logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАҲБОЗ ШАРИФ

15-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф вохӯрданд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро матраҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади олии Сарвазири кишвари дӯсти Покистон табрик гуфта, дар фаъолияти сермасъули давлатӣ комёбиҳо орзу карданд. Дар баробари ин, Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷиабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он ҳамдардӣ ва тасаллиёт баён доштанд. Зимнан, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба ҷониби Тоҷикистон барои расондани кумаки башарӣ сипоси амиқи худ ва мардуми кишварашро расонд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии  Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди бомароми ҳамкориҳо тули сӣ соли баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар арсаҳои сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ мавриди зикр қарор гирифт.
Дар заминаи робитаҳо дар бахшҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла САSA – 1000 ва баромад ба бандарҳои Покистон, ба манфиати ду кишвар хонда шуд.
Бо назардошти таҷрибаи ғании Покистон, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ изҳор гардид. Мусоҳибон бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, Шурои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистонро ба манфиати кор донистанд.
Шарикии ду кишвар дар соҳаи таъмини амният, пеш аз ҳама ҳамкорӣ дар муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳуроти дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва хатару таҳдидҳои глобалӣ, муҳим арзёбӣ гардиданд.
Зимни мулоқот дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи имрӯзаи Афғонистон, муболаи афкор сурат гирифт.
Сарвазири Покистон Пешвои миллатро бо сафари расмӣ ба кишвараш даъват намуд. Сарвари давлати мо низ Шаҳбоз Шарифро ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват карданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ гузашт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2022    №: 179    Мутолиа карданд: 1759
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед