logo

Хабарҳо

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

 
Бозигарони ҷавони тоҷик ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд 
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 дар гурӯҳи «I» мақоми аввалро (7 хол) ишғол намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот (1–18 марти соли 2023, Ӯзбекистон) роҳ ёфт.
Футболбозони тоҷик дар вохӯрии охир, ки тақдири роҳхати мустақимро ҳал мекард, бо ҳамсолони худ аз Камбоҷа вориди майдон шуданд. Бозигарони мо бо бозубандҳои сиёҳ ва бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотири кушташудагон дар муноқишаи марзӣ бозиро оғоз намуданд. 
Дар ҳузури беш аз 5000 мухлис аз шуруъ ҷавонони мо бозиро идора мекарданд, аммо дар нимаи аввал ба онҳо муяссар нагардид, ки дарвозаи рақибро рахна намоянд. Дар қисми дуюми дидор Амадонӣ Камолов (дақ.58) мунтахаби моро ба пеш баровард. Баъд аз гузашти шаш дақиқа Сокнет Хав ҳисобро баробар намуд. Сипас, бозигарони Камбоҷа дар дохили ҷаримагоҳашон бо даст бозӣ карданд, ки довар зарбаи 11-метра таъин намуд. Бежан Нишонбойзода тӯбро вориди тӯри дарвоза намуд, ки дар натиҷа тими мо бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. 
Дар ду қувваозмоии қаблӣ мунтахаби мо Лубнонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода, бо Сингапур мусовӣ (0:0) кард. 
 
 
ФУТЗАЛ 
Тими миллӣ барои омодагӣ ба АМА сафар кард 
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё – 2022 тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал зери роҳбарии Пайрав Воҳидов ба Дубай сафар намуд.  
Тибқи иттилои ФФТ, дар ҳайати даста 14 нафар ҷалб шуда, дар ҷамъомади тамринию таълимӣ зӯрозмоӣ бо чанд дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё – 2022 (27 сентябр – 8 октябр, Кувайт) мунтахаби мо шомили гурӯҳи «В» буда, бо Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) неру месанҷад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3449
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед