logo

иҷтимоиёт

ОРЗУИ ХОЛАИ ШАРИФМОҲ

Тоҷикистон, агарчи аз ҳама гуна буҳрон эмин асту оромиву осоиши мардум – таъмин, вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон метавонад ба иқтисодиёти мо низ таъсири манфӣ бирасонад. Биноан, Президенти дурандеши мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар суҳбату суханронӣ дар сафарҳои корӣ ва ташриф овардан ба хонаи сокинони алоҳида таъкид месозанд, ки халқ аз неъматҳое, ки дар тобистону тирамоҳ фаровонанд, барои зимистон захира намоянд. 
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби аҳолии заҳматпеша ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кардаанд. 
“Худованд ба Ҷаноби Олӣ тамоми хушиҳои оламро диҳад! Мо тавсияҳои Президентамонро ҳамеша иҷро мекунем ва сад шукр, ки танқисии рӯзгорро намебинем”, – гуфт холаи 68-сола аз деҳаи Правдаи Ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шарифмоҳ Насриддинова. 
“Мо деҳқонем. Калон кардани ҳафт фарзанд осон набуд. Гоҳо ба мушкилиҳои зиндагӣ дучор мешудем. Аммо боз ҳам меҳнат кардем ва ҳоло роҳаташро дида истодаем”, – мегӯяд ӯ. 
Баробари ба ҳавлии холаи Шарифмоҳ, ки он ҷо ӯ бо писараш Саидҷон ва набераҳояш ба сар мебарад, ворид шудан, чашм аз мушоҳидаи иморатҳои хоксорона, вале хеле зебо рангшуда, замини наздиҳавлигие, ки дар он дарахтони току хурмо ва зироатҳои кишоварзӣ, амсоли ҷуворимакка, лӯбиё шинонда шудаанд, нур мегираду дил ба ваҷд меояд. Нашъунамои хеле хуби зироатҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки дастони заҳматнописанде ҳамеша ба нигоҳубини онҳо андармонанд.  
Ширу гӯштро низ аз бозор намехаранд, зеро парвариши чорвои калону хурдро хеле хуб ба роҳ монда, барои зимистон, аллакай, ба миқдори зарурӣ хошок доранд. Захираи ҳезум низ ба ду сол мерасад. 
Анбору таҳхонаи онҳо пур аз халтаҳои гандум, наску нахӯду дони ҷуворимакка ва ҳудуди 400 зарфи пур аз мураббою шарбату афшураи сабзавоту мева мебошад. 
“Пас аз он ки бо иқдоми Пешвои миллат хоҷагиҳои калон ба хоҷагиҳои хурд тақсим шуданд, – мегӯяд Саидҷон Насриддинов, писари холаи Шарифмоҳ, – мо низ саҳми худро гирифтем ва дар ҳудуди бештар аз 9 гектар бо номи “Файз-2” хоҷагии деҳқонии худро таъсис додем. Пахта, ғалла, ҷуворимакка, картошка, помидор, пиёз, сабзӣ, булғорӣ ва дигар зироатҳо мекорем”. 
Нишондиҳандаҳои истеҳсолии хоҷагии мазкур аз нишондиҳандаҳои ноҳия кам набуда, дар баъзе мавридҳо аз ҳисоби миёнаи он зиёд аст. Аз як гектар пахтазор то 30-35 сентнер, аз ғаллазор 50 сентнер, аз ҷуворимакка то 80 сентнер ҳосил мегиранд. Юнучқаро дар як сол ҳафт бор медараванд. 
“Ман шукрона аз Ватани орому обод ва Сарвари хирадмандамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳама комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо номи ӯ тавъам аст ва модари оқилу меҳрубонам мекунам. Маблағҳои аз деҳқонӣ бадастомадаро ба корҳои хайр: таҳсили фарзандон, таъмини рӯзгор ва баҳри дастгирии ниёзмандон ва ободонии маҳали зист сарф менамоем”, – мегӯяд Саидҷон Насриддинов.
Роҳи деҳаи Правда пеш шағалпӯш буд. Дар тобистон чанг, дар баҳору зимистон лой боиси азияти бошандагон мешуд. Инро дида, бо пешкории оилаи Насриддиновҳо ва ҳамдастии ҳамдеҳаҳо кӯча пурра мумфарш шуд. Ҳамзамон, шабҳои тори деҳаро бо чароғҳо равшан намуданд. Атрофи оромгоҳро бо панҷараҳои зебои оҳанӣ маҳкам карданд. Даромадгоҳи деҳро аз партов тоза карда, дарвозаи калоне сохта, ба истифода доданд. 
“Хушбахтона, – мегӯяд Мастура Табарӣ, муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, – ин гуна оилаҳои дар сарфаю сариштакорӣ ва накукорӣ намуна дар ҳамаи ҷамоатҳо ҳастанд. Онҳо аз тавсияҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, заминҳояшонро пурсамар истифода мебаранд, дар як сол то се ҳосил мерӯёнанд, ба мурғу харгӯшпарварӣ ва чорводорӣ машғул мешаванд. Лекин оилаҳое низ ҳастанд, ки гарчанде об аз пеши хонаашон мегузарад, заминҳои наздиҳавлигияшонро дуруст истифода намебаранд. Бо ин мақсад, баъд аз вохӯрие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 июл бо роҳбарону фаъолони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва дигар манотиқи кишвар дар ноҳияи Данғара гузаронданд, нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, гурӯҳҳои корӣ дар деҳаҳо корҳои оммафаҳмониро тақвият доданд. Бовар аст, ки сафи оилаҳои сариштакор, чашмикордон ва пешқадаме чун оилаи холаи Шарифмоҳ боз ҳам бештар мешавад”.
Холаи Шарифмоҳ мегӯяд, ки ба ҷуз як орзу дигар ба ҳама ормонҳои хеш расидааст: 
“Меҳнати хоксоронаи моро ба назар гирифта, борҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меҳмони хонадонамон шудаанд. Фақат як орзу дорам: мехоҳам, ки Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бор ба хонадони мо қадами файзборашонро гузоранд, дар сари як хон бо аҳли оилаи мо нишинанд, маслиҳатҳои падаронаашонро аз мо дареғ надоранд ва дуои хайрамон диҳанд. Он гоҳ сарам ба осмон мерасид”.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2022    №: 177    Мутолиа карданд: 755
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед