Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Ба иттилои рӯзномаи «Bild am Sonntag» бо истинод ба таҳқиқоти Институти INSA, бештар аз нисфи олмониҳо (59%) дар хавфанд, ки онҳо дар фасли зимистон наметавонанд пули газу барқро пардохт намоянд
Lenta.ru. Президенти Амрико Ҷо Байден дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «CBS» гуфт, ки то ҳол дар мавриди ширкат дар интихоботи президентии соли 2024 тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
АИР «Новости». Канслери Олмон Олаф Шолс, дар мусоҳиба бо «Deutschlandfunk» гуфт, ки сарфи назар аз гуногунфикрӣ, бояд муколама бо Президенти Россия Владимир Путин идома ёбад.
Росбалт. Фармони Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар бораи табдили номи Нур-Султон – пойтахти Қазоқистон ба Остона, ки дар рӯзномаи расмии “Казахстанская правда” нашр шуд, эътибор пайдо кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2772