logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

 
19 сентбяр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ протокол имзо карданд, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳали доимии худ баргардонда, амнияти сокинон таъмин мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар музокирот раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва сохторҳои низомии Қирғизистон иштирок доштанд. 
Ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмии оташбас таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хосса қарор бигирад ва минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.
Дар фарҷоми мулоқот роҳбарони гурӯҳҳои кории ҳар ду давлат барои намояндагони ВАО изҳорот доданд, ки дар рафти он раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов чунин иброз дошт:
«Мо ба созиши умумӣ расидем ва протокол ба имзо расондем. Итминон дорем, ки дар сарҳадҳои давлатии мо сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад. Мо фаъолияти худро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо дар руҳияи манфиатҳои ду халқи бародар ба роҳ мемонем».
Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев, дар навбати худ, чунин баён кард:
«Ман бисёр умедворам, ки протокол дар бораи ҳусни тафоҳум, ки мо бо Саймумин Сатторович ба имзо расондем, ба кишварҳои мо сулҳ меорад. Боварӣ дорам, ки сулҳ ҳамеша беҳтар аст ва барои сулҳ талош меварзем».
Ёдрас мешавем, ки 14 – 18 сентябри соли 2022 дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дод, ки бар асари даргириҳо аз ду ҷониб хисороти зиёд, аз ҷумла талафоти ҷонӣ, дар пай дошт. 
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3682
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед