иҷтимоиёт
АРЗИ СИПОС!
Замони зуҳури пандемия ба Россия рафта, пас аз муддате ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шиносномаамро, гум кардам. Ба милитсия ва Хадамоти консулии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намудам. Сардори Хадамот Искандар Шарофиддинзода маро хуш пазируфт. Кормандони он Парвиз Назарзода, Баҳодури Садриддин, Азизулло Сайҷаъфаров, Ҷамолиддин Сониев низ, муомилаи хуб доштанд. Дар муҳлати муайяншуда, тақрибан 15 – 20 рӯз ҳуҷҷатҳоямро барқарор намуданд.
Муносибати онҳоро дида, хеле хурсанд шудам. Бо ҳама хушмуомила буданд. Бахусус, бо занҳо бо эҳтироми тамом муносибат менамуданд. Ҳамон вақт ният карда будам, ки агар ба Ватан баргардам, ҳатман ба рӯзномаи дӯстдоштаам - «Ҷумҳурият» меравам ва ифтихореро, ки аз дидани муносибати неки ҳамватанонам пайдо гашта буд, ба кулли сокинони ҷумҳурӣ мерасонам. Хушбахтона, тақдир ин фурсатро ба ман дод ва ба дидори пайвандон расидаму ёди он рӯзҳо дубора пеши рӯ омад. Ман ҳамчун як тоҷик ифтихор дорам, ки вориси насли бофарҳанг ҳастам ва ҳамватанони ман дар хориҷи кишвар бо хулқу рафтори намунавӣ миллатамонро муаррифгаранд. Ба онҳо тавассути ин рӯзномаи бонуфуз арзи сипоси худро мерасонам.
Рустамҷон САФАРОВ, сокини шаҳри Кӯлоб,
майори мустаъфии Гвардияи миллӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2022 №: 177 Мутолиа карданд: 624