Хабарҳо
РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар маросими ифтитоҳи "Рӯзҳои синамои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай" иштирок ва суханронӣ кард. Вай аз лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди филми таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ёдовар шуд. Ба гуфтаи Маҳмадсаид Шоҳиён, моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор шуд.
- Дар он чанд филми эҷодкорони синамои ӯзбекистонӣ намоиш дода шуд. Ин филмҳо ба тамошобинони Тоҷикистон хеле писанд омад. Мисол, филми «Парвози 101-ум» дар миёни тамошобинони тоҷик вокунишҳои мусбатро ба бор овард,-изҳор намуд М. Шоҳиён.
Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи XIV байналмилалии синамои Тошкент таҳти унвони “Дурдонаи Роҳи абрешим” аз 13 то 18 сентябри соли ҷорӣ сурат мегирад. Дар он зиёда аз 500 нафар кинематографистони 40 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин, Россия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва ҳайатҳои синамогарони мамолики дигар, иштирок доранд. Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ҷашнвораи мазкур 150 филми ҳунарӣ, мустанад ва кӯтоҳметраж намоиш дода мешавад.
Ҷашнвораи байналмилалии синамои Тошкент идома дорад.
Мирасрор АҲРОРОВ, "Ҷумҳурият",
шаҳри Тошкент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3022