logo

фарҳанг

МУҲАҚҚИҚИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

 
Кӯчаи ҳунармандон, шакли ошхонадории миллӣ, зарфҳои хӯрокпазиву ҳӯрокхӯрии тоҷикон, ки  гӯшаеро дар Боғи «Ирам»-и пойтахти кишвар зеб медиҳанд, ҳосили андешаи Мумина Шовалиева, номзади илми таърих, ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ва чанд тан аз ҳамаслакони ӯ мебошанд. Ин гӯшаи хушгил ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ қарор дорад. Манзараи  дилрабо, ки намоде аз зиндагии  тоҷикон аст ва гузаштаву имрӯзро ба ҳам мепайвандад, зеҳни худи моро низ ба худ кашид.
Аслан, дар бунёди ин гӯша ҳеҷ тахайюли бофтаву сохта ба чашм намехӯрад, ҳама  асл аст: асли маишати тоҷикон. Ин ҳамаро Мумина Шовалиева чун панҷ ангушти дасташ  медонад, ӯ  42  соли умри пурарзишашро сарфи таҳқиқ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, таом ва либосҳои миллиамон  намудааст. Шояд ҳамин омил боис шуда, ки дар ин гӯшаи боғ  зиндагии тоҷиконаро бо ҳама зебоияш ҷаззобу диданӣ нишон додаанд. 
Зани софтинат аст, ӯ. Чашмони бедору зеҳни ҳушманд дорад. Ожангҳои ҷабинаш асар аз ранҷҳои роҳи илманд. Бештар миёни мардум аст. Бале, ӯ бо мардум пайваст, то рози ниҳони ҳунари онҳоро бикшояд. Аз ин ҷост, ки дар бештари манотиқи кишвар ӯро медонанду мешиносанд.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1975 барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистон ба номи В.И Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба факултети таърих супурд. Солҳои донишҷӯӣ зуд сипарӣ шуданду Донишгоҳро бо  баҳои аъло хатм намуд.
Ҳамон сол дар Институти таърихи Академияи фанҳои  Тоҷикистон шуъбаи мардумшиносӣ таъсис ёфт. Ӯро, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ дошт ва зери роҳбарии мардумшиноси машҳур шодравон  Маҳмадраҳим Наимов дар самти ҳунарҳои мардумӣ кори дипломӣ ҳимоя намуда буд, тибқи роҳхат барои кор  ба ин шуъбаи навтаъсис фиристоданд.  
Айёме, ки дар Академия ба кор оғоз намуд, дар ин даргоҳ мактаби қавии мардумшиносӣ амал менамуд ва пуриқтидортарин мактаби мардумшиносӣ дар  қаламрави Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Наздики 30 донишманди мардумшинос  самтҳои гуногуни фарҳангу ҳунар, урфу одату анъанаи мурдумиро меомӯхтанду таҳқиқ менамуданд, аммо  хӯрокҳои миллӣ аз самтҳои қариб, ки таҳқиқнашудаи ҳунарҳои мардум ба шумор мерафт. Бо салоҳдиди номзади илми таърих Антонина Константиновна Писарчик  ин самтро таҳқиқ ва зери роҳбарии олими бостоншинос Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. 
Ҳамин тавр, давоми фаъолият дар ин бахш беш аз 100 мақолаи илмӣ, китобу монографияҳои зиёде нашр сохт. Албом (дафтари расмҳо), ки соли 2014 бобати хӯрокҳои миллӣ манзур дошт, шавқовар ва ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Муҳимтарин хосияти неки ин дафтар дар он зоҳир меёбад, ки бо ду забон нашр шудааст. Ба ин тариқ, муҳаққиқ шароит ва имконияти хубе муҳайё намуд, то  ҷаҳониён  дар хусуси хӯрокҳои миллии  мо иттилои муфид пайдо намоянд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки ҳунару анъанаҳои миллии мардумон ба ҳам омехтан доранд, ин дафтар ва  китобҳои дигари олим имкон фароҳам меоранд, ки онҳо ҳифз бигарданд. Тавассути ин ва дигар сарчашмаҳои муътамад собит намуд, баъзе таомҳое, ки имрӯз мардумони дигар моли худ мешуморанд ва иддао доранд, ки таоми миллии онҳост, ботил мебошад. Чунончи халқи қафқоз иддао доранд, ки сихкабоб (шашлик) моли онҳост. Арманиҳо низ.
 - Аммо дар асл чунин нест, - мегӯяд Шовалиева. - Ин таоми миллии тоҷикон аст ва атрофи он тоҷикон ҳанӯз  чандин  аср пеш дар китобҳояшон нигоштаанд.  
Мавриди зикр аст, ки ранҷҳои кашидааш дар илм  бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста ва ифтихорномаҳои зиёд  қадр шудааст. 
Набояд фаромӯш намуд, ки  дар баробари ин ҳама  қаҳрамони мо 8 фарзанд ба дунё овардаву бузург кардааст. 
- Баъзан, аз экспедитсияи илмӣ  бар мегаштам, медидам, ки фарзанди дар ихтиёри модар ва назорати ҳамсарам гузоштаам роҳрав шудааст, - бо табассуми малеҳе мегӯяд ӯ. 
Илм дар баробари шебу фарози зиёдаш фидокорӣ мехоҳад. Дар ин пайроҳа барои то қуллаи мурод расидан,  баъзан, лозим  меояд  аз  ширинтарин лаҳзаҳои зиндагӣ, ки гоҳе ба як чашм бо ҳам задан мегузарад, бенасиб шуд. Чун дар мавриди қаҳрамони мо.
Аммо бо ин, ки кораш бештар саҳроӣ асту ҳамасола ба манотиқи гуногун саёҳати илмӣ анҷом медиҳад,  тарбия, таҳсил ва рафтори фарзандон аз назари эътибораш дур нест. Ба масъала ҳамсараш низ ҷиддӣ муносибат дорад. Ин аст, ки фарзандонаш 7 духтару 1 писар  бо ахлоқи писандида бузург шудаву инсонҳои солеҳанд. Аз он ки ҳама ҷигарбандонаш соҳибмаълумотанду соҳибкасб, хеле меболад.
- Се фарзандам муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намуданд. Писарам  Донишгоҳи давлатии Россия ба номи Ломоносовро бо дипломи аъло ба итмом расонда, ба роҳи илм рафт. Ҳоло дар Кореяи Ҷанубӣ идомаи таҳсил дорад ,- бо ифтихор иброз дошт ӯ.
Ҷойи таъкид аст, ки оилаашон соли 2012  дар Душанбе «Оилаи сол» эълон шуд. Барои як зан бордоштани бори ду масъулияти бузург:  ҳам модар ва ҳам олим будан,  саҳл нест, аммо чи хуш қаҳрамони мо ба ин комёб шуда.
 
ФАРЗОНАИ ФАЙЗАЛӢ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2022    №: 180    Мутолиа карданд: 1206
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед