logo

туризм

САЙЁҲӢ. РУШДИ СОҲА ТАМОЮЛИ МУСБАТРО КАСБ ДОРАД

Баъди паҳн гаштани бемории COVID – 19 дар ҷаҳон рушди соҳаҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, халалдор шуд. Шуруъ аз оғози соли 2020 марҳилаи хомӯшӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаро расид. Дар ин давра коршиносону мутахассисон, ба хотири ҳифзи соҳа аз таназзул, кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, хатсайрҳои гуногуну шавқовар ва барномаҳои ҷолиб таҳия намуданд. Оид ба ин ва дигар таҳавуллоти соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон хабарнигорони рӯзнома бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ҳамсуҳбат шуданд.
- Бо эълон гардидани пандемияи коронавирус соҳаи сайёҳӣ ба буҳрон мувоҷеҳ шуд ва табиист, ки ин омил ба кишвари мо бетаъсир намонд. Мегуфтед, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз пандемия чӣ зарар дид?
- Фарогир шудани бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ба соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии Тоҷикистон, таъсири бениҳоят манфӣ расонд. Ба хотири ҳифзи сиҳатии омма сарҳадҳо баста ва сафарҳои хориҷӣ муваққатан қатъ гардиданд. Дар ин давра омадани сайёҳони хориҷӣ қариб ки таназзул ёфт. 
Бо вуҷуди ин, мо соли 2020-ро ҳамчун соли имкониятҳо истифода кардем. Дар ҳамин сол мо ҳамаи неруи имконпазирро ба ривоҷ додани гардишгарии дохилӣ сафарбар намудем. Дар ин давра шаҳрвандон бо назардошти дастрас будани нақлиёт, боз ва бароҳат будани роҳҳо, бисёр будани мавзеҳо, самтҳо ва намудҳои сайёҳӣ сафарҳоро аз як гӯшаи Тоҷикистон ба минтақаи дигари он бештар намуданд. Тибқи маълумотҳои оморӣ шаҳрвандони мамлакат барои истифодаи нақлиёт, меҳмонхона, хизматрасониҳои тарабхонаву осоишгоҳҳо ва ғайраҳо маблағ бештар харҷ намудаанд. Дар робита ба ин, мо дар ҳамкорӣ бо намояндагони гуногуни воситаҳои ахбори омма силсилаи пресс-турҳоро ба тамоми минтақаҳои кишвар ташкил кардем. Тавассути воситаҳои ахбори омма мавзеъҳои гуногуни таърихиву фарҳангиву табиии мамлакат ба мардуми Тоҷикистон муаррифӣ гаштанд. Дар баробари ин, бахши хусусӣ - ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои сайёҳӣ дар ин самт хуб кор карданд. Ин буд, ки дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли 2021 ба 120 ҳазору 994 ва дар нимсолаи аввали соли 2022 ба 150 ҳазор сайёҳи дохилӣ хизмат расонда шуд. Даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ дар моҳҳои январ-июни соли гузашта 3 миллиону 746 ҳазору 600 ва дар нимсолаи аввали соли равон 8 миллиону 928 ҳазор сомониро ташкил дод. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашат 2,4 маротиба зиёд аст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин муддат сайёҳии дохилӣ дар муқоиса ба солҳои то давраи пандемия пеш рафт. Ҳамзамон, бояд ба инобат гирифт, ки як миқдор шумораи сайёҳони дохилӣ сабт намешаванд.
  
- Дар се соли охир, дар маҷмуъ, 65 хатсайри нави дохиливу минтақавӣ фаъол шуданд. Онҳо бо назардошти кадом омилҳо ва навъҳои сайёҳӣ таҳия шуданд ва кадомашон манфиатоваранд?
- Хатсайрҳое, ки дар ин солҳо ба бозори сайёҳӣ ворид шуданд, асосан боздид аз ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ, табиӣ ва фароғатиро дар бар мегиранд. Агар дар асоси ин хатсайрҳо арзёбӣ намоем, пас бояд гуфт, ки кишвари мо, ки кӯҳистон аст, шумораи назарраси сайёҳон ба гардишгарии кӯҳӣ мароқ зоҳир мекунанд. Онҳо дар мавсими баҳор, тобистон ва аввали тирамоҳ аз мавзеъҳои зебои табиӣ боздид мекунанд. Пиёда, ба воситаи дучарха, ҳатто бо истифодаи асп аз як минтақа ба минтақаи дигар мераванд. Дар ҷойҳои дорои шароити мусоид истироҳат мекунанд. Инчунин, мардуми мо ба таври анъанавӣ ба зиёратгоҳҳо ҳам мераванд. Дигар самти ҷолиб ва манфиатовар ин гирифтани табобат дар табобатгоҳҳо ва чашмаҳои табиӣ мебошад.  
Имрӯз сайёҳии варзишӣ низ рушд меёбад. Сайёҳон дар ин самт бештар ба кӯҳнавардӣ, қаиқронӣ, дучархаронӣ ва моҳидорӣ шавқ доранд. Сайёҳии шикорро ҳам метавон номбар кард. Ин навъи сайёҳӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ барои нигаҳдории олами набототу ҳайвонот дар Тоҷикистон фаъолона роҳандозӣ мешавад. Сайёҳ вақте, ки иҷозатномаи шикорро мехарад, вай, аллакай, дар рушди соҳа саҳм  мегузорад. Ин омили собитшудаи ҷаҳонӣ аст. Бубинед, ки имрӯз шумораи гӯсфанди Марко Поло ҳам хуб нигоҳ дошта мешаваду ҳам шикори он иҷозат дода шудааст. 
Инчунин, дар асоси ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршумори бузи пармашох – Морхӯр, ки яке аз нодиртарин ҳайвоноти табиати Тоҷикистон мебошад, ҳамасола меафзояд. Ҳукумати мамлакат ҳар сол барои шикори якчанд навъи ҳайвоноти нодир бо қарори махсус квота ҷудо мекунад. Сайёҳони хориҷӣ бо нархи муайян иҷозатномаро дастрас карда, ба шикор мебароянд. Албатта, он маблағ ба таври мақсаднок барои рушди ҳамон мавзеъ ва худи саршумори ҳайвонот сарф мегардад.
 
- Тибқи маълумот сайёҳон ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои ИДМ ва Аврупо ташриф меоранд. Чаро аз дигар кишварҳо шумораи сайёҳон камтар аст?    
- Дар тамоми ҷаҳон вақте, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ арзёбӣ мешавад, сафи сайёҳони минтақаи ҷойгиршавии ҳамин мамлакатҳо авлавият доранд. Ҳамсоякишварҳои мо аз лиҳози наздик ва арзон будани омадурафт ба Тоҷикистон дастрасии бештар доранд. Масалан, барои мардуми Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия нисбат ба он нафароне, ки дар Африқои Ҷанубӣ, Бразилия ё дар қисмати ғарбии Аврупо иқомат доранд, сафар ба Тоҷикистон арзонтар меафтад. Ин меъёрҳое ҳастанд, ки сайёҳ пеш аз сафар ба инобат мегирад. Аз ин лиҳоз, шумораи сайёҳони минтақа нисбат ба сайёҳони хориҷи дур ҳамавақт фарқкунанда ва бештар аст. Дар маҷмуъ, аз кишварҳои ИДМ дар нимсолаи аввали соли гузашта шумораи сайёҳон 107 ҳазору 900  нафарро ташкил дода бошад, пас, аллакай, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 343 ҳазору 916 нафар расидааст. 
Омили дигаре, ки дар каму зиёд будани сайёҳон таъсир мерасонад, ин будани хатсайрҳои ҳавоист. Имрӯз Тоҷикистон бо Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркия хатсайрҳои ҳавоӣ дорад. Азбаски Тоҷикистон имконияти баромадан ба бозорҳои байналмилалӣ дорад, махсусан тавассути Туркияву Олмону Амороти Муттаҳидаи Араб ва Деҳлӣ, эҳтимоли омадани шаҳрвандони дигар кишварҳои хориҷӣ ҳам ба Тоҷикистон меафзояд. Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳамасола шумораи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон меоянд, меафзояд. Масалан, дар нимсолаи аввали соли 2022 аз 151 кишвари дунё ба Тоҷикистон меҳмонон омадаанд, ки Эритрея, Ямайка, Тринидад ва Тобаго, ҷазираи Фиҷи, Ҷумҳурии Чад, Ҷумҳурии Демократии Конго, Ҷумҳурии Халқи Демократии Лаос аз шумораи онҳоянд. Ҳоло ки ҳавасмандӣ ва имконияти ширкатҳои хусусии ҳавопаймоӣ меафзояд, умед дорем, ояндаи наздик дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон шумораи сайёҳони хориҷӣ бештар хоҳанд шуд.
 
- Мавсими сайёҳии соли 2022 ба охир мерасад, оё солҳои наздик метавон дар бахши сайёҳии Тоҷикистон тамоюлҳои навро интизор шуд?
- Тоҷикистон қаблан бо самти сайёҳии мавсимӣ маъруф буд. Яъне, аз моҳи апрел то ноябр барои омадан ба Тоҷикистон мавсими хуб буд ва сайёҳон метавонистанд дар ҳамин давра ба Тоҷикистон оянд. Ҳозир мо нақша кашида истодаем, ки Тоҷикистон самти доимии сайёҳӣ шавад. Дар чор фасл барои сайёҳон хизматрасонӣ дастрас бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф хубу беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёт, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар инфрасохтори соҳа мусоидат менамояд. Алҳол дар фасли зимистон як самти фаъоли мо лижаронӣ дар мавзеи фароғатии Сафеддара мебошад. Мо кӯшиш дорем, ки чунин ҷойҳо дар кишвари мо зиёд шаванд. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои бунёди мавзеъҳои сайёҳии зимистона таҳия ва сармоягузорӣ гарданд, то сайёҳон дар фасли зимистон ҳам ба Тоҷикистон омада, аз имкониятҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳои шоиста бархӯрдор бошанд. Мамлакати мо дар чор фасли сол зебост. Ҳар фасли сол хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин омилҳо водор месозанд, ки мо бо ҳар роҳу восита таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб намоем. Имрӯз дар асоси сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат тамаддуни тоҷик эҳёву муаррифӣ шуда истодааст. Масалан, мо Наврӯзу Тиргону Меҳргону Садаро бо шукӯҳи хоса истиқбол мегирем, ки ин барои хориҷиён шавқовар аст. Ин идҳои миллӣ бояд ба таври зарурӣ муаррифӣ шаванд, то сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори олам барои фестивал ё карнавалҳои тоҷикона ба Тоҷикистон оянд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва воситаҳои ахбори омма бо ташаббускориву саҳмгузориҳо дар рушду нумуи инфрасохтор, тарғибу ташвиқи таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон саҳмгузор бошанд. 
 
Ташаккур, барои суҳбат!
        
Шаҳноз ҚУРБОН, Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2022    №: 178    Мутолиа карданд: 1874
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед