logo

мулоқотҳо

96 нафар ба мақоми судя ва дигар вазифаҳо таъйин шуд

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди нафаронеро, ки ба мақоми судя ва вазифаҳои дигар дар мақомоти судии мамлакат таъйин шуданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин намудани 96 нафар ба мақоми судя ва дигар вазифаҳо дар мақомоти судӣ қироат шуд. Як қатор кадрҳои дигар бо сабабҳои гуногун аз вазифаҳо озод гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқона ва софдилонаи вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судӣ ҳидоят намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба 15 нафар бонуи имрӯз ба вазифаҳо дар мақомоти судӣ таъйиншуда, ба масъулони дахлдори сиёсати кадрҳо дастур дод, ки баҳри интихоби шумораи бештари занону духтарони лаёқатманд ва ба вазифаҳои масъул дар мақомоти давлатӣ пешбарӣ намудани онҳо тадбирҳои судбахш андешанд, то ки мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон минбаъд боз ҳам баланд бардошта шавад.
Аз 96 нафар 55 каси онҳо  бори аввал ба вазифаи судя таъйин шуданд. Тибқи талаботи қонунгузории мавҷуда ҳар каси бори аввал ба ин вазифа таъйиншуда дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон савганд ёд мекунад, ки матни расмии он чунин аст: «Ман тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона ва аз рӯйи виҷдон иҷро мекунам. Адолати судиро мутобиқи Конститутсия ва қонун ба амал бароварда, бо амри виҷдон, холисона ва одилона таъмин менамоям».
Боиси сарфарозӣ ва ҳам масъулияти бештари ин 55 нафар аст, ки савганди тантанавии судяро дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон ва дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ёд карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1874
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед