logo

Хабарҳо

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Известия. 15 сентябр Президенти Россия Владимир Путин бо Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқот кард. Музокирот дар ҳошияи нишасти сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд баргузор шуд. Ин нахустин вохӯрии роҳбарони ду давлат аз моҳи феврали соли 2022 мебошад.  
«Мо мавқеи мутавозини дӯстони чиниро дар робита ба буҳрони Украина хеле қадр менамоем ва дар мулоқоти имрӯза, албатта, мо мавқеи худро дар ин бора ба таври муфассал баён хоҳем кард, ҳарчанд мо дар ин бора қаблан ҳарф зада будем”, – гуфт Роҳбари Россия.  
"Кӯшишҳо  барои эҷоди ҷаҳони якқутбӣ барои аксарияти кулли  давлатҳои сайёра комилан қобили қабул нестанд", – иброз дошт Президенти Россия. Дар навбати худ, Си Ҷинпин гуфт, ки омода аст, дар якҷоягӣ бо Россия дар ин самт ҳама корро анҷом диҳад.  
 
 
 
Президентҳои Россия ва Ӯзбекистон эъломия имзо карданд
ТАСС.  Роҳбарони Россия ва Ӯзбекистон Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев эъломияро дар бораи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни давлатҳо ба имзо расонданд. Ҳуҷҷат пас аз музокироти дуҷониба дар ҳошияи нишасти сарварони СҲШ дар Самарқанд ба имзо расид.
Илова бар ин, Президенти Россия ба ҳамтои худ ордени Александр Невскийро супурд. Фармони дахлдорро Путин ҳанӯз моҳи июл имзо карда буд – Мирзиёев "барои хидматҳои бузург дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар" мукофотонда шуд. Дар навбати худ Роҳбари Ӯзбекистон аз густариши равобити ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.
«Ман аз натиҷаҳои баланди ҳамкориҳои наздик дар солҳои охир дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра бадастовардаам хеле қаноатмандам. Бешак, натиҷаи ин дастовардҳо хизматҳои бузурги Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин мебошад», – гуфт Президенти Ӯзбекистон.
 
 
 
Изҳороти Попи Рум  
RT. Попи Рум Франсиск гуфт, ки Ғарб роҳи нодурустро пеш гирифтааст ва ҳоло онро наметавон “намунаи пайравӣ” номид.
«Ғарб, масалан, аз рӯи адолати иҷтимоӣ роҳи нодурустро пеш гирифтааст», – иқтибос овардааст суханони ӯро рӯзномаи «Corriere della Sera».  
Ба ақидаи Поп, Ғарб дар ҳоли ҳозир "бузургтарин қабристони башарият" аст.
Вай, инчунин, таъкид кард, ки мамлакатҳои ғарбӣ ҳозир ба дигар халқҳо ёрӣ расонда наметавонанд, зеро онҳо «дар сатҳи олӣ нестанд».  
 
 
 
СААД: «Дар шимоли Афғонистон 400 ҷангҷӯи ДИИШ сафарбар шудааст» 
CentralAsia (CA). Сардори ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров гуфт, ки 400 ҷангҷӯи созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” дар шимоли Афғонистон сафарбар  гаштааст.
Сидоров зикр кард, ки террористҳо ба вилоятҳои Бодғис, Ҷузҷон, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, дар шимоли Афғонистон бо ҳадафи анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ ва низомӣ фиристода шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ, дар Афғонистон сатҳи баланди фаъолияти террористӣ боқӣ монда, соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 250 нафар қурбонии террористон гардида, беш аз ҳазор нафар захмӣ гаштааст. Ҳамзамон, мансабдорони воломақоми раҳбарияти «Толибон» объекти аслии ҳамлаҳо шуданд. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3903
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед