logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИ ҶИНПИН

 
15-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
 
Роҳбарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ дар соли таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар ва натиҷаҳои бузурге, ки тайи давраи гузашта дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба даст оварда шудаанд, зикр гардид.
Пешвои миллат ба рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, ҷараёни мусбати афзоиши гардиши мутақобилаи молҳо тасдиқ гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад беш шудааст. Дар ин замина, сухан дар бораи мавҷудияти иқтидори калон барои густариши минбаъдаи он, аз ҷумла тавассути имкониятҳои бахши кишоварзӣ, рафт.
Дар баробари ин, ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва “рушди сабз” ҳавасмандии зоҳир карданд. Ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Ҳамзамон, алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО”, татбиқи ҳарчи зудтари марҳаллаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ  – Кулма иброз гардид.
Дар робита ба ин, Президенти мамлакат ба дурнамои бузурги ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои металлургия, саноати сабуку хӯрокворӣ ва ташкили паркҳои муштараки саноатӣ ишора карданд.
Мусоҳибон, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон, табодули афкор намуданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин изҳор дошт, ки ҷониби Чин нигаронии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хубӣ дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкориҳои зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад. Инчунин, ҷониби Чин манфиатдории худро ба тавсеаи ҳамкориҳои амалии минтақавӣ дар чорчӯби механизми «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии  Чин» таъкид кард.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Дар ҳошияи мулоқот бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи «рушди сабз» байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Протоколи иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе – Кулма.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2022    №: 178    Мутолиа карданд: 1809
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед