logo

сиёсат

ҲАМСОЯДОРӢ. АЗ ИҒВОАНГЕЗИИ НАВБАТИИ ҚИРҒИЗИСТОН КӢ СУД МЕБАРДОРАД?!

Қатъи назар аз он, ки дар самти ҳалли мушкилоти сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон маҷмуи тадбирҳо роҳандозӣ гардида, то андозае масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ байни ду мамлакат ҳал гардид, аммо ҳанӯз ҳам баҳсҳои марзӣ моҷаро ва муноқишаҳоеро ба вуҷуд оварда истодаанд. Вобаста ба ин, даҳҳо рӯйдодҳо ва воқеиятҳоро баён намудан мумкин аст, ки раванди баҳсҳои марзӣ ва оқибатҳои онро бозгӯӣ менамоянд. Масалан, ҳодисаҳои тули ду рӯзи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баамаломада, далели ҳанӯз ҳам печида ва мураккаб боқӣ мондани баҳсҳои сарҳадист.
 
Ба назари сиёсатшиносон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои ҳаллу фасли масъалаи мазкур тадбирҳои ҳамаҷониба меандешад, аммо бо тағйироти пайдарпай ва табаддулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва носуботии сиёсии ҳамсоякишвар дар ҳалли масъала монеа эҷод мекунанд. Чун бо ивази элитаи сиёсӣ, сарвари нав имзоҳои роҳбари қаблиро эътироф намекунад. Яъне, Тоҷикистон бо назардошти ҳифзи манфитаҳои миллӣ ва мутақобила бо риояи оини ҳамсоядорӣ мехоҳад роҳи ҳалли муносиб ба сулҳу якдигарфаҳмиро пайдо кунад. Аммо ҷониби Қирғизистон барои ҳалли ин мушкилот бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб ба таври лозим омодагӣ нишон намедиҳад. Ба ин хотир, масъалаи ҳаллу фасли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ибтидо то имрӯз як раванди бисёр печидаро мемонад. 
 
АҲДШИКАНӢ
Пас аз воқеаҳои моҳи апрели соли гузашта аз ҷониби ҳайатҳои коммиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон 1 майи соли 2021 созишнома қабул гардид, ки ба задухӯрди мусаллаҳона хотима бахшид.
Бо гузашти қариб як сол аз қабули созишнома шоми 27 январ дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара даргирии мусаллаҳона ба амал омад, ки бар асари он теъдоде аз низомиён ва шаҳрвандони мулкӣ захм бардошта, талафоти ҷонӣ низ сабт гардид. 
Воқеоти ахире, ки 14 – 17 сентябри соли ҷорӣ дар марз ба вуқуъ пайваст бешак, амалиёти таҷовузкоронаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон буд. Ин амали ҷониби Қирғизистон бар хилофи санадҳои байналмилалӣ мебошад. Муҳимтарин санади байналмилалие, ки муносибатҳои байнидавлатиро танзим менамояд, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Тибқи моддаи 2-и ин Оиннома, дар муносибатҳои байналмилалӣ давлатҳо бояд аз истифодаи қувва ва ё таҳдиди қувва худдорӣ намуда, баҳсҳои пайдошударо бо роҳи сулҳомез ҳал карда, уҳдадориҳои байналмилалиро софдилона иҷро намоянд. 
Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои анҷом додани ин уҳдадории байналмилалӣ ҷониби Қирғизистонро ба гуфтушунид даъват намуд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надоданд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ намуд. «Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд».
Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта, шумораи зиёди манзилҳо, нуқтаҳои сарҳадӣ, дигар иншоот ва инфрасохтори Тоҷикистон сӯзонда шуданд.
Ҳамагон  шоҳид  будем, ки пас аз имзои Протоколи  № 41 аз 16  сентябри  соли 2022 дар бораи эълони  оташбас  аз  соати  16:00-и ҳамон рӯз байни роҳбарони ду комиссия – С. Ятимов ва Қ. Ташиев ҷониби Қирғизистон ҳангоми ҳамла аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазананда (БПЛА) истифода кард. Дар натиҷаи ҳамла ба бинои Муассисаи таълимии № 8-и деҳоти Овчи-Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров 6 сокини осоишта ва бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба масҷиди ҳамин деҳот 12 нафар кушта шуда, беш аз 20 кас, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола, ҷароҳат бардоштанд.
Парвиз Муҳаммадзода, доктори илмҳои сиёсӣ, яке аз сабабҳои асосии низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон ин аҳдшиканӣ ва иғвоангезии доимии роҳбарияти олии Қирғизистон бо назардошти ҳифзи қудрати хеш дар Қирғизистон унвон намуд. Ба андешаи коршинос, дар раванди бесуботсозии вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва умуман дар минтақа дасти ҷониби сеюм низ ба назар мерасад.
 
ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША ҶОНИБДОРИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ СОЗАНДА
- Дар меҳвари сиёсатгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокирот бартарӣ додан маънои онро надорад, ки ҷониби Тоҷикистон иқтидори кам дорад ва ё гузашт намуда истодааст. Имрӯз ҷумҳурии мо иқтидори азими ҳарбӣ ва зарфияти лозимаи мудофиавиро дорост, ки метавонад дилхоҳ хатару таҳдидро бартараф созад. Миллати тоҷик ва ҷавонмардони он ғайрати қавии муҳофизатӣ ва шукӯҳи бузурги набардро бо душман соҳибанд. Аз Зарафшону Бадахшон то Хатлону Ҳисору Рашту Хуҷанд мавҷ-мавҷ ҳаракат намудани шаҳрвандон баҳри ҳимояи як гӯшаи Ватан далели дигари тавонмандии Тоҷикистон аст. Таҳлил ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳодисаҳои имрӯза аз он шаҳодат медиҳад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо беш аз пеш тақвият ёфта, сокинон баҳри ҳифзи марзу буми Ватани худ омодаанд, - гуфт Алиназар Ашуров, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дӯстонаро бо давлатҳои дигар, аз ҷумла бо кишварҳои Осиё Марказӣ ба роҳ монда, ягон маротиба ба давлатҳои дигар фишори ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ наоварда, баҳсҳои пайдошударо бо роҳи дипломатӣ ҳал кардааст. Аз ин нуқтаи назар, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна буда, ҳангоми татбиқи он меъёрҳои байналмилалӣ эҳтиром ва риоя мешаванд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошанд. Инро худи сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ эътироф кардаанд. Ҳамин буд, ки нахустин мукофоти олӣ – Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ тақдим гардид. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,
 «Ҷумҳурият»

Р.S. Дар ҳоле муноқишаҳои марзӣ ба миён меоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз 14 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатиро барқарор намудааст. 
Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар беш аз 100 санадро, аз ҷумла Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон (12 июли соли 1996) ва Аҳднома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ (26 майи соли 2004) ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, кишварҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкорӣ доранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2022    №: 180    Мутолиа карданд: 701
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед