logo

ҳуқуқ

РОССИЯ. СУДИ ОЛӢ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИРО ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ КАРД

14-уми сентябри соли ҷорӣ Суди Олии Федератсияи Россия ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Россия манъ кард. Мурофиаи судӣ паси дарҳои баста баргузор шуд, - дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» хабар дод.
Қаблан Прокуратураи генералии Федератсияи Россия бо талаби террористӣ эътироф намудани ҳизби наҳзати исломӣ ба Суди Олии Россия даъво пешниҳод карда буд.
Аз ҷониби Суди Олии Россия қабул гардидани ин ҳукм одилона ва хеле саривақтӣ мебошад. Зеро роҳбарият ва аъзои ҳизби мазкур, ки феълан дар Аврупо паноҳ бурдаанд, дар таърихи фаъолияташон ба ҷиноятҳои зиёд, аз ҷумла дар Ватани худ – Тоҷикистон, даст задаанд, ки нобахшиданист. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки беш аз сад ҳазор қурбонӣ, зиёда аз як миллион гуреза, ҳазорҳо ятим ва миллиардҳо сомонӣ хисорот дошт, маҳз нақшаи нопоки наҳзатиҳо буд. Барои онҳо Ватан, Модар ва муқаддасоти миллӣ ҳеҷ арзиш надоранд ва қодиранд, ки барои манфиати шахсӣ ва иҷрои дастури сарпарастонашон ба ҳар амали бешарафонае даст зананд.
Суди Олии Россия маҳз ба хотири пешгирӣ аз терроризм ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар иқдоми одилона ва саривақтӣ гирифта, фаъолияти ҲНИ-ро дар қаламрави ин кишвар манъ кард. Дар акси ҳол наҳзатиҳои фурӯхташуда метавонистанд доираи фаъолияти худро дар Россия низ васеъ намуда, бо фирефта кардани шаҳрвандон ва муҳоҷирони тоҷик ба амнияти ин кишвари ба мо дӯсту бародар хатар эҷод кунанд.    
Бояд ёдовар шуд, ки ҳизби наҳзати исломӣ 4 декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар Тоҷикистон фаъолияташро оғоз  кард. Яъне, дар ҳамон давра, гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз хориҷа идора ва пуштибонӣ мешаванд.
Қатъи назар аз ин, дар ҳошияи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъ-олияти ҲНИ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат ва 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш ба ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии мамлакат, ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон мусоидат мекард. Вале, роҳбарият ва аъзои фаъоли он даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнин зада, боиси ноором гаштани ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ва хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ гаштанд.
Оид ба бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта, давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлия чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИ сарфи назар, амалҳои ҷинояткоронаи худро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд. 
Тибқи маълумот, аз ҷумла давоми панҷ соли охири фаъолият 45 аъзои ТТЭ ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Муайян гардид, ки мақсади асосии  ҳизби наҳзати исломӣ сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат мебошад.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда ва садҳо ҷинояти дигар, моҳи сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералиро қонеъ карда, ҳизби наҳзати исломиро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ)-террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот», сомонаи интернетӣ, ба ҳудуди Тоҷикистон ворид сохтан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.
Соли 2017 ҲНИ ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва ба «Феҳристи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуда дар кишварҳои узви СААД» таҳти рақами 65 шомил шуд. Ба ин феҳрист ташкилоти террористии байналмилалӣ, аз қабили «Ал-Қоида», «Давлати исломӣ», «Ихвонулмуслимин», «Ансоруллоҳ» низ шомиланд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2022    №: 179    Мутолиа карданд: 1781
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед