иҷтимоиёт
««ТОҶИКОН» - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». ОЗМУНЕ ДАР РОҲИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲИФЗИ ХОТИРАИ ТАЪРИХ
Шоҳасари бебаҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров роҳнамо барои ояндаи дурахшони миллат, инъикосгари таъриху тамаддун ва фарҳангу адаби халқи тоҷик буда, дорои аҳамияти баланди илмию таърихист. Дастранҷи академик на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ аз мақоми хоса бархӯрдор аст. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри «Тоҷикон» таърихи ин китобро оламшумул арзёбӣ карда, гуфтаанд: “Бобоҷон Ғафуров бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт».
Ба қавли таърихнигорон, аз замони аввали таҳаввулоти инсонӣ дар рӯи Замин қавми ориёӣ яке аз қавмҳои нахустин ба шумор рафта, дар ташаккул додани давлату давлатдорӣ, забон, расму анъанаҳо ва беҳбудии сатҳу сифати зиндагӣ пешсаф буданд ва тоҷикон бошанд, намояндаи ин қавми бузурганд. Манбаи боэътимоди дарёфти ин ҳама маълумот “Тоҷикон” аст. Дар ҳақиқат, ин асари безавол ба ҷаҳониён таъриху фарҳанг ва тамаддун ва адабиёти бемисли тоҷиконро бештар муаррифӣ кард. “Тоҷикон”-ро метавон ҳамчун шиносномае, ки аз рӯи он тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мо – тоҷикон огоҳӣ ёфтанд, шинохт.
Дар ҳамин ҳол Ҷалолиддини Сиддиқӣ, профессор, устоди Донишгоҳи Кобул, чунин назар дорад: “Китоби «Тоҷикон» асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст ва фарози нишебиҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бодиққати олимона баён доштааст”.
Академик Бобоҷон Ғафуров бо назари борикбинона ва дурандешии худ на танҳо таҳқиқу саҳми боарзиши худро на танҳо дар таъриху тамаддуни тоҷикон, балки ба дигар қавму миллатҳои Осиёи Миёна низ боқӣ гузоштааст. Равандҳои этникии дар натиҷаи ба ҳам омадани қавму қабилаҳо, ки дар навбати худ ба пайдо шудани дигар тоифа асос мегарданд, Бобоҷон Ғафуров дар китобаш доир ба якчанд қавмҳои Осиёи Миёна ба мисли нажоди турк ва ӯзбек маълумот овардааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Бобоҷон Ғафуров ба миён гузоштааст, мавзуи ҳиндуориёиҳо, ориёиҳо мебошад. Пас аз таҳлилҳои ҳамаҷониба ба чунин хулоса омадааст, ки Осиёи Миёна маркази ташаккулу густариши қавму қабилаҳои ориёӣ буда, давомдиҳандаи онҳо насли тоҷикон ба ҳисоб меравад. Барои исботи он, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва дорандаи қаламрави васеи Шарқ буданд, Бобоҷон Ғафуров аз китоби қадимаи гаронбаҳо “Авесто” бойгониҳои хаттӣ, асарҳои муаррихону ҷуғрофияшиносон, донишмандони илмҳои гуногун, васиқаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо истифода кардааст. Яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ профессори Донишгоҳи Ҳарвард, Ричард Фрай мақолаи таҳти унвони “Академик Б. Ғафуров ва “Тоҷикон”-ро навишта, ба китоб чунин баҳои баланд медиҳад: «Беназирии академик Б. Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ оид ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он “Тоҷикон” аст”.
Аз ин нуқтаи назар, бояд гуфт, ки нашри китоби «Тоҷикон» дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи худшиносии миллӣ мебошад. Пас аз як соли имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки ба мардуми кишвар ваҳдати миллиро ато намуд, бо иқдоми Сарвари давлат дар айёми таҷлили Ҷашни 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров (соли 1998) китоби гаронарзиши «Тоҷикон» нашр гардид. Баъдан, дар 100-солагии ин фарзанди фарзонаи миллат боз китоби «Тоҷикон» аз нав чоп гашт.
Иқдоми оқилонаи дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) ироа гашт. Сарвари хирадсолори мо ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд.
Дар пайи ин амр, асари бебаҳо – «Тоҷикон» бо сифати баланд, дар ҳаҷми 61 ҷузъи чопӣ, анқариб ҳазор саҳифа бо теъдод 1 миллиону 600 ҳазор нусха нашр гардид. Имрӯз оилае нест, ки дар хона китоби “Тоҷикон”- ро надошта бошад. Мушоҳидаҳоям нишон доданд, ки дар ҷевонҳои аксари хонаводаҳо аз ҳама аввал туҳфаи арзишманди Пешвои миллат- “Тоҷикон” гузошта шудааст. Ин далели он аст, ки мардуми Тоҷикистон ба гузаштаи пурғановати худ ва ташаббуси Пешвои миллат арҷ мегузоранд. Ҳамин иқдоми наҷибона буд, ки имрӯз тоҷиконхонӣ дар кишвар, махсусан дар идораву муассисаҳои давлатӣ, ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба андешаи Сабзалӣ Асоев, мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, “Тоҷикон” нишон медиҳад, ки мо халқи дорои таърихи пурифтихор, чӣ гуна мушкилотро дар масири таърих аз сар гузарондем. Ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо маҳз дар такя ба таҷрибаи таърихии хеш ва канорагирӣ намудан аз хатоҳои дар масири таърих ва давлатдориҳои гуногун мавҷуд буда, комил гаштем. Иқдоми Роҳбари давлат моро ҳушдор месозад, ки ба қадри ин марзу бум бирасем ва барои дарки ин ҳама неъмат сарфаҳм биравем.
Озмуни ҷумҳуриявие, ки соли оянда ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони халқи тоҷик, аллома Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор мешавад аз ташаббусҳои дигари Пешвои миллат ба шумор мераванд.
Доир ба муҳимият ва ҳадафи баргузории Озмуни мазкур муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ Сайидмуҳаммади Бобоҷон чунин гуфт: “Мақсади барпо намудани Озмун баланд бардоштани савияи дониши таърихии ҷомеа, хусусан ҷавонону наврасон, мутахассисони дигар риштаҳои илм ва кормандон ба ҳисоб меравад, ки аз давраҳои рушди халқи тоҷик ва зинаҳои ба сифати миллат ташаккулёфта огоҳ бошанд. Аз таърихи дуру дароз ва маданияту фарҳанги пурғановати офаридаи халқи худ шиносоӣ пайдо намоянд”. Воқеан, дар шароити кунунӣ, яъне замоне ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, доир гардидани чунин Озмун аҳамияти бузург дошта, ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа таъсири мусбии худро хоҳад расонд.
Латифабону РУСТАМЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2022 №: 181 Мутолиа карданд: 574