маориф
СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ВА МУШКИЛОТИ КУҲНАИ МАКТАБ
Маълум аст, ки то кас, хоҳ омӯзгор бошад ё намояндаи касби дигар, касби худро дӯст надорад ва масъулият бар дӯш нагирад, фаъолияташ натиҷаи судманд нахоҳад дод. Мутахассис, пеш аз ҳама, бояд фикри ҷомеа ва, баъдан, иҷтимоиёти худро кунад, вале, сад афсус, ки на ҳамеша чунин аст. Агар шахс барои иҷрои амале аз тарафи шахси корафтода ягон меҳрубонӣ бинад, ҳеҷ бадие надорад, аммо бо мурури замон ба одамон чи шудааст, ки корро ба анҷом нарасонда, подош талаб мекунанд.
Солҳои пеш дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо барои ҳар кор маблағ талаб мекарданд, ҳоло ин беморӣ ба муассисаҳои таълимӣ гузаштааст. Аксари муаллимони мактабҳо барои имтиҳон пул талаб мекунанду дар сурати пардохт нашудан бо бачаҳо дағалона рафтор менамоянд. Аксари сокинони кишвар серфарзанд ҳастанд, аз ҳар хона се - чор нафар дар мактабҳо мехонанд. Пас, волидон маҷбур мешаванд, ки бо ҳар роҳе, ки бошад, ин маблағро пайдо намоянд. Мо нисбат ба ҳамаи омӯзгорон инро гуфтанӣ нестем, аммо чунин ҳолатҳо хеле зиёд вомехӯранд.
Ба мактаб гузоштани талаба боз як мушкили дигари волидон гаштааст. Дар шаҳрҳои калон ё аввал мактаб меёбиву шинос, ё маблағи муайян дода, фарзандатро ба таълим мефиристӣ. Як ҷузъи муҳими делои шахсии кӯдаке, ки ба синфи якум меравад, пул шудааст. Он вобаста ба таълимгоҳ дар ҳар ҷо маблағи муайянро ташкил медиҳад. Дар дигар мактабҳо барои кӯдакро ба омӯзгори хуб додан «ставкаи муайян» вуҷуд дорад.
Дар арафаи Соли нави таҳсил усули тағйири роҳбариятро пеш гирифтаанд. Роҳбарияти нав бори дигар пули таъмир талаб мекунад. Дар як мактаб ба суоли «Ин маблағ барои чӣ сарф мешавад?», - гуфтаанд, ки барои рангубори дару тирезаҳо. Дар ҳоле ки тирезаҳои он таълимгоҳ пластикианд. Боз аз буҷети маҳаллӣ барои таъмир маблағ ҷудо мешавад. Баъди таъмир ба таълимгоҳ равӣ, ба ғайр аз сафед кардани деворҳо ва баъзан корҳои майда - чӯйда дигар чизе карда нашудааст.
Суоле ба миён меояд: «Мо киро фиреб мекунем?». Оид ба ин масъала ба тариқи телефонӣ бо сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қадам Ҳакимзода ҳамсуҳбат шудем, аммо ӯ иброз кард, ки ман аз ин гуна рафтор дарак надорам. Масъулон дарак надоранд, вале омӯзгорон метавонанд аз пеши худ чунин рафтор кунанд?
Ҳамасола барои дӯхти сарулибоси мактабӣ муассисаҳои таълимӣ бо пешниҳоди шуъбаи маориф, волидон, корхонаи дӯзандагӣ ва муассисаи таълимӣ шартнома мебанданд. Ҳар шаҳрванд ҳуқуқи бастан ё набастани шартномаро дорад, он набояд маҷбурӣ бошад ва ин дар санадҳои ҳуқуқӣ дарҷ шудааст. Вай метавонад либоси мактабиро мутобиқи меъёрҳои муайянгардида аз бозор ё марказҳои хизматрасонии дигар бихарад, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки масъулони корхона аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пешпардохт талаб мекунанд на камтар аз 30 сомонӣ аз ҳар хонанда. Дар баъзе муассисаҳо барои наовардани чунин ҳуҷҷат ба хонандагон китоб намедиҳанд. Магар шуъбаи маорифро масъулони корхонаҳо роҳбарӣ мекунанд. Мо дастгирӣ намудани корхонаҳои истеҳсолии ватаниро зарур мешуморем, аммо на ба тариқи маҷбурӣ.
Дар шаҳри Кӯлоб, дар маҷмуъ, 74 муассисаи таълимӣ, литсею гимназияҳо фаъолият мекунанд, шумораи умумии хонандагон зиёда аз 50 ҳазору 200 нафарро ташкил медиҳад. Худ қазоват кунед, ин чӣ қадар маблағро дар бар мегирад. Такрор ҳам шавад, мегӯям, ки аксари оилаҳои мо серфарзанданд. Либоси калониро хурдӣ истифода барад мешавад, аммо дар шаҳру ноҳияҳо ба ин ҷиҳати масъала эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Киро намефорад, ки ҳар сол барои кӯдакони худ сарулибоси нав харад, аммо ин амал ба имкониятҳои иқтисодии оила вобастагӣ дорад. Сарулибоси пешниҳодкардаи корхонаҳои ватанӣ дар аксари ҳолатҳо ба сифати пешниҳодшуда ҷавобгӯ нест, нархаш ҳам нисбат ба нархи бозор гарон аст. Барои мо, аксаран, сарулибоси мактабӣ ба талаботамон ҷавобгӯ бошад шуд, фарқаш чӣ, ки кӣ ва аз куҷо ворид кардааст.
Соҳаи маориф хизматгори ҳамаи соҳаҳои дигар шудааст. Дар ҳама ҳолат як посух ба тамоми пурсишҳо: супориш аз болост. Кадом боло? Масъулон, ақаллан, як маротиба маводи дастраскардаи корхонаҳои дӯзандагиро аз санҷиш гузарондаанд. Чӣ қадар материал, астарӣ, тугма, зиреҳ ва дигар ашёҳои лозима барои дӯхти сарулибос дар анборҳо захира доранд...
Мо бовар дорем, ки доир ба ин ҳолат ягон намуди чораҷӯиҳо роҳандозӣ мешавад, зеро маҳз, дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накукор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳои бофазл ба воя мерасанд.
Фарҳод МАДАМИНОВ,
сокини шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2022 №: 178 Мутолиа карданд: 2010