иҷтимоиёт
АЗ ОБУ ХОКИ ВАТАН МУҚАДДАСТАР НЕЪМАТЕ НЕСТ
«Халқи мо душвортарин ва фоҷиабортарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки неруҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардидаанд. Дар натиҷа, будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд».
Ин аз ҷумлаи нукотест, ки дар Муроҷиатномаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябр, соли 1992, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ) қабул шуда буд. Дар ин чанд сатр кулли вазъи сиёсии вақт аниқ инъикос ёфтааст. Дар ҳақиқат ҳам, миллат он рӯзҳо душвортарину фоҷиабортарин рӯзҳоро аз сар мегузаронд, зеро кулли сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буданд. Дар кишвар бесарусомонӣ, беҳокимиятӣ салтанат дошт. Ҳар касе ҳар чи мехост, анҷом медод. Хавфи аз харитаи сиёсӣ зудуда шудани номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он рӯзҳо бармало таҳдид мекард. Хушбахтона, дар ҳамон рӯзҳо дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баргузор гашт ва фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд. Замоне ки касе аз ҳозирини Иҷлосия ёрои он надошт, ки ин масъулияти бузургро ба гардан гирад, Эмомалӣ Раҳмони ҳамагӣ 40-сола ба хотири барқарор намудани сулҳу салоҳ дар кишвар, хомӯш кардани забонаи оташи ҷанги бародаркушӣ, ки ба авҷи аълояш расида буд, ҷон дар кафи даст миёни ҷавонмардӣ баст. Сарвари мамлакат аз рӯзҳои аввали Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданашон барои расидан ба ваҳдати миллӣ шабу рӯз талош варзиданд ва, хушбахтона, заҳматҳояшон барабас нарафтанд. Маҳз бо талошҳои Пешвои миллат тоҷикон сари мизи музокирот нишастанд ва ниҳоят ба мувофиқа омаданд.
Лутфишои Додо, собиқ муҳаррири радиои ҷумҳурӣ, он солҳо дар шаҳри Хоруғ буд. Ӯ нақл мекунад, ки як рӯз телевизиони Россия чунин хабар пахш кард: «Имрӯз дар шаҳри Маскав байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин шартномаи сулҳ ба имзо расид…». Ин хабаре буд, ки пиронсолонро неруи ҷавонӣ, қалбҳои ғарқи яъсу ноумедиро умед, зарирро чашми бино ва пайкари сардро ҷон бахшид. Одамон ҳамдигарро бо ин рӯйдоди бузург табрик мекарданд. Дар ҳамин рӯз холаи Марзияи 60- соларо дар кӯча дучор омадам, ки ҳамроҳи наберааш мерафт. Ӯро кайҳо боз мешинохтам. Қаблан дар вилояти Қӯрғонтеппа мезист, аввалҳои соли 1992 бар асари муқовиматҳои ҷонибҳои даргир оилаи онҳо ҳамроҳи ҳамдеҳагонашон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карда буданд. Марзия Холдорова нақл кард, ки 10 рӯз қабл аз Афғонистон тариқи гузаргоҳи Ишкошим ба Ватан баргашта, муваққатан дар яке аз биноҳои холии шаҳри Хоруғ истиқомат мекунад. Ғамзада буд, дар хоки Афғонистон шавҳар ва ду писараш вафот карда буданд. Ба хорию зории зиёде ҳамроҳи писари калониаш Меҳроб ва 3 наберааш ба Ватан бармегарданд.
– Мо азоби ғурбатро чашидем, – гуфт Марзия-хола. Ҳангоми ҷангҳои бемаънии солҳои аввали истиқлол оилаи мо дар қатори дигар ҳамдеҳагонамон ба Ҷумҳурии Афғонистон кӯч баст. Ба мо мегуфтанд, ки он ҷо мо дар ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ қарор мегирем ва аз ягон ҷиҳат танқисӣ нахоҳем дид. Вале дурӣ аз Ватан моро хеле азоб медод. Ҳар бор аз радио мешунидем, ки моро ба Ватан даъват мекарданд, пару бол мебаровардем, мехостем ба зодгоҳамон баргардем. Аммо онҳое, ки моро ба Афғонистон бурда буданд, омада мегуфтанд, ки ҳаргиз ёди Тоҷикистон накунед, ки шуморо дар он ҷо зинда намемонанд. Ин ки аз радио мешунавед, дом аст, фиреб аст, дар асл Ҳукумати нав шуморо чашми дидан надорад. Ҳамин тавр, шавҳарам, ду фарзандам дар ёди Ватан дар ғарибӣ ҷон доданд, дар хоки бегона дафн шуданд. Дигар тоқат намонду мо тариқи Бадахшони Афғонистон ҷониби Ватан роҳ гирифтем. Наздики 20 нафар аз ҳамдиёронамон пои пиёда ба роҳ баромадем. Аз мавзеъҳои ноамни кишвари Афғонистони ҷангзада шабона мегузаштем. Баъд аз 25 рӯз ба мавзеи Султонишкошими Афғонистон расидем. Вақте саргаҳи рӯдхонаи Панҷро дидем ва деҳаҳои Ишкошими Тоҷикистон ҳам намоён шуданд, кадоме гуфт: “Бародарон, ана Тоҷикистони худамон!”. Бо шунидани ин ном беҳуш шудам. Баъдан ҳис кардам, ки касе ба рӯям оби хунук мепошад, чашм кушода бинам, ки нафарони зиёде болои сарам истодаанд.
– Тарсондед моро, – гуфт Халили мӯйсафед, яке аз ҳамроҳонамон, – аз хастагӣ бошад, ҳеҷ гап не, ҳоло дар Ватан набошем ҳам, он дар рӯбарӯямон. худо хоҳад, пагоҳ пои худро рӯи хоки поки Ватан мениҳем.
Хушбахтона, рӯзи дигар мо аллакай дар хоки Тоҷикистон будем. Моро ҳамдиёронамон нағз қабул карданд, ҷой ва ғизо доданд...
– Чаро аз ҳуш рафтед, шояд бар асари хастагӣ буд? – пурсидам.
– Не, – гуфт холаи Марзия, – вақте кадоме Ишкошими Тоҷикистон гуфт, чашмонам пури ашк шуданд ва ин, албатта, сиришки шодӣ, шодии дидор аз Ватан буд, дигар чизеро дар хотир надорам. Фақат имрӯз аз он изҳори пушаймонӣ мекунам, ки чаро ба гапи баъзе одамони нопок даромада, Ватанро тарк карда будем ва боз чаро, вақте ки Сарвари кишварамон аз рӯзҳои аввали сари қудрат омаданашон моро ба Ватан даъват мекарданд, мо ба зудӣ ба Ватан барнагаштем, он вақт оилаамон шояд касеро аз даст намедод. Вале кори шуданӣ шуд, дигар чи илоҷ. Ба ҳамин ҳам ҳазорон бор шукр, ки имрӯз мо дар Ватани худамон ҳастему Ватанамон тинҷу ором аст.
Бале, ҳақ ба ҷониби холаи Марзия аст, аз оби чашмаю рӯдҳои Ватан ширинтар, аз хоку санги он азизтар, аз зодагони он маҳбубтар чизе нест, аммо ҳайҳот, он солҳо дар Ватан оташи ҷанг аланга мезад.
Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ пош хӯрд ва кишварҳо соҳиби истиқлол гардиданд. Чи неъмати бебаҳост Истиқлол! Ҳар як миллат дунболи ободии кишвар, эҳёи донаҳои гумшудаи гавҳари фарҳанги миллии хеш шуданд. Мардум иди ҳақиқӣ дошт, иди истиқлол. Мутаассифона, дар Тоҷикистон неруҳое рӯи кор омаданд, ки истиқлоли сиёсии кишварро ба манфиати худ истифода бурданӣ шуданд. Фаҳмиданд, ки сохти давлатдорӣ дигар мешавад, моликият хусусӣ мегардад, ба хотири вазифаҳои баланд, соҳиб шудан ба фабрикаю заводҳо на дунболи ободии Ватан, дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани обрӯи миллат, беҳбудии рӯзгори мардум, гирд овардани донагавҳарҳои фарҳанг, ки дар чангу гарди ҳаводиси таърих гум шуда буданд, рафтанд, балки бо силоҳ вориди майдонҳо шуданд. Онҳо тавонистанд дар як муддате мардумро аз дунболи хеш ба майдонҳо кашонанд. Оташи ҷанг торафт бештар дар минтақаҳои кишвар доман мезад.
Талаби аввалину охирини гирдомадагон пайваста истеъфои роҳбарони Ҳукумати Тоҷикистон буд, ҳарчанд медонистанд, ки корҳои давлатдорӣ танҳо дар доираи қонун ҳаллу фасл мегарданд. Бале, медонистанд, вале мурод баръало дигар ки буд, пайваста пойфишорӣ ва талабҳои ғайриқонунӣ мекарданд. На даъвати роҳбарони Ҳукумати ҷумҳурӣ, на суханони мардони хиради миллат, чизе сари роҳи гирдиҳамомадагонро гирифта натавонист. Душанбе ба майдони ҳарбу зарби мухолифин ва қувваҳои ҳукуматӣ табдил ёфт…
Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ҷонашонро дар хатар гузошта, ҷони ҳазорон тоҷикистониро наҷот дода, ваҳдати миллиро барқарор намуданд. Ҳазорҳо Марзияҳою Халилҳои хонабардӯши фирориро ба Ватан баргардонданд ва давлати тоҷиконро машҳури дунё карданд.
Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2022 №: 181 Мутолиа карданд: 550