёд ва ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишон медиҳад, ки дар ин масир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. 
Таърихи сиёсии кишвар ва марҳилаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон гувоҳ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ дар ҳифзи истиқлоли сиёсии Тоҷикистон нақши калидии худро гузоштанд. Ба ҳама маълум аст, ки  миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол  соҳиби давлати мустақил гардид ва  баробари эълони истиқлоли  давлат  ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Воқеан, он вақт давлати тозаистиқлол дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Зуҳури таҳдидҳо, манфиатҷӯии гурӯҳҳои мухталиф ва идомаи низоъҳо ҳамоно сарнавишти ояндаи давлатро норавшан ва истиқлоли сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд. Буҳрони сиёсии бавуҷудомада вуруди шахсияти соҳибхирад, огоҳ, андешаманд ва далеру шуҷоъро тақозо менамуд, ки тавонад бо корнамоии худ миллатро аз парокандагӣ ва истиқлоли давлатро аз нобудӣ ҳифз намояд. Чунин шахсиятро вакилони халқ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (16 ноябр – 2 декабри соли 1992, шаҳри Хуҷанд) дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диданд ва ӯро ба сифати Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Дар чунин марҳилаи ҳассос ва душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, ҳамчун насли огоҳи миллати тоҷик рисолат ва вазифаи миллии худро дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда ба анҷом расонданд. Яъне, Роҳбари давлат дар саргаҳи фаъолияташон ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлату миллатро гузошта, ба ин васила истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуданд. 
 
“МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”
Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омиле гардиданд, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гашта, ваҳдати миллӣ тантана ёбад. Имрӯз дар фазои субот, амнияти миллӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 
 
БАРНОМАРЕЗИҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН 
Пас  аз  он, ки 27 июни соли 1997 дар кишвар сулҳу субот барқарор гардид, масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва таъмини шароити зиндагии арзанда барои аҳолии кишвар дар авлавияти сиёсатгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Мувофиқи омор, дар аввали солҳои 2000 тақрибан 80 дарсади аҳолии кишвар дар ҳолати камбизоатӣ қарор дошт. Мушкилоти дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бамиёномада, Роҳбари давлатро водор менамуд, ки бо қабули стратегия ва барномаҳои махсус мушкилоти мавҷударо ҳал намояд. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат се ҳадафи старатегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикиро қабул намуд. Таҳлилҳои имрӯз ва воқеияти рушди кишвар нишон медиҳанд, ки ҳадафҳои гузошташуда амалӣ гардида, таъсири худро дар рушди Тоҷикистон ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум гузоштанд. 
Масалан, бунёд ва навсозии роҳу нақбҳо, ки то имрӯз дар мамлакат идома доранд, мушкилоти коммуникатсиониро пурра ҳал намуда, Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил дод. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, заминҳои бекорхобида мавриди истифода қарор гирифтанд ва дар ин замина соҳаи кишоварзӣ рушд карда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши худро гузошта истодааст. 
Дар самти расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқии обӣ бунёд шуданд, ки ҳам амнияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам дар пешрафти корхонаҳои саноатӣ мусоидат карданд. Махсусан, бунёди НБО «Роғун» ва ба истифода додани ду чархаи он, яке аз муҳимтарин корнамоии таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад. Ин воқеияти инкорнашаванда аст. Доираҳои фикрӣ гувоҳанд, ки нақшаи бунёди НБО «Роғун»-ро ҳанӯз давлати абарқудрати шуравӣ роҳандозӣ намуда, ба анҷоми сохтмони он натавонист ноил гардад. Ин ормон ва ҳадафи миллӣ маҳз бо талош ва фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. Дар натиҷаи чунин иқдомҳо имрӯз сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 26 дарсад коҳиш ёфтааст, ки дар муқоиса ба соли 2000-ум дастоварди бузург ба шумор меравад. Зимнан, ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардидааст, ки татбиқи ин ҳадаф имкон медиҳад, рушди сифатии Тоҷикистон таъмин шавад.  
 
РУШДИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ 
Новобаста аз мушкилоти дохилӣ дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сиёсати хориҷии мамлакат диққати махсус зоҳир намуданд. Дар ҷаҳони муосир яке аз принсипҳои асосии ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ин аст, ки давлат бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи умумиро соҳиб гардад ва истиқлоли худро машруият бахшад. Дар сиёсати байналмилалӣ эътироф гардидани истиқлоли як давлат аз ҷониби кишварҳои дигар рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, танҳо бо эълони истиқлол наметавон, ки пояҳои онро таҳким бахшид. Аз ҳамин хотир, амалӣ гардондани маҷмуи чорабиниҳо дар самти таҳкими Истиқлоли давлатӣ муҳим арзёбӣ мешавад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба 29 сентябри соли 1993 дар минбари бонуфузтарину бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, мақсаду маром, ҳадафу барнома ва моҳияти давлатдории миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона, беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд  рушд диҳад. Пайгирии чунин сиёсат ба кишвари мо имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳамкориҳоро бо давлатҳои гуногун ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ густариш диҳад. Гузашти солҳо ва натиҷаи татбиқи сиёсати «дарҳои кушода» собит намуд, ки дар сиёсати хориҷии кишвар меҳвар қарор додани он кори хирадмандона ва дурандешона будааст. Зеро имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бузургтарин созмонҳои ҷаҳонӣ аз қабили СММ ҳамкорӣ дошта, барномаҳои мушаххасу муштаракро амалӣ мегардонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҷиҳати таҳким ва тақвияти Истиқлоли давлатӣ бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат буд, ки имрӯз истиқлоли кишвари моро беш аз 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, Тоҷикистон бо беш аз 180 мамлакат робитаҳои дипломатиро барқарор намудааст. Дар баробари ин, бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро эътироф кардаанд ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо мебошад. Айни ҳол кишвари мо узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ аст. 
Зимнан, дар ин муддат мактаби дипломатияи миллӣ ташаккул дода шуд, ки имрӯз дар омода намудани кадрҳои баландихтисос нақши муассир дорад. 
Раёсати Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дастоварди дигари фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии кишвар аст. Маҳз дар натиҷаи ҳамин корнамоиҳои Сарвари давлат имрӯз дар Тоҷикистон модели дипломатияи миллӣ ташаккул ёфт.
Дар баробари рушди сиёсати хориҷӣ ва ташаккули мактаби муосири дипломатии тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳод ва ташаббусҳои байналмилалиашон дар соҳаи об тавонистанд, ки ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шинохти ҷаҳонии давлати миллии тоҷикон муваффақ гардида, ҳамзамон, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир саҳми бузурги худро гузоранд. 
Ҳамин тариқ, раванди ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди кишвар дар муддати 31 сол ба фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад. Барномарезиҳои стратегиву андешамандонаи роҳбарияти олии кишвар давлатро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот дода, устувории Тоҷикистон ва истиқлоли миллиро таҳким ва ҳифз намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сиёсии хирадсолор ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҳимоя намуда, давлатро ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид карданд, ки ин бузургтарин дастоварди таърихии мо ва арзишмандтарин неъмат аст. 
Тавре маълум аст, ҷаҳони муосир бо мушкилот ва таҳдидҳои бузург  мувоҷеҳ  аст. Афзоиши хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, рақобатҳои шадиди геополитикӣ, бархӯрди тамаддунҳо амнияти минтақа ва ҷаҳонро осебпазир гардондаанд. Чунин шакл гирифтани сиёсати ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки беш аз пеш дар самти ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро имрӯз, ки мо дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем ва тамоми шароитҳо барои рушди рӯзгори мо фароҳам аст, маҳз самараи соҳибистиқлолии кишвар ва талошҳои созандаи Роҳбари давлат аст. Ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаи миллат ба ҳифзи истиқлоли давлат ва дастовардҳои он алоқамандии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз вазифаи миллии ҳар як тоҷик ва рисолати шаҳрвандии ҳар як тоҷикистонӣ аст, ки дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори Тоҷикистон саҳми худро гузорад. 
 
Алиназар АШУРОВ, 
муовини сардори Раёсати таҳлил ва 
ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти 
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2022    №: 177    Мутолиа карданд: 662
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед