logo

Хабарҳо

Сарвазири мамлакат дар ҷаласаи СААД иштирок намуд

Бо дархости Сарвазири Арманистон, Раиси феълии Шурои Амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Никол Пашин-ян, ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Амнияти дастаҷамъии Созмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», Сарвазири мамлакат нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз рӯйдодҳои охир дар хати ба ҳам омадани неруҳои ҳарбии Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иброз намуд.
Таъкид гардид, ки дар вазъияти имрӯзаи бавуқуъпайваста ғояти муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар мушкилотро бо роҳи дипломатӣ ҳал намоянд.
Изҳори итминон шуд, ки ягона василаи таъмини сулҳу субот дар минтақа ин истифодаи муассир аз муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.
 
 
 
Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Клюге созишнома имзо карданд
Дар доираи баргузории иҷлосияи 72-юми Кумитаи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо, ки дар  шаҳри Тел-Авиви Исроил ҷараён дорад, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расонданд. 
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, созишнома ҳадаф ва нақшаҳои муҳими таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ин самт дастгирии техникӣ ва молиявӣ хоҳад расонд.
 
 
Мулоқоти вазири фарҳанг  бо сафири Қазоқистон
Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов вохӯрд, - хабар дод маркази матбуоти Вазорат.
Миёни ҷонибҳо ҳамкориҳои фарҳангӣ, аз қабили баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Қазоқистон дар Тоҷикистон, Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон, иштироки ҷониби Қазоқистон дар Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баргузории барномаи консертии ҳунармандони классики Қазоқистон дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
 
 
Намояндагони Хатлон дар Намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок мекунанд
Дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Туркия, вохӯрии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо раиси ноҳияи Оникишубат Ханефи Маҳчичек доир гардид. Ханефи Маҳчичек роҳбарияти вилояти Хатлонро даъват кард, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо – 2023», ки соли оянда дар шаҳри Қаҳрамонмараш баргузор мешавад, иштирок намоянд.
Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар дод, ки дар мулоқот сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Балҷувон, инчунин масъулони раёсатҳои рушди иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати вилоят иштирок доштанд.
Зикр шуд, ки соли 2021 гардиши савдо миёни вилояти Хатлон ва Туркия 35,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Туркия ба маблағи зиёда аз 32 миллион доллар маҳсулот содирот шуда, аз Туркия ба маблағи 3,4 миллион доллар маҳсулот воридот гардид.
 
 
Конфронси пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ доир мешавад
15 – 16-уми сентябр дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон таҳти унвони «Нақши пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар рушди иҷтимоию маънавии башарият дар давраи пас аз пандемия» Конфронси байналмилалии VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ доир мегардад. Дар он раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок мекунад,- иттилоъ дод АМИТ «Ховар».
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар конфронс мавзуи «Саҳми пешвоёни дин дар пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ ва сулҳ, мубориза бо ифротгароӣ, радикализм ва терроризм, бахусус дар заминаи динӣ»-ро баррасӣ менамояд.
Интизор меравад, ки дар ҷамъбаст аз ҷониби иштирокчиён оид ба таҳкими равобити тамаддунҳо ва динҳо, инчунин, мушкилоти доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ эъломия қабул гардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3412
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед