иҷтимоиёт
НБО «РОҒУН» - МАЗҲАРИ ИҚТИДОРИ ДАВЛАТ
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон як қатор рӯйдодҳое ҳастанд, ки бо хати заррин сабт гардида, ҷиҳати таъмини зиндагиии шоистаи сокинон заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ба истифода додани чархаҳои якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи чунин воқеаи нодир ва фараҳбахш аст, ки дар самти расидан ба истиқлоли энергетикӣ нақши муҳим дорад.
Ин рӯйдоди таърихӣ, ки воситаи муҳими расидан ба некуаҳволии мардуми Тоҷикистон унвон мешавад, маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваста, афсона ба ҳақиқат мубаддал ёфт. Агар бузургии Пешвои муаззами миллат намебуд, дар мавриди “Роғун” сухан гуфтан ғайриимкон буд.
Бо файзи Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам овардани шароити арзанда барои сокинон тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шуд. Дар ин замина, ҷиҳати расидан ба се ҳадафи муҳими стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ силсилаи ташаббуси созанда роҳандозӣ гардид, ки аз хираду заковати Пешвои муаззами миллат маншаъ мегирад.
Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори Неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани НБО «Роғун» талош менамоянд.
Дар Рӯзи Президент ва рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шудани чархаи якуми НБО “Роғун” моҳиятан рамзиву амри воқеият аст, зеро агар истодагарӣ, пофишориҳо ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ мавқеи устувори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ин қадами устувор гузошта намешуд.
9 сентябри соли 2019 маҳз дар рӯзи Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Он рӯзи нусратбор чархаи дуюми НБО “Роғун” низ ба кор андохта шуд.
Бунёди НБО «Роғун» шаҳодати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат буда, исботгари он аст, ки халқи тоҷик халқи тавоно ва созандаю бунёдкор буда, қодир аст бо азми қавӣ, меҳнати садоқатмандона ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳама мақсадҳо ва ормонҳои таърихии хеш ноил гардад.
Имрӯз мо шоҳид ҳастем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи неруи барқ дар ҷаҳон эътироф гардидааст.
“Роғун”-ро иншооти тақдирсоз мегӯянд. Воқеан, ин Неругоҳ тақдири миллати тоҷикро аз нур ва равшанӣ хоҳад сохт. Ин иншооти аср, пеш аз ҳама, кишвари азизи моро аз камбуди барқ наҷот дода, ниёзи дохилиро ба барқ пурра таъмин хоҳад кард. Аз ин ҷиҳат, “Роғун” кафили истиқлолияти энергетикии мо мебошад. Он муҳарриқи иқтисодиёт ва тавсеабахши саноат аст. Гузашта аз ин, “Роғун” истеҳкомбахши ҷойгоҳи минтақавии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ба таъбири дигар, “Роғун” мазҳари иқтидори давлат ва миллати мост. Аз ин рӯ, “Роғун” сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мо ба шумор меравад.
Абдунаим БЕРДИШУКУРОВ,
мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии ДДХ
ба номи Б. Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2022 №: 178 Мутолиа карданд: 607