logo

Хабарҳо

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Мир24. Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар дод, ки Беларус ва Чин расман шарикони ҳамаҷониба ва стратегӣ шуданд. Ин  маънои онро дорад, ки кишварҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ҳамдигарро дастгирӣ хоҳанд кард. На рӯзномаи байналмилалӣ ва на вазъи дохили кишвар ба ин таъсир намерасонад, ҳамкориҳои Чин тақрибан тамоми соҳаҳо, пеш аз ҳама, саноат ва технологияи рақамиро фаро мегиранд.
Барои Беларус Чин пас аз Россия дуюмин шарики тиҷоратӣ мебошад. Дар мулоқоти охири раҳбарони ду кишвар тасмимҳои стратегӣ қабул шуданд. Онҳо ба саноати автомобилсозӣ, истеҳсоли нуриҳои калий ва масъалаҳои молиявӣ дахл доранд. Вазифаҳои ояндаи наздик тезондани ҳамкориҳои технологӣ ва сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкориҳои байни минтақаҳо мебошанд.
 
 
 
Таҳримҳо, терроризм, ҷанг пайомадҳои натиҷаи амалҳои якҷонибаанд
 
Синхуа. Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, ки таҳримҳо, терроризм, ҷанг ва хунрезӣ пайомадҳои натиҷаи амалҳои якҷониба ҳастанд. Дар ин бора агентии ИРНА хабар додааст.
Иброҳим Раисӣ дар фурудгоҳи Ню-Йорк, ки барои ширкат дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид омадааст, бо хабарнигорон суҳбат кард.
Президенти Эрон таъкид намуд, ки СММ бояд созмони на танҳо қудратҳои бузург, балки тамоми миллатҳо бошад ва афзуд, ки аз имкониятҳои иҷлосия истифода бурда, мавқеъ ва дидгоҳи Эронро муаррифӣ хоҳад кард. Ӯ иброз дошт, яке аз мушкилоти ҷаҳоние, ки метавонад дар ин нишаст баррасӣ шавад, ин аз тарафи баъзе аз кишварҳои абарқудрат истифода бурдани таҳримҳо барои фишор овардан ба давлатҳои дигар мебошад, ки ин хилофи сулҳу амният аст.
Иброҳим Раисӣ афзуд, ки терроризм, ҷангу хунрезӣ низ мушкилоти ҷиддие ҳастанд, ки бояд бо хиради дастаҷамъӣ ҳал шаванд.
 
 
 
Даъвати СММ аз роҳбарони кишварҳо
 
Синхуа. Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ Чаба Короши изҳор намуд, дар шароите, ки ҷаҳон бо буҳронҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад, афзалият додан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ аз ҳарвақта дида муҳимтар  аст.
"17 ҳадафи ҷаҳонӣ рӯйхати корҳои мост. Онҳо бояд рӯйхати корҳои ҳамаи роҳбарони дар ин толорбуда шаванд. Мо он одамоне ҳастем, ки метавонем ин феҳристи корҳоро барои тамоми ҷаҳон анҷом диҳем",- гуфт Чаба Короши дар чорабинии солонаи сатҳи баланд бахшида ба Ҳадафҳои Рушди Устувор.
Раиси Маҷмаи умумии СММ зикр кард, ки пандемияи COVID-19 рушди ҷаҳониро суст кардааст, аммо ин "баҳонаи беамалӣ" шуда наметавонад. Ҳоло мо бояд суръатеро, ки бар асари пандемия ва беамалии худ аз даст додаем, дубора барқарор намоем.  
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4420
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед