иҷтимоиёт
ЭЪЛОМИЯИ ИСТИҚЛОЛ. ҲУҶҶАТИ ЗАМИНАВӢ Ё ЗЕРБИНОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил, дорои аломату рукнҳои давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ ва ба унвони яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби беш аз 170 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мо соҳибватанон аст.
Албатта, роҳи расидан ба чунин ҷойгоҳи шоистаро Истиқлоли давлатӣ ҳамвор намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳони мутамаддин пайваст. Дар ҳамин ҳол, аввалин санади ҳуқуқие, ки Истиқлоли давлатиро эълон кард, Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12) қабул гардид. Дар ин санад Истиқлоли давлатӣ ба маънои ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ таъриф шуд, ки қадами ҷиддие ба сӯи мустақилияти комил буд.
Ҳарчанд Эъломияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, андешаҳое дар миён буданд, ки моҳиятан давлати озоду мустақилро ифода мекарданд. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба сарватҳои миллӣ, замин ва сарватҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва дигар арзишу меъёрҳоро кафолат медод. Зимнан, дар ин ҳуҷҷат ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон ва бори нахуст таклифҳо ҷиҳати таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён гардид. Вале, тавре маълум аст, танҳо баъд аз завол ё шикасти низоми шуравӣ ҷумҳуриҳои дар ҳайати ИҶШС буда, як-як истиқлоли давлатии худро эълон намуданд. Аз ҷумла, дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олӣ аз 9 сентябри соли 1991 Изҳорот «Дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар асоси он Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид. Худи ҳамон рӯз Қонун «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, истиқлоли воқеии кишвари мо дар сатҳи меъёри конститутсионӣ ба расмият даромад. Ҳамин тавр 9 сентябри соли 1991 Рӯзи Истиқлоли давлатӣ эълон гардида, ҳар сол бо шукӯҳи тоза ва музаффариятҳои нав ба нав ҷашн гирифта мешавад.
Қатъи назар аз он, ки баробари вазидани насими истиқлол кишвари мо ба печидагиҳои вахими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуд, нақши Эъломия дар ба даст овардани неъмати бебаҳо – Истиқлоли давлатӣ бағоят арзишманду таърихист. Ин санад ҳуҷҷати заминавии эъломи истиқлол буда, барҳақ таҳкимбахши ин арзиши ватандорӣ ва меъмори давлати навбунёд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки мо аз тавонмандии фавқулода ва файзи хиради волояшон имрӯз зиндагии шоиста дорем.
Маҳмадҷон РАҲМОНЗОДА,
судяи Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2022 №: 178 Мутолиа карданд: 556