иҷтимоиёт
ҒИЗОРО ЧУН ДАВО БИХӮРЕД...
Таваҷҷуҳ ба ғизои солиму парҳезӣ дар шароити рушди нанотехнология ба масъалаи муҳим табдил ёфта, аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Аз сабаби он ки нуфуси аҳолӣ дар кураи Замин босуръат меафзояд, барои таъмини онҳо бо ғизо аз дастовардҳои илм фаровон истифода мебаранд. Кашфи техникаю технологияи муосир боиси тавлиди даҳҳо намуд маҳсулоти хӯрокворӣ, ба мисли ғизоҳои саридастӣ (фасфудҳо), ширавориҳо, нӯшокиҳои ширини газнок шудааст, ки истеъмолашон ба бунёни инсон манфиати хеле кам, вале зарари зиёд мебахшанд. Яъне, ғизои саноатӣ ба сарчашмаи бемориҳои нав ба нави ба соҳаи тиб ҳанӯз номаълум боис гаштааст. Мутобиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то 80 дарсади бемориҳо аз вайронии таркиби ғизо ё худ аз ғизои носолим маншаъ мегиранд, ки ин ҳолат дар назди коршиносони соҳаи тиб мушкилотеро ба миён овардааст. Хабарнигори “Ҷумҳурият” доир ба ҳамин масъалаи пурмуаммо бо Азизулло Шарифов, директори Маркази ҷумҳуриявии ғизо, номзади илмҳои тиб, суҳбате орост, ки муҳтавои он пешниҳод мегардад.
- Лутфан бигӯед, ки мафҳуми “ғизои солим” чиро дар бар мегирад ва оқибати истеъмоли ғизои носолим чӣ сарбориҳо дорад?
- Дар илми ғизошиносӣ ибораи “ғизои солим” хеле серистифода аст. Ғизои солим ғизоест, ки афзоиши муътадил ва фаъолияти ҳаётии инсонро таъмин карда, ба тақвияти тандурустӣ ва пешгирии бемориҳо мусоидат менамояд.
Муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши ғизо ва муолиҷаи беморон машғуланд, андеша доранд, ки ғизои солим метавонад таъсир ва натиҷаи ҳайратангез диҳад. Дар таърихи тиб садҳо намунаҳо ҳастанд, ки шахсони гирифтори бемориҳои музминро танҳо тавассути парҳез ва ғизои солим муолиҷа карда, шифо бахшидаанд. Албатта, ғизои солим давои ҳамаи дардҳо нест, аммо омили асосии саломатӣ ва дарозумрӣ буданаш илман исбот шудааст. Оқибати истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва носолим бошад, ранҷурист.
Яъне, ғизо сарчашмаи маризиҳо низ ҳаст ва яке аз он касалиҳо, ки илми тиб солҳо боз ба муқобилаш фаъолона мубориза мебарад - фарбеҳист. Ғизошиносон пурхӯриро аввалин сарчашмаи фарбеҳӣ медонанд ва таъкид месозанд, ки мунтазам ва аз меъёр зиёд хӯрдани маҳсулоти нонӣ, хӯрокҳои серкалория, ба мисли ғизоҳои гӯштии серравған, маҳсулоти ширии равғаннокиаш баланд, инчунин, неъматҳои қаннодӣ, маҳсулоте, ки дар таркибашон трансчарбҳо доранд (маргарин, майонез, чарбҳои ҳайвонот), обҳои газноки ширин сабаби асосии инкишофи фарбеҳӣ мебошанд.
Истеъмоли зиёди ғизо, бахусус карбогидратҳо (маҳсулоти нонӣ, биринҷу картошкаву ширавориҳо) дар бадан дарҳол ба чарб табдил меёбанд ва дар қабати чарбии зери пӯст, бофтаҳои чарбии назди гурда, чарби пардаи шикам ва халтачаи дил ҷамъ мешаванд. Агар ба таври одӣ бигӯем, бинобар пурхӯрӣ ба бадан неру (энергия)-и зиёдатӣ ворид мегардад, ҳамин неруи зиёдатӣ дар ҷисм дар шакли чарб захира мешавад ва тадриҷан одамро ба фарбеҳӣ ва дигар бемориҳо мубтало месозад. Ин намуди фарбеҳиро дар илми ғизошиносӣ фарбеҳии алиментарӣ меноманд, ки асосаш истеъмоли аз меъёр зиёди ғизо буда, мутаассифона, 90 дарсади фарбеҳиро ташкил медиҳад.
Намаки ошӣ ва ҳар гуна таъмдиҳандаҳо низ ба фарбеҳшавӣ мусоидат мекунанд, иштиҳоро барангехта боиси пурхӯрӣ мегарданд. Аз расму таомул, вақту соати хӯрокхӯрӣ низ набояд сарфи назар кард. Умуман, масъалаи ғизо, чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан, сифати ғизо ва вақту соати онро набояд саҳл пиндошт.
- Мегӯянд, ки фарбеҳ шудан осон, аммо ба меъёр овардани вазн корест сангин.
- Бале, аз баднафсӣ бадан зуд чарб мебандад ва дар натиҷа кас аз меъёр зиёд вазн мегирад, ки ба дил фишор меорад. Аз фарбеҳӣ раҳо шудан саҳлу осон нест, роҳаш пурмашаққат аст. Фарбеҳӣ бемориест, ки азобу ранҷҳои зиёдро дар пай дорад. Одамони гирифтори ин маризӣ бештар аз дигарон ба касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ: бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, камхунии ягон қисми дил/ишемия), ниқрис, диабети қанди навъи 2, баъзе намудҳои саратони ғадуди сина, узви ҳозима мубтало мегарданд ва зуд пиру дилшикаста мешаванд. Ибтидои бемории санги талхадон ва панкреатити музмин низ ба фарбеҳӣ сахт алоқаманд мебошад. Ба ашхоси фарбеҳ корношоямӣ ва кӯфтагиҳои руҳиву равонӣ зудтар ва бештар таҳдид мекунанд.
- Пас чӣ бояд кард ва ҳангоми истеъмоли ғизо чиро бояд ба инобат гирифт?
- Мардум, бахусус, шаҳрнишинон хӯрдани нони гандумиро аз навъи дуюму сеюми орд, ба боди фаромӯшӣ партофтаанд. Муҳаққиқон бар онанд, ки дар гандум тақрибан тамоми унсурҳои ҷадвали кимиёвии Менделеев вуҷуд доранд, вале ин унсурҳо асосан дар пӯсти гандум буда, баъд аз орд кардан дар таркиби сабӯс боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи дигар, нодиртарин витамину моддаҳои маъданӣ аз орд берун мемонанд. Мутобиқи коркарди имрӯз ҳангоми истеҳсоли орди навъи якум ва олӣ талафи витамину микроэлементҳо аз 65 то 90 дарсадро ташкил медиҳад. Дар адабиёти тиббӣ омадааст: “Нони фатир ё ордаш бисёр маҳин, агар дар он мутлақан сабӯс набошад, ҳамчунин, гандумаш шустагӣ бошад, нон пухта бихӯранд, ба душворӣ ҳазм мегардад, дарунро сахт мекунад, дар узвҳои бадан гиреҳ пайдо менамояд”. Бинобар ин аз модарони азиз, бонувони меҳрубон хоҳиш дорем, ки ҳангоми хамир кардани орди навъи якум ва олӣ ба хамир ҳеҷ набошад, як-ду коса орди навъи сеюм ва аз ҳама хубаш орди осиёҳои маҳаллӣ илова кунанд. Гузашта аз ин, мушоҳида мегардад, ки аксар мардум ба хӯрдани нони гарми сафед майлу ҳаваси зиёд доранд, ки ин ба саломатӣ беасар намемонад. Маълум аст, ки барои расидани хамир ва зуд сахт нашудани он аз хамирмоя истифода мебаранд. Дар нони гарм раванди турш шуда ҷӯшидани он, ки моддаи “зинда” аст, зуд поён намеёбад. Хӯрдани нони гарм боиси дамиши шикам ва сабаби пайдоиши ҳар гуна бемориҳо шуда метавонад.
Тиб бар он аст, ки нон неъматест бебаҳо, инсон барои бақои ҳаёт ва тандурустии хеш наметавонад бе нон зиндагӣ ба сар барад. Айни замон тиб ба андоза хӯрдан, дар хӯрдани нон синну солу сиҳатиро дар назар доштанро низ муҳим, ҳатто бисёр муҳим медонад. Асҳоби тиб фармудаанд: “Ғизоро чун даво бихӯред, то ин ки баъд доруро чун ғизо нахӯред”.
Бояд дар назар дошт, ки ғизоҳои сунъӣ низ ба тану ҷони кӯдакон беасар нахоҳанд монд, дар синни калонсолӣ ба фарбеҳӣ гирифтор омадани онҳо аз эҳтимол дур нест. Чун сухан ба тандурустии кӯдакон пайванд хӯрд, чи хуб мешуд, ки кӯдакону наврасон дар мактаб дар баробари омӯзиши фанҳои гуногун дар бораи ғизои солим, маърифати истеъмоли ғизо нахустин ва одитарин донишро мегирифтанд.
Боз ҳам хуб мешуд, ки ин дониш баъдан дар коллеҷу мактабҳои олӣ такмил меёфт. Агар ин иқдом ба роҳ монда шавад, кӯдакону наврасону ҷавонон аз хӯрдани ғизоҳои саридастӣ, обҳои газноки ширини рангоранг раҳо меёбанд. Дар ин асос саломатӣ ва дарозумрии аҳолӣ дар оянда ба таври мусбат тағйир хоҳанд ёфт.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2022 №: 177 Мутолиа карданд: 839