logo

Хабарҳо

НАВИДИ ФАРҲАНГ

 
ХУФ – ВОДИИ ЗЕБОМАНЗАРИ БАДАХШОН
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон Фестивали экологӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Ганҷи Бадахшон» баргузор гардид. 
Саҳмдорони ин чорабинии судманд Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» ва «Кӯҳсори Бадахшон» дар рустои Хуфи деҳоти Пастхуф буданд. Фестивал бо ширкати коршиносони масоили муҳити зист, олимони Институти биологии Помири Академияи миллии илмии Тоҷикистон гузашт.
Деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшон дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр, миёни чаҳор кӯҳи сар ба афлок ҷой гирифта, аз хушманзаратарин водиҳои кишвари мост. Дар бораи ин макон ҳанӯз дар солҳои аввали асри бист мардумшиноси машҳури рус Михаил Андреев асари калонҳаҷми «Тоҷикони водии Хуф» - ро интишор дода буд. 
Ҳозирин таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои рушд ва тарғиби сайёҳии кӯҳнавардӣ бисёр муфид аст.
 
 
МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОҶИКӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тоҷикон бо дӯстони ӯзбекашон аҳлона кору зиндагӣ доранд. Яке аз ин ноҳияҳо, ки бештар мардуми Мастчоҳ муқимиянд, ноҳияи Бӯка аст. Чанде пеш тоҷикони деҳаи Истошони ин ноҳия бо маблағи худ ва тавассути ҳашар мактаб сохтанд.
Гуфта мешавад, ки сохтмони муассиса тирамоҳи соли 2021 оғоз ёфта, ба маблағи 3 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар ҳашар ҳамарӯза аз 150 то 300 нафар сокини маҳаллӣ ширкат меварзид.
Мактаб, ки таҳти рақами 5 ба қайд гирифта шуд, дар он 350 хонанда дар як баст таҳсил мекунад.
 
 
МЕҲМОНОНИ ОКСФОРД ВА КЕМБРИҶ ДАР ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ
Як гурӯҳ ҷаҳонгардон аз ду донишгоҳи маъруфтарини ҷаҳон - Оксфорд ва Кембриҷ ба дидани ёдгориҳои таърихии Панҷакенти Қадим ва Санҷаршоҳ омаданд.
Дар ин бора бостоншинос, муҳаққиқи Панҷакенти Қадим Абдураҳмон Пӯлодов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, меҳмонон пас аз ошноӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо муҳити таърихиву табиати хушманзари Панҷакент ба дидани шаҳр шавқманд шудаанд.
Ёдовар бояд шавем, ки ёдгориҳои мазкур дар номинаи феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил буда, дар доираи барномаи «Роҳи бузурги Абрешим: долони Зарафшон - Қароқум» омӯхта мешаванд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2195
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед