logo

Хабарҳо

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

 
RT. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Шурои амнияти Россия,  дабири Шурои амнияти Россия Николай Патрушев вориди Чин гардид, дар ин сафар таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Москва ва Пекин дар бахши амният баррасӣ мешавад.
Дар назар аст, ки масъалаҳои таҳияи тавофуқоти дар мулоқоти Президенти Россия Владимир Путин ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳосилшуда, инчунин, доираи васеи мавзуъҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният нигаронда шудаанд, баррасӣ гарданд. 
Қаблан Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Чин ва Россия бояд ҳамоҳангиро дар СҲШ, БРИКС ва дигар механизмҳои бисёрҷониба тақвият бахшанд. Москва ва Пекин бояд манфиатҳои кишварҳои рӯ ба инкишофро якҷоя дифоъ намоянд, - гуфт ӯ дар нишасти сарварони Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд.
 
 
Штрахе ИМА ва НАТО-ро дар ташдиди буҳрон дар Украина муттаҳам мекунад
Lenta.ru. Собиқ ноиби Канслери Австрия Ҳайнс-Кристиан Штрахе гуфт, ки буҳрон дар Украина як ҷангест, ки онро Амрико ва НАТО алайҳи Россия тавассути Украина оғоз намудаанд. Муноқиша Аврупоро дар ҳолати хатарнок қарор додааст.
Штрахе ИМА-ро дар ташдиди буҳрон дар Украина муттаҳам кард ва аз раҳбарияти Австрия ва Иттиҳоди Аврупо хост, то эҳтиёткорӣ нишон диҳанд ва низоъро бо роҳи дипломатӣ ҳарчи зудтар ҳал намоянд. 
«Онҳое бар ин ақидаанд, ки интиқоли силоҳ аз ИМА ва кишварҳои узви НАТО ба Украина ёрӣ мерасонад, хато мекунанд. Кумаки низомии Ғарб боиси ранҷу азобҳои даҳшатноки инсонӣ, боз ҳам тезутунд шудани вазъ ва шумораи тасаввурнашавандаи талафоти инсонӣ хоҳад шуд”, - таъкид кард сиёсатмадор.
Собиқ ноиби Канслер аз ҳукуматдорони Австрия даъват намуд, то принсипи бетарафии доимиро, ки дар Конститутсияи кишвар сабт шудааст, риоя ва интиқоли силоҳ ба Киев тавассути ҳудуди он манъ карда шавад. Ӯ, ҳамчунин, аз пайомадҳои ногуворе, ки таҳримҳо алайҳи Москва ба бор хоҳад овард, ҳушдор дод ва ҷонибдори лағви таҳримҳо  шуд.
 
 
СААД дар бораи ду ихтилоф изҳорот дод
Осиёи Марказӣ (CA). СААД талош дорад, низоъ дар марзҳои Арманистону Озарбойҷон, ҳамчунин, миёни Қирғизистону Тоҷикистонро бо роҳи осоишта ҳал намояд. Дар ин бора генерал-полковник Анатолий Сидоров, сарвари ситоди муттаҳидаи СААД хабар дод.  
Сидоров таъкид кард, ки барои СААД ҳам дар марзи Арманистону Озарбойҷон ва ҳам дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон вазъи ногувор ба вуҷуд омадааст. 
«Дар баробари ин, дар оинномаи мо, дар ҳуҷҷатҳо ва дар худи Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ навишта шудааст, ки афзалият ба усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дода мешавад. Аз ин рӯ, мо кӯшиш менамоем, ки масъаларо ба қадри имкон бо роҳи осоишта ҳал созем. Фикр мекунам, кор дар ин самт ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ дурнамои бузург дорад”, - гуфт намояндаи СААД.
 
 
Суҳбати телефонии Блинкен бо Алиев  
RT.  Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен дар  суҳбати телефонӣ бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев аз қатъи даргириҳо миёни Боку ва Ереван истиқбол кард.  
Блинкен аз Алиев даъват намуд, ки оташбасро риоя намоянд, неруҳои низомиро ба ҷои доимӣ баргардонанд ва барои ҳалли ҳама ихтилофот байни Арманистону Озарбойҷон тавассути музокироти мусолиматомез талош варзанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2813
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед