logo

сиёсат

МУНОҚИШАҲОИ МАРЗӢ. АЗ ХАБАРСОЗИҲОИ БАРДУРӮҒИ ҶОНИБИ ҚИРҒИЗИСТОН ТО ҲАҚИҚАТИ НАНГИН

Рӯйдодҳои рӯзҳои охир, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён гирифтанд, бори дигар собит намуданд, ки ҷониби кишвари ҳамсояи мо ҳаргиз хостори оромиш ва субот дар минтақа нест, зеро борҳост, ки нуктаҳои қарордоди оташбас ва суратҷаласаи комиссияи муштаракро вайрон намуда, вазъро ноором месозад. Муқарраран вайрон намудани талаботи оташбас ва ҳатто ин бор қабул накардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи қатъи ҷанг гувоҳ бар он аст, ки ҷониби Қирғизистон ҳаргиз хостори бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳаллу фасл намудани масъала нест ва мехоҳад танҳо ва танҳо аз роҳи ҷанг даст ба кор шавад.
 
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки ҳарчанд ҳамеша ва ҳар бор ҷанг аз ҷониби Қирғизистон оғоз шуда, сабаби марги афроди бегуноҳ, харобии хонаву манзилҳои мардуми осоишта мегардад, вале воситаҳои ахбори умум ва ҳатто чандин нафар аз чеҳраҳои сиёсии ин кишвар Тоҷикистонро ба паймоншиканӣ айбдор карда, оғози ҷангу хунрезиро ба қӯшунҳои сарҳадии кишвари мо нисбат медиҳанд. Вақте чанде аз расонаҳои хабарии Қирғизистон ин бор ҳам ҳамин шеваи муносибат ба рӯйдодҳои марзиро пеш гирифтанд, ростӣ беихтиёр ҳамон мақоли маъруф ва дорои оҳанги дурушти тоҷикӣ ба хотирам омад: «Ҳам дуздӣ ҳам пешхезӣ». Аммо ба осонӣ чун шумори ҳисоби 2 зарби 2 аз ахбори шабакаҳои телевизионии Қирғизистон сохтакорӣ ва дурӯғпарокании онҳо равшан буд. Дар навбати аввал дар шабакаи хабарии Қирғизистон барои ягон гуфтори хабарнигорон, ки тавассути онҳо кишвари моро барои оғози ҷанг ва ҳамла ба мардуми осоишта айбдор мекунанд, далеле нишон дода намешавад. Аз сӯи дигар, мувофиқи ахбори шабакаи мазкур гӯё неруҳои ҳарбии Тоҷикистон соати 6:30 дақиқа  ҷангро оғоз намуданд, вале ин дурӯғи маҳзи онҳоро изҳороти неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуфтори аҳолии осоиштаи минтақаҳои наздисарҳадии кишвари мо ба осонӣ рад мекунад, зеро аз рӯи ин изҳорот  тирпарронии ҷониби Қирғизистон соати 04:50 шуруъ шудааст, яъне 1 соату 40 дақиқа қабл аз замоне, ки тавассути он расонаҳои хабарии Қирғизистон Тоҷикистонро барои ҳамла айбдор намудаанд. Шабакаи хабарӣ вақте мегӯяд, ки ҷониби Тоҷикистон ба минтақаҳои аҳолии осоишта ҳамла кардааст, аммо ягон далел барои гуфтааш надорад ва ҳатто бархе коршиносони расонаҳои хабарии Тоҷикистон бо далелҳо собит намуданд, ки бештари ин наворҳо аз ҳаводиси дар кишварҳои дигар рухдода гирифта шуданд. Муҳимтар аз ҳама ин гуфтори шабакаҳои хабарии Қирғизистон дар бораи ҳамла ба мардуми осоишта аз ҷониби  Тоҷикистонро мусоҳибаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон комилан  рад мекунад. Ба навиштаи «Радиои Озодӣ» “Қамчибек Ташиев шаби 16 сентябр дар пахши мустақим дар Фейсбук гуфт, “талафот асосан дар байни низомиён аст. Рости гап, шумораи фавтидагонро мушаххас карда истодаем, мутаассифона, зиёд аст.”
Вай афзуд, “маҷруҳон низ зиёд ҳастанд. Ба сабаби кӯчондани саривақтии одамон, гуфтан мумкин аст, ки талафот дар миёни ғайринизомиён камтар буд,” – афзуд ӯ дар пахши мустақим”.
Ин суханони Қамчибек Ташиев на танҳо ахбори шабакаи хабарии Қирғизистонро рад мекунад, балки асрори дигареро фош мекунад, ки он ба  омодагии пешакии ҷангии ҷониби Қирғизистон ишорат менамояд. “Ба сабаби кӯчондани саривақтии одамон” гуфтани Ташиевро чӣ тавр метавон маънидод кард, ба ғайр аз ин ки аз қабл ба тарҳрезӣ шудани ин ҳамларо равшан ва возеҳ тафсир мекунад. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе наворҳо ҳам пайдо шуданд, ки шаҳрвандони навоҳии наздисарҳадии Қирғизистон дар онҳо ҳақиқат доштани омодагии пешакии ҷониби Қирғизистонро тасдиқ кардаанд, зеро афроди низомӣ онҳоро ҳамон шаб ба ҷанг ва бо додани яроқ ба марзи Тоҷикистон даъват кардаанд. 
Гузашта аз ин вақте ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва оташбас эълон намуданд, боз ҳам дар кӯтоҳтарин фурсат ҷониби Қирғизистон қавонини ин оташбасро дағалона ва бо анҷоми ҷиноятҳои вазнини зиддиинсонӣ вайрон намуд. Нахуст, ин ки ба масҷиде дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавассути ҳавопаймои бесарнишин ҳамла карда шуд, хосатан вақте ки мардум барои адои намоз мерафтанд. Ба гуфтаи баъзе шоҳидон ҳатто вақте ки мардум барои хондани намози ҷанозаи онҳое, ки қурбони тири сарҳадбонони қирғиз шуда буданд. Ҳамла ба масҷидро, ҷое, ки мардум барои адои намоз мераванд ва маконе, ки барои мардуми мусалмон муқаддас аст, оё метавон кирдори инсонӣ ба шумор овард?
Баробари ин, ҳамла ба мактаб, ки макони муқаддаси маърифат ва такмили ақлу хиради инсонҳост, камтар аз ҷинояте нест, ки тариқи анҷоми таркиш дар масҷид сурат гирифтааст. Эҷоди тарс дар вуҷуди кӯдакони бегуноҳ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан ва ҳатто марги баъзеи онҳо пайомадҳои номатлуби чунин амалҳои ғайриинсонӣ ба шумор мераванд.
Чунин ҳодисаро мо танҳо дар кишварҳои Афғонистону Сурияву Ироқ дар ҳолати анҷоми амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротӣ дидаву шунида будем. Дар баробари ин, куштори аҳли як хонавода дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара, ки аз онҳо ду нафар кӯдак ва як зани ҳомила мебошанд, магар ҷинояти вазнини зиддибашарӣ нест? Қатли кӯдаки бегуноҳ, модари ҳомиларо чӣ гуна метавон тасаввур кард? Даҳшати гӯшношунид, ҷинояте, ки инсон набояд ҷасорати даст ба он заданро дошта бошад. Болои ҳамаи ин ҳамла ба мошини ёрии таъҷилӣ, ки барои наҷоти ин бегуноҳон талошмекардаро чи метавон унвон кард, ҷинояти вазнини ғайриинсонӣ, душмании инсоният, амали террористӣ ва ё чизи дигар?  Харобкориҳои зиёд дар манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хистеварз, Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфара ваҳшонияте беш наметавонанд бошад, чун вақте инсон медонад, ки дар ин хонаҳо афроди бегуноҳ, инсонҳои синну соли гуногун, аз ҷумла кӯдакон зиндагӣ мекунанд, бо кадом дасту дил барои қатъи хандаҳои беғаш дар лабони кӯдакон даст мезананд. 
Ахиран боз ҳам ба ҳамон усули мақоли маъруфи тоҷикӣ “Ҳам дуздӣ, ҳам пешхезӣ” ҷониби Қирғизистон аз ин ҳама ҷиноятҳои зиддиинсонии хеш сарфи назар намуда, ба Созмони Милали Муттаҳид аз болои Тоҷикистон шикоят бурдан мехоҳад. Аммо бовар дорам, ки ҳамла ба маҷсиду мактаб, қатлу куштори кӯдакони бегуноҳ, модари ҳомиларо ҳам масъулони ниҳодҳои ҳуқуқи башар дар саросари олам наметавонанд бидуни таваҷҷуҳ ва бепарвоёна сарфи назар намояд. Ё аз ҳамла ба мошинаи ёрии таъҷилиро, ки ягон ҷанги ҷаҳонӣ тибқи қавонини амалкунандаи ҳолати ҷангӣ дар хотир надорад, ба осонӣ бигузаранд.  Ҳаройина, ин ҷанг ва қатлу куштор ва харобкорӣ танҳову танҳо душманӣ на фақат ба халқи тоҷик, балки халқи худи Қирғизистон ҳам ҳаст ва, аллакай садоҳои баландшуда бар зидди роҳбарияти олии ин кишвар, хосса раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар ҳақиқати ин ҳолро тафсир мекунанд ва бо ҳам бо каломи Сайидои бузург  итминон дорем:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад. 
 
Нуралӣ НУРЗОД, доктори илмҳои филология, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2022    №: 180    Мутолиа карданд: 743
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед