logo

Хабарҳо

СҲШ. САМАРҚАНД МЕҲМОНОНРО БО ШОҲКОРИИ НАВ ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД

 
Шаҳри бостонии Самарқанд дар ин рӯзҳои фараҳбахш беш аз пеш ҷило ва шукӯҳи наву тоза касб кардааст. Аз тамошои кӯчаву хиёбонҳо ва майдонҳои бошукӯҳи он ҳувайдост, ки шаҳр мизбони як чорабинии муҳиму бонуфузи байналмилалист. Парчами кишварҳои иштирокчии нишасти навбатии сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои он, парфишонӣ мекунад.
 
– Самарқанд барои истиқболи меҳмонони олимақом аз 14 кишвари дунё куллан омода мебошад. Давоми се соли охир дар шаҳр корҳои зиёди созандагӣ сурат гирифтанд. Яке аз иншооти ҷолиби он, ки бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардидааст, шаҳри этнографӣ ё «Шаҳри абадӣ» мебошад, – гуфт ба «Ҷумҳурият» сухангӯи ҳокими вилояти Самарқанд Манучеҳр Мирзоев. 
Иттилоъ доданд, ки шаҳраке андар шаҳри Самарқанд дар масоҳати умумии 212 гектар бунёд ёфта, ҷамъи нусхаҳои ёдгориҳои  таърихиву меъмории Самарқанд, Бухоро, Хива ва Шаҳрисабзро дар худ таҷассум намудааст. Манораи калон, Чорминор, Арки шоҳ,  Мадрасаи мири араби Бухорои Шариф, ёдгориҳои таърихиву меъмории Шаҳрисабзи Қадим ва амсоли он дар «Шаҳри абадӣ» қомат афрохтаанд, ки на хусусияти фароғатӣ, балки характери намоиширо касб намудаанд. Ҳар фарде, ки ба ин ҷо меояд, мебинад, ки дар шаҳрҳои бостонии болозикр кадом ёдгориҳои таърихиву меъморӣ мавҷуданд. 
– Дар баробари ҳамаи ин чаҳор меҳмонхонаи бошукӯҳу замонавии барои меҳмонони нишасти сарварони кишварҳои узви СҲШ дарҳои худро боз намудаанд. Конгресс-Ҳол ва амфитеатр макони асосии роҳандозии чорабиниҳои дигар дар доираи ҳамин нишаст хоҳад шуд, – тазаккур дод Манучеҳр Мирзоев. 
Ёдовар мешавем, ки 15-16 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд нишасти 22-юми сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай – Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Тоҷикистон  ва Ӯзбекистон доир мегардад. Дар нишасти мазкур роҳбарони се давлати нозир – Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон ширкат мекунанд. Инчунин, президентони Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Арманистон ба ҳайси меҳмонони ифтихорӣ ба Самарқанд даъват шудаанд. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3383
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед