logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Путин бо Шолс

 
Мир 24. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кремл, Президенти Россия Владимир Путин бо Канслери Олмон Олаф Шолс суҳбати телефонӣ анҷом дод. 
Зимни суҳбат дар бораи вазъи бахши энергетикии Аврупо Владимир Путин таъкид кард, ки кишвараш таъминкунандаи боэътимоди манобеи энергетикӣ буд ва боқӣ мемонад, инчунин, тамоми уҳдадориҳои шартномавии худро иҷро мекунад. Ва таваққуфҳо, масалан, дар кори лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ 1" бо сабаби таҳримҳои зидди Россия мебошад, ки монеи анҷом додани хизматрасонии техникӣ мешаванд. Роҳбарон, инчунин, дар бораи созишномаи ғаллае, ки дар Истанбул баста шуд, суҳбат карданд. Роҳбари Россия аз нобаробар будани ҷуғрофиёи интиқоли баҳрии ғаллаи Украина изҳори нигаронӣ намуд, ки танҳо як қисми ками он ба кишварҳои ниёзмандтарин меравад. Дар ҳамин ҳол, Путин зикр кард, ки дар рафъи монеаҳо дар роҳи содироти маҳсулот ва нуриҳои минералии Россия ҳеҷ пешравӣ нест.
 
 
Дабири кулли СММ даъват кард, ки мушкилотро тавассути дипломатия ҳал намоянд
 
RT. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ хостори ҳалли мушкилот тавассути дипломатия шуд.
«Мубоҳиса, баррасӣ ва дипломатия василаҳои абадие мебошанд, ки  роҳи сулҳро ҳамвор месозанд", – гуфт Гутерриш.
Қаблан Гутерриш изҳор дошт, ки омодааст дар сурати зарурат ба ҷонибҳо дар ҳалли вазъ дар атрофи Неругоҳи атомии «Запороже» ёрӣ расонад, – гуфт намояндаи вижаи ӯ Стефан Дюжаррик.
 
 
 
Эрон бо Ӯзбекистон 17 созишнома имзо хоҳад кард
 
Мир24. Муовини раиси маъмурият дар корҳои сиёсӣ Муҳаммад Ҷамшедӣ изҳор дошт, ки Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ дар нишасти сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо Ӯзбекистон 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонад. Саммити мазкур 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. 
Дар рӯзҳои аввал мулоқоти дуҷонибаи намояндагони Эрон ва Ӯзбекистон доир мегардад, – хабар медиҳад АИР «Новос-ти». Мавзуи гуфтушунид масъалаҳои иқтисодӣ хоҳанд буд. Сипас, миёни ду кишвар 17 созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, инфрасохторӣ ва фарҳангӣ баста мешавад. Ба гуфтаи Ҷамшедӣ, Роҳбари Эрон дар рафти саммит 10 дидор баргузор хоҳад кард.
 
 
 
СММ аз хатари норасоии шадиди ғизо дар соли 2023 ҳушдор дод
Lenta.ru. Директори минтақавии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ Корин Флейшер аз хатари норасоии шадиди ғизо дар соли 2023 ҳушдор дод.  
«Имсол мушкил дар натавонистани хариди маводи ғизоӣ бо сабаби боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ буд, аммо соли оянда мо метавонем бо вазъияте дучор шавем, ки барои таъмини тамоми аҳолии сайёра маводи ғизоӣ намерасад»,- таъкид кард ӯ. Ба гуфтаи вай, сабабҳои аслии ин тамоюл вазъи атрофи Украина, коҳиши содироти нуриҳои минералӣ аз Россия, ҳамзамон, боло рафтани арзиши ин навъи маҳсулот аст. Ӯ зикр кард, ки ин метавонад ба фаъолияти деҳқонон монеа эҷод намояд.
Флейшер афзуд, ки ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво метавонанд ба таъминоти ҷаҳонии ғизо таъсири манфӣ расонанд. Ба эътиқоди вай, мушкили буҳрони ғизо бояд ба рӯзномаи асосии нишасти сарварони Гурӯҳи ҳафтгона (G7) дар соли 2023 ворид карда шавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2540
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед