logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

 
16-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд.
 
Дар чорабинӣ, ки дар доираи раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва доираи васеъ баргузор шуд, сарварони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарварони давлатҳои нозир дар СҲШ – Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ва Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, сарварони кишварҳои меҳмон – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдоган, роҳбарони ниҳодҳои доимии СҲШ –  Дабири кулли СҲШ Чжан Минг ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористӣ Руслан Мирзоев, инчунин, роҳбарони як қатор  созмонҳои  минтақавию  байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ЭСКАТО, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Иттиҳоди иқтисодии Авросиё ширкат доштанд.
Зимни нишаст дар ҳайати маҳдуд сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар иртибот ба рушди вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳангоми суханронӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки тайи ду даҳсолаи охир дар доираи СҲШ имкон пайдо шуд, то намунаи шарикии мутақобилан судманд, ки самаранокии он бо баробарии ҳамаи давлатҳои аъзо ва қабули қарорҳо дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо таъмин мегардад, ба роҳ монда шавад. Таъкид гардид, ки имрӯз дар назди Созмон ҳадафҳои масъулиятноки бо саъю кӯшиши муштарак таъмин намудани рушди устувори минтақа истодаанд.
Дар зимн, масоили тағйирёбии иқлим ва иртибототи нақлиётӣ ба таври хоса таъкид гардид. Ҳамзамон, зикр шуд, ки бунёди низоми устувори иқтисодии давлатҳо бе пешбурди «энергетикаи сабз» ва эҷоди инфрасохтори самараноки нақлиётӣ дар ҳудуди СҲШ ғайриимкон аст.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ бояд ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монанд.
Бо назардошти вазъи мураккаби Афғонистон, ба зарурати тақвият бахшидан ба талошҳо барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид гардид.
Ҳангоми ҷаласа дар доираи васеъ сарварони ҳайатҳо масъалаҳои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судмандро дар доираи СҲШ бо истифода аз иқтидори давлатҳои нозир ва кишварҳои шарики муколамаи СҲШ баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки соли гузашта дар нишасти ҷашнии СҲШ дар Тоҷикистон самтҳои стратегии рушди Созмон дар ояндаи наздик муайян шуданд.  
– Дар Эъломияи Душанбе омадааст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бояд ҳамчунон меҳвари СҲШ боқӣ монад. Дар шароити имрӯза ин усул аҳамияти хоса дорад,– таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронӣ оид ба масоили амниятӣ Сарвари давлат ба тамоюли хатарноки густариши идеологияи радикализми динӣ ва ифротгароӣ ишора карда, аз кишварҳои аъзои СҲШ даъват ба амал оварданд, ки вазъро муштаракан назорат кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии афзоиши таҳдидҳои амниятӣ амал намоянд. Пешвои миллат, ҳамчунин, аз афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, аҳамияти ташаббуси таъсиси сохтори алоҳидаи Созмонро оид ба мубориза бо маводи мухаддир қайд карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соли гузаштаашон дар бораи қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ба сарварони ҳукуматҳо супориш дода шавад, то ин санадро дар ҷаласаи навбатӣ баррасӣ карда, барои тасдиқи он дар ҷаласаи ояндаи СҲШ чораҷӯӣ намоянд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа сарварони давлатҳо аз рӯи масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СҲШ 22 қарор ба имзо расонданд. Аз ҷумла, Эъломияи самарқандии Шурои сарварони давлатҳо қабул гардида, нақшаи чорабиниҳои ҳамаҷониба барои солҳои 2023 – 2027 оид ба татбиқи муқаррароти Шартномаи ҳамсоягии дарозмуддати нек, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ ва Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба рушди робитаҳои байниҳамдигарӣ ва эҷоди долонҳои самарабахши нақлиётӣ тасдиқ гардиданд.
Бо қарорҳои сарварони кишварҳои аъзои СҲШ, расмиёти қабули Беларус ба узвияти СҲШ оғоз гардида, ба Баҳрайн, Малдив, Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт мақоми шарики муколамаи СҲШ дода шуд.
Пешвои миллат, бинобар обхезиҳои фоҷиабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии худро иброз намуданд.
Дар анҷоми суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модиро барои қабули раёсати СҲШ дар давраи оянда табрик гуфтанд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2022    №: 180    Мутолиа карданд: 496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед